МАРҲАМАТ, БА АНҶИРИ БОҒИБАЛАНД!

Бо салоҳдиди сарвари давлатамон Самарқанди бостонӣ ба маркази сайёҳӣ табдил ёфта, барои меҳмонон сайри анҷирзори Боғибаланд низ пешбинӣ шудааст.

Бо салоҳдиди сарвари давлатамон Самарқанди бостонӣ ба маркази сайёҳӣ табдил ёфта, барои меҳмонон сайри анҷирзори Боғибаланд низ пешбинӣ шудааст.
Таърих гувоҳ аст, ки соҳибқирон Амир Темур баъди пойтахт эълон кардани Самарқанд ғайр аз бунёди иншоотҳои мӯҳташам ба ривоҷи хоҷагии қишлоқ, алалхусус боғдорӣ аҳамияти калон дод. Маҳз дар солҳои ҳукмронии ӯ дар ҳама гӯшаву канори пойтахташ боғҳои биҳиштосо пайдо шуданд. «Боғи Фирӯза», «Боғи майдон», «Боғи зоғон», «Боғи дилкушо», «Боғи биҳишт», «Боғи баланд», «Боғи тилло» ва ғайра далели фикри мост, ки то имрӯз арзи вуҷуд доранд. 
Он давр дар ҳудуди минтақаи ҳозираи Боғи Майдон ба парвариши анҷир пардохтанд. Ин бесабаб набуд. Боғи баланд дар пастии адирҳои Чӯпонато ҷойгир буда, шамоли форам аз ҷониби дарёи Зарафшон вазида, ҳаворо муътадил ва аз гармселу боришҳои сершиддат, инчунин дигар гуна офатҳои табиат набототро нигоҳ медорад. Шояд аз ҳамин сабаб, асрҳо инҷониб Боғи баланд макони анҷир аст.

Олими садоқатманд

Чанде пеш фарзанди Боғи майдон Талъат Абдуллоев, ки муаллифи чанд китоб аст, бо номи «Анҷири Самарқанд» асари ҷолиби диққат навишт, ки ба се забон дар нашриёти «Turon-iqbol» чоп гардид. Дар он оид ба пайдоиш, парвариши хусусияти он маълумотҳо фароҳам оварда шудааст, ки барои мухлисони ин соҳа ниҳоят муфид аст. Чуноне ки дар китоб қайд шудааст, ватани анҷир Осиёи Марказӣ, Ҳиндустон, Эрон мебошад. Он ба воситаи қаламча сабзида, баъди 2-3 сол ҳосил медиҳад. Баландиаш то 5-10 метр расида, мевааш мурӯдшакл ё кулчамонанди зарду сабз ва бунафшранг аст. Аҷибаш дар он, ки анҷир соле ду маротиба ҳосил медиҳад. Ҳосили якум хокӣ ном дошта, дар моҳҳои июн-июл ва дуюмаш токӣ буда, дар моҳҳои август-сентябр мепазад. Боғбонони соҳибтаҷриба аз ҳар бех 50 ва ҳатто 100 кило ҳосил мегиранд. Самарқандиён онро дар шакли тар, хушк ва мураббо истеъмол мекунанд, ки хуштамъу серғизост. Дар тибби халқӣ мева, реша ва барги онро дар табобати касалиҳои гуногун истифода мебаранд. Адиб Болта Ортиқов (руҳаш шод бод!) бо анҷирпарварӣ машҳур буд. Ҳар гоҳ аз Душанбешаҳр устодон Сотим Улуғзода, Фазлиддин Муҳаммадиев, Фотеҳ Ниёзӣ, Шодон Ҳаниф ва дигарон ба Самарқанд ташриф оваранд, албатта дар ҳавлии Болта Ортиқов маъракаи анҷирхӯрӣ ба вуқӯъ мепайваст.
Ҳоло шогирди садоқатманди ӯ Тошқул Азимзода дар як сол ду маротиба дар идораи рӯзномаи «Овози Самарқанд» анъанаи неки устодашро идома медиҳад.
Марҳамат, ба сайри анҷир!
Ҳоло дар тасарруфи хоҷагии фермерии «Анҷири Боғи баланд» беш аз 40 гектар майдон буда, асосгузори он боғбони асил раҳматӣ Тошпӯлодбобо Қудратов буд. Вай ҳамчун сардори бригада беист дар як вазифа фаъолият бурда, дар чанд анҷумани бонуфуз ширкат варзида, бо ордену медалҳои Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардидааст.
–  Агар хотираам фиреб надиҳад, соли 1988 буд, –  дар китоби «Анҷири Самарқанд» навиштааст Талъат Абдуллоев, –  ба бригадаи Тошпӯлодако омадам, ки ҳама дар қуттиҳои махсус бо чидани анҷир машғуланд. Маълум шуд, ки самарқандиён барои иштирок дар шаҳри Маскав ба намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи Иттиҳоди Шӯравӣ тайёрӣ мебинанд.
–  Бегоҳӣ чанд нафар парвоз мекунем, –  аз нигоҳам рамуз гирифта фаҳмонд Тошпӯлод Қудратов, –  мардуми пойтахт ба анҷир дилбастагӣ доранд.
Воқеан, на танҳо меҳмонону мизбонони Маскав, инчунин арбобони давлатӣ ин меваро дӯст медоранд. Собиқ роҳбарони Ӯзбекистон Шароф Рашидов, Рафиқ Нишонов, Инъомҷон Усмонхӯҷаев, Ислом Каримов, адибони номдор Ғафур Ғулом, Мирзо Турсунзода, Вадим Кожевников, Зулфия, Абдулло Қаҳҳор ва дигарон аз анҷири Боғи баланд баҳраманд гардидаанд.
Соли гузашта бо ташаббуси ҳокимияти Самарқанд тадбири «Сайри анҷир» дар мавзеъи Боғи баланд ҷорӣ гашт. Акнун натанҳо самарқандиён, инчунин сайёҳон ба ин гӯшаи ҷаннатмонанд ташриф фармуда, натанҳо аз меваҳои шаҳдбори он баҳраманд мешаванд, балки, ба парвариши дарахт шинос, бо боғбонон сӯҳбат хоҳанд кард. Мо аз номи мизбонон хитоб мекунем: «Марҳамат ба анҷири Боғи баланд!».

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: