СИННИ ТОМАКТАБӢ – ДАВРАИ МУҲИМТАРИНИ ҲАЁТИ КӮДАК

Муроҷиатномаи имсолаи роҳбари давлатамон ба Олий Маҷлис ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакатро дар бар мегирад.

Муроҷиатномаи имсолаи роҳбари давлатамон ба Олий Маҷлис ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакатро дар бар мегирад. Он самтҳои асосии ҳаёти сокинони кишвари моро муайян намудааст.
Ин суханони Президент: «Ӯзбекистони нав аз остонаи мактаб, аз низоми таълиму тарбия оғоз меёбад», дар қатори омӯзгорони дигар манро низ, ки дар муассисаи таълими томактабӣ чун тарбиятгар кор мекунам, ба андеша водор намуд.
Ояндаи Ӯзбекистони нав ба дасти насли солиму донишманд, мустақиландеш ва ҳаматарафа ривоҷёфта мебошад. «Илм дар ҷавонӣ нақш дар санг аст» мегӯянд. Зеҳни кӯдак ба мисли як коғази тоза мебошад. Ба рӯйи он чӣ навишта шуданаш ба тарбиятгару омӯзгор вобаста аст.
Сарвари мамлакат ба ҳамин маънӣ дуруст таъкид намудааст: «Давраи муҳимтарини ҳаёти кӯдак синни томактабӣ мебошад, ки дар ин давр фаъолияти зеҳнӣ дар ӯ инкишоф меёбад, ғояҳои ахлоқӣ ва эстетикӣ ташаккул меёбанд».
Дар Муроҷиатнома омадааст, ки то соли 2023 фаро гирифтани кӯдакон ба муассисаҳои таълими томактабӣ 75 фоизро ташкил хоҳад дод. Бешубҳа, ин фарогириҳо сохтани кӯдакистонҳои замонавии давлатӣ ва ғайридавлатиро тақозо менамояд. Барилова, солҳои баъдӣ боз ҳам зиёд кардани маоши тарбиятгарон ва омӯзгорони муассисаҳои таълими томактабӣ ва таҳсилоти ҳамагонӣ дар назар дошта шудааст. Шоири классики тоҷик Сайидои Насафӣ хеле хуб фармудааст:
Бе мураббӣ зери гардун мӯътабар 
натвон шудан,
Моҳи навро рафта-рафта чарх 
оламгир кард.
Кӯдакон ба хиштҳои аз қолиб рехта монанданд, агар мураббӣ ва омӯзгор ин хиштҳоро дуруст чинад, девори ҳаёт каҷ намешавад, халқ ба зиндагии бароҳат мерасад.
Ба лавҳи дили бегарду ғубори кӯдакон ҳарфи муҳаббат ба падару модар, хешу ақрабо, ҳамдиёрон, Ватан ва аҳли дунё навиштан ва ба онҳо асосҳои илмро амиқ омӯхтан кори мураббӣ ва омӯзгорон мебошад.
Ҳоло яке аз талабҳои замон ба насли наврас омӯзондани забонҳои хориҷӣ аст. Ба роҳ монда шудани таълими забонҳои хориҷӣ дар боғча нишонаи хуб аст. Умуман, барномаҳои таълимии кӯдакистонҳо ва мактабҳоро бояд тавре ба роҳ монд, ки насли ҷавон баъди хатми мактаб бо забонҳои хориҷӣ фикрашонро озод баён карда тавонанд. Таҷрибаи солҳои пеш нишон медиҳад, бо вуҷуди он ки омӯзгорон кӯшиши зиёд мекарданд, дониши хонандагон аз ин фанҳо суст буд, баъди хатм кардани мактаби миёна фикрашонро бо забонҳои хориҷӣ озод баён карда наметавонистанд
Кӯдакистони деҳаи мо дорои 75 ҷой буда, аз се гурӯҳ – «Бунафша», «Садбарг» ва «Ҷавонон» иборат аст. Аксарияти занону духтарони деҳаи мо хонанишинанд. Бо вуҷуди ин, онҳо кӯдаконашонро мехоҳанд ба кӯдакистон диҳанд. Аммо дар ин ҷо кат, кӯрпаю болин, мизу курсӣ намерасанд. Аёниятҳо, дастурҳои методӣ ва китобҳои бачагона ба забони тоҷикӣ хеле каманд.
Фикр мекунам, ки мувофиқи талаби замон такмили донишу малакаи тарбиячиён ва омӯзгоронро ба роҳ мондан лозим. Бояд аз баҳри ба номаш «донишу малакаи худро зиёд кардан»-и мутахассисон баромад. Ин худфиребӣ мебошад. Дар Муроҷиатнома таълими кӯдакони имконияташон маҳдуд низ аз назари роҳбари давлат дур намондааст. Бале, онҳо низ узви комилҳуқуқи ҷамъияти моянд, аз ин рӯ, аз гирифтани дониш ва саводомӯзӣ набояд маҳрум гарданд.

Сайёра МУРОДОВА,
тарбиятгари кӯдакистони рақами 17-уми ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: