БА ҲАР ЯК ОМӮЗГОР ИМТИЁЗ ЛОЗИМ

Солҳои охир ба масъалаи баланд бардоштани нуфузи омӯзгор бисёр ҳарф мезананд.

Солҳои охир ба масъалаи баланд бардоштани нуфузи омӯзгор бисёр ҳарф мезананд. Дар ин бора як қатор корҳои муайян низ амалӣ гардиданд. Метавон гуфт, ки баланд бардоштани обрӯйи муаллим ба якчанд омил вобастагӣ дорад. Дар баробари зиёд кардани малака, дониш, маданият омӯзгорро аз ҷиҳати моддӣ низ бояд дастгирӣ намуд. Зеро мувофиқи меҳнат маош нагирад, маҷбур мешавад, ки мувофиқи маош меҳнат кунад. Меҳнати сарсарӣ, бо дили нохоҳам кор кардани омӯзгор ба коҳиш ёфтани сифати таълим ва паст шудани обрӯйи ӯ оварда мерасонад.
Дар ёд дорем, тайи чанд соли сипаришуда барои муаллимон имтиёзҳои зиёде мавҷуд буданд. Аз ҷумла, онҳо ба ҳуқуқи пардохти 50 фоизи хидматҳои коммуналӣ (об, газ, барқ, андози молу мулк ва ғайра) соҳиб буданд. Ба омӯзгорони эҳтиёҷманд замин ҷудо карда мешуд. Соли 2004 ба ҳамаи ин гуна имтиёзҳо хотима дода шуд. Илова бар ин, онҳоро меҳнату пардохтҳои маҷбурӣ, ҳуҷҷатсозӣ, санҷишҳои беҳуда азият медод. Ҳатто барои консерти санъаткорони ҷавони навбаромад  маҷбурӣ чиптаҳо мефурӯхтанд.
Баҳри бартараф намудани мушкилоти мавҷуда қарори Президент «Дар бораи чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани сохти таълиму тарбия, ҷавононро аз ҷиҳати маънавӣ, ахлоқӣ ва ҷисмонӣ баркамол тарбия намудан» ба имзо расид. Дар қарор доир ба баланд бардоштани нуфузи педагог-муаллимон як қатор имтиёзҳо пешбинӣ шуда буд. Зиёд намудани маоши омӯзгорон, педагог-кадрҳои намунавиро аз ҳисоби фонди директор рағбатнок кардан, ба омӯзгороне, ки хонандагони онҳо дар озмунҳои фаннии ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ ҷойҳои сазоворро ишғол намудаанд, додани мукофотпулӣ, барои сиҳҳатии худро барқарор кардани педагогҳое, ки баҳри рушди таълим ҳисса гузошта, ба мукофотҳои давлатӣ сазовор шудаанд, додани роҳхатҳои имтиёзнок, дар асоси лоиҳаи намунавӣ бо нархи арзон ҷудо кардани хонаву ҷой, бобати ба роҳ мондани фаъолияти соҳибкорӣ, харидани автомобил ва ғайра ҷудо кардани вомҳои ипотекӣ аз он ҷумлаанд. Аксарияти пешниҳодҳои дар қарор ҷойдошта то имрӯз иҷро нашудаанд. 

Маош зиёд шуд, аммо...

Ҳақиқатан ҳам маош зиёд шуд, омӯзгорон аз ин мамнун. Аммо, кам шудани соатҳои дарсиро ҳеч кас ба назари эътибор намегирад. Аз ҷумла, фанҳои филология ба 11 соат, иҷтимоӣ ба 1 соат, фанҳои амалӣ ба 4,5 соат кӯтоҳ карда шуд, ки ин сабаби норозигии муаллимон гардид. Як ставка соати дарси омӯзгори синфҳои ибтидоӣ 1,900 363 сӯм (агар ӯ дорои маълумоти олӣ бошад) аст, омӯзгори тоифаи олии синфҳои ибтидоӣ 2 млн.614 844 сӯм мегирад. 
Аксарияти муаллимон талаб мекунанд, ки аз фанҳо ба мисли атрофу муҳит, одобнома, технология  низ бояд роҳбари синф дарс гузарад. Кӯтоҳ шудани дарсҳо ба омӯзгорони забон ва адабиёт низ таъсири калон расонд.
– Дар асоси нақшаи соли хониши нав фанҳои забон ва адабиёт дар синфҳои 5 аз 9 соат ба 6 соат, дар синфи 6 аз 7 ба 5, дар синфҳои 8-9 аз 5 ба 4, дар синфҳои 10-11 аз 4 ба 3 соат кӯтоҳ карда шуд, – мегӯяд омӯзгори самарқандӣ Гулрух Абдумаликова,– ин дигаргунии эҳсосшаванда аст. Агар пеш муаллим ба 18-20 соат 2,5-3 млн. маош гирифта бошад, соли ҷорӣ сарфи назар аз он донишу таҷрибаи кофӣ дорад, бо 14-15 соат дарс таъмин карда шуд ва ҳоло маошаш дар атрофи 2 млн. мебошад. Ҳама ҳам бо ин миқдор маблағ аробаи рӯзгорро кашида наметавонад.
Чаро фармон иҷро намегардад?

Дар оилаи омӯзгороне, ки 2-2,5 млн. маош мегиранд, фарзандони дар асоси шартнома таҳсил мегирифтагӣ низ ҳастанд, онҳо ба хонаву ҷо ва шароити хуб эҳтиёҷ доранд. Маоши омӯзгор зиёд шуда бошад ҳам, соатҳои дарсиаш кам шуд ва ин, албатта, ба маош низ таъсир мерасонад. Ин аст, ки омӯзгорони бомалака ва ҷавон аз кор рафтанд. Чӣ тавре ки дар боло таъкид намудем, омӯзгорон бо саволи дар асоси қарори Президент барои хариди хонаву ҷой ва автомобил воми имтиёзнок кай дода мешавад, муроҷиат мекунанд. Гуфтан бамаврид аст, ки соли 2019 бахшида ба рӯзи муаллимон аз ҷониби ширкати «Ӯзавтомоторс» дар асоси шартномаи имтиёзнок имконияти харидани автомобил дода шуда буд. Дар чаҳорчӯбаи ин аксия 6 325 нафар омӯзгорони мактабҳои тасарруфи Вазорати таълими халқи ҷумҳурӣ соҳиби автомобил шуданд. Инчунин, ба омӯзгороне, ки хонандагонашон дар озмунҳои фаннии ҷумҳурӣ  ва байналхалқӣ ғолиб омадаанд ва ба ғолибони озмуназназаргузаронии «Муаллими беҳтарини сол» мукофотҳои пулӣ дода шуданд. Ин нишондиҳандаҳо албатта, хурсандибахшанд. Аммо дар ҷумҳурӣ 9 942 то мактаби таълими умумӣ мавҷуд ва дар онҳо 444 788 нафар омӯзгор фаъолият дорад. Ҳамаи онҳо мехоҳанд дар ин аксия иштирок намоянд, аммо ин имтиёз ба талабгорон камӣ мекунад.
Саволе ба миён меояд. Чун пештара пардохтҳои имтиёзнок аз газ, об, барқ ва ҳоказо оё ҷорӣ карда мешаванд? Квотаҳои иловагие, ки барои ба муассисаҳои таълими олӣ дохил шудани фарзандони ҳарбиён дода шудааст, ба фарзандони омӯзгорон низ ҷорӣ карда шавад, хуб мешуд. Айёми таътил барои истироҳати хуби муаллимон ба оромгоҳ ва шифохонаҳо додани роҳхатҳои имтиёзнок  ба роҳ монда шавад, омӯзгор ба касби худ боз ҳам дилгарм шуда, барои баланд бардоштани мавқеи худ саъю кӯшиш мекунад.
Пӯшида нест, ки омӯзгор ба таътил барояд ҳам, ба дунболи таъмир, ҷиҳози мактабу синф ва дигар корҳои майда-чуйда мегардад. Барои чӣ чунин корҳоро ба масъулон супурда ба оромгоҳ, шифохона ё марказҳои солимгардонӣ рафта истироҳат намекунад?
Бо муаллимае суҳбат оростам, ки 26 сол собиқаи корӣ дорад. Дар давоми ин солҳо танҳо як маротиба дар истироҳатгоҳ дам гирифтааст. Таътили ӯ ба моҳҳои тобистон рост меояд. Дар ин моҳҳо аксарияти муаллимон ба таътил мебароянд. Дар ин вақт роҳхат гирифтан ба оромгоҳҳо кори осон нест.
Баробари баланд бардоштани обрӯйи омӯзгор дар ҷамъият, ба мактаб ҷалб намудани омӯзгорони мард низ мавриди назар аст. Ба рақамҳои статистика эътибор медиҳем. Дар соли хониши 2016-2017 дар мактабҳои таълими умумӣ 148 695 нафар муаллимони мард фаъолият бурда бошанд, дар соли хониши 2017-2018 ин миқдор ба 120 336 нафар кам шуд. Соли хониши 2018-2019 дар натиҷаи ислоҳоти соҳаи таълими халқ, зиёд шудани маоши муаллимон ва аз меҳнати маҷбурӣ озод намудани онҳо зиёд шудани шумораи муаллимони мард таъкид гардид. Барои ба мактаб баргардондани онҳо чӣ гуна имтиёзҳо лозим?
– Аксарияти омӯзгорони мард намехоҳанд фарзандашон касби онҳоро интихоб намоянд. Чунки маоши омӯзгор ба таъмини рӯзгор, хӯрок, сару тани фарзандон намерасад. Меҳнати омӯзгор аз меҳнати роҳбароне, ки дар идораҳои давлатӣ кор карда маоши зиёд мегиранд, баланд аст, ки кам нест. Барои марди хона, ки сарвари оила аст, ин маош камӣ мекунад, – мегӯяд омӯзгори мактаби рақами 21-уми ноҳияи Янгиқӯрғон Искандар Ғозихӯҷаев. – Аз номи муаллимони мард ба лоиҳаи фармони Президент лозим донистам таклифҳои худро пешниҳод намоям: омӯзгорони мард аз синни 55 бояд ба нафақа бароянд; барои хариди автомобил ва хонаву ҷо воми имтиёзнок дода шавад; пардохти 50 фоизи хидматҳои коммуналӣ; ба фарзандони омӯзгорони серфарзанд барои дохил шудан ба донишкадаву донишгоҳҳо квотаҳои имтиёзнок дода шавад.
Назар ба таъкиди роҳбари давлат, чи тавре ки омӯзгор дар ҷамъият шахси бузург ба шумор меравад, тарзи зиндагӣ, имтиёз, аз кори худ мамнун будани ӯ низ бояд  мадди назар бошад. Алҳол лоиҳаи фармони Президент «Дар бораи чорабиниҳои иловагӣ доир ба рушду такомули илму фан ва низоми таълиму тарбия дар мамлакат» аз ҷониби аҳли ҷомеа ба таври васеъ муҳокима карда мешавад. Умед аст, ки ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи зиндагии омӯзгорон низ эътибор дода мешавад.                       

Зулола МАДАДОВА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: