Чанде қабл маҷлиси ҳисоботии Шӯрои адабиёти тоҷик дар назди Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон баргузор шуд.
Дар он, аз ҷумла, ҳисоботи узви Шӯро зери номи «Насри бадеӣ ва публитсистика» шунида шуд, ки ҳоло пешкаши хонандагони рӯзнома мегардад.
Мегӯянд, ки ҳар он чӣ собиқа дорад, оянда низ дорад. Аз ин дидгоҳ, дар Ӯзбекистони кунунӣ адабиёти форсии тоҷикӣ, аз он ҷумла, насри бадеӣ ва публитсистика бе собиқа нест.
Адабиёти навини тоҷик дар ин марзу бум аз ибтидои садаи ХХ оғоз меёбад. Вале шоиру нависандагони тоҷик то садаи ХХ низ осори бадеӣ офаридаанд. Беҳтарин намунаҳои насри бадеӣ – қиссаву ҳикоёти «Калила ва Димна», «Самаки айёр», «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт», «Ҳазору як шаб» тӯли асрҳо аз ҷониби нависандагони ин сарзамин мавриди омӯзиш ва гирумон қарор гирифтаанд.
Роману қисса ва ёддоштҳои мондагори поягузори адабиёти навини тоҷик, устод Садриддин Айнӣ – «Одина», «Ятим», «Дохунда», «Ғуломон», «Мактаби куҳна», «Марги судхӯр», «Ёддоштҳо» дар Самарқанди бостонӣ тавлид шудаанд. Ҳамчунин, нависандагони саршиноси тоҷик Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Фазлиддин Муҳаммадиев, Болта Ортиқов, Саттор Турсун, Иноят Насриддин, Мутеъулло Наҷмиддинов, Шодон Ҳаниф, Адаш Истад, ки зодаву парвардаи ин диёранд, бо таълифоти хеш ба рушди насри тоҷик саҳми назаррас гузоштаанд.
Устод Адаш Истад имрӯз низ дар Самарқанд бо эҷоди осори бадеӣ машғул аст. Соли сипаригардида нашриёти «Адиб»-и Тоҷикистон китоби ӯ «Парастуҳои Регистон»- ро, ки шеър, ҳикояву афсона, ду асари саҳнавӣ ва осори публитсистиашро дар бар гирифтаанд, ба хонандагон пешниҳод намуд.
Роҳбари давлатамон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба адабиёт ва аҳли адаб ҳусну таваҷҷуҳи зиёд дорад. Бо ташаббуси ӯ бинои нави замонавии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон сохта, ба истифода дода шуд. Бунёди боғ дар атрофи ин бинои муҳташам ва қад афрохтани пайкараҳои адибони саршиноси кишвар як рӯйдоди фарҳангӣ буд. Чанде қабл аз нав таъсис ёфтани Шурои адабиёти тоҷикро дар назди Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон аҳли адаб ва фарҳанги ҷумҳурӣ чун фоли нек хуш пазируфт.
Адибони ҳавзаи адабиёти тоҷики Ӯзбекистон дар солҳои ҳафтодуму ҳаштодуми садаи ХХ дар пайравӣ ба устодони каломи бадеъ ба рушди насри бадеӣ ва публитсистика то ҷое саҳм гузоштаанд. Насли нисбатан ҷавони адибон: Аминҷон Шукуров, Чоршанбеи Деҳнавӣ, Норқул Шукуров, Бекназар Тӯйназаров, Бахтиёр Ҷумъаев, Солеҳ Саид Мурод, Муҳаммадҷон Шодӣ бо қиссаву ҳикояҳои ҳаҷман хурду бузурги худ дар ташаккули насри ҳавзаи мазкур ҳисса гузоштанду мегузоранд. Далели ин гуфта китоби қиссаву ҳикояҳои онҳо – «Бори дил», «Дар кӯчаҳои шаҳр» (Б. Тӯйназаров), «Хандахариш», «Гап байни худамон монад», «Савғо», «Доруи дарозумрӣ», «Гиреҳи армон», «Қалами сурх», «Ҳаҷи пиёда», «Мошкичирӣ», «Чӣ бояд кард», «Дардханда» (Б. Ҷумъаев), «Суҳбат боқӣ», «Қиссаҳои Гулобӣ», «Андешаҳо дар танҳоӣ» (Солеҳ Саид Мурод) мебошад, ки дар нашриётҳои Ӯзбекистон рӯйи чопро дидаанд.
Нависандагони ҳавза ба жанрҳои ҳаҷман бузург низ даст зада истодаанд, ки ҳодисаи хурсандибахш аст. Муҳаммадҷон Шодӣ адиби зуллисонайн мебошад. Таълифоташро ба забонҳои тоҷикиву ӯзбекӣ анҷом медиҳад. Аз қиссаву романҳои ӯ «Коломбо дар Тошканд», «Зиндагӣ зӯр аст», «Таърихи як куштор», «Ҷазо», «Арҷманд», «Шоҳаншоҳ» ва «Осмон баланд» порчаҳо дар рӯзномаи «Овози тоҷик» ва дигар нашрияҳо чоп шудаанд. Оиди ҳаёти оилавии бузургони олами адабиёт ва санъат як силсила мақолаву ҳикояҳо навишт, ки нашриёти «Шарқ» онҳоро дар шакли китоби алоҳида зери номи «Қалбҳои оғушта ба нур» ба забони ӯзбекӣ чоп кард.
Насри бадеӣ ва публитсистикаи ҳавза, баъди дастрасии ҷумҳурӣ ба истиқлол, рӯ ба инкишоф ниҳод. Даврони истиқлол ба ҳама соҳаҳо, аз ҷумла, ба соҳаи адабиёт низ такони нав бахшид, ба қавле, нируҳои хуфтаро бедор кард.
Як зумра адибони соҳибтаҷриба ва ҷавон ба мисли Юнуси Имомназар, Шариф Халил, Фаридуни Фарҳодзод ва дигарон бо диду нафаси тоза вориди майдони адабиёт гардиданд. Юнуси Имомназар романеро бо номи «Сабзу сурх» ба дасти чоп дод. Қиссаву ҳикояҳои ӯ: «Ҷоми саргардон», «Аз санг сахт, аз гул нозук», «Марзи умед», «Се барги сабз» (муаллиф се нафар: Шариф Халил, Юнуси Имомназар ва Фаридуни Фарҳодзод) низ, ки дар нашриётҳои пойтахт чоп шудаанд, мавзӯъҳои муҳими рӯзро дар бар гирифтаанд.
Шариф Халил аз нависандаҳои хушқареҳаи ҳавза аст. Ҳикояҳояш банду басти қавӣ ва ҷозибаи ба худ хос доранд. Аз гирумонаш пайдост, ки ӯ аз нозукиҳои насри Аврупо, рус ва қадиму ҷадиди тоҷик бархурдор аст. Китоби қиссаву ҳикояҳои ӯ – «Дар пешонии кӯҳи баланд», «Ширмолаҳои маҳтобӣ» ва «Се барги сабз», ки тӯли солҳои охир ба дасти хонанда расидаанд, ин гуфтаро собит менамоянд.
Нависандаи ҷавони умедбахш – Фаридуни Фарҳодзод талаботи жанри ҳикояро ба таври кофӣ аз худ намудааст. Ба масъалагузорӣ дар ҳикоя, ки яке аз талабҳои асосии ин жанр маҳсуб мешавад, эътибори ҷиддӣ медиҳад. Хонанда вақте китобҳои солҳои охир интишордодаи ӯ: «Се барги сабз» ва «Шаби ялдо»- ро мутолиа менамояд, ба ин гуфта боварӣ ҳосил мекунад.
Аз чӣ бошад, ки бонувони тоҷик ба наср кам муроҷиат менамоянд. Аксарият шеър менависанд. Дар Тоҷикистон низ бонувони насрнавис ангуштшуморанд. Фикр мекунам, дастгирӣ ва рағбатнок кардани онҳо ба насри бадеӣ натиҷаи матлуб мебахшад. Зеро онҳо дунёи занонро хуб дарк менамоянд.
Дар ҳавзаи адабиёти тоҷики Ӯзбекистон аз ҷинси латиф ҳамагӣ чор нафар – Маҳбуба Турсунова, Маҳбуба Неъматзода, Саодат Рӯзиева (Бекназарова) ва Малика Ҷумъазодаро медонем, ки бо ҳикоянависӣ сарукор доранд. Маҳбуба Неъматзода асосан барои хурдсолон шеърҳои дилнишин меофарад. Ҳамчунин аз китобҳои интишордодаи ӯ ҳикояҳои барои хурдсолону бузургсолон навиштааш низ ҷой гирифтаанд.
Ҳикояҳои Маҳбуба Турсунова, ки қисмате аз онҳо ҳаҷвианд, дар шакли китоб таҳти номҳои «Савдои мушкил», «Аҷаб мардумоне», «Хазинаи ханда» ба дасти хонанда расидаанд.
Саодат Рӯзиева дар ибтидо бо тарҷума сарукор дошт. Ҳикояҳои нависандагони ӯзбек Гулчеҳра Сотиболдиева, Муяссар Тилавова, Ҳалима Аҳмедова ва дигаронро бо маҳорати ба худ хос ба забони тоҷикӣ баргардондааст. Дертар худ низ ба навиштани ҳикоя шурӯъ намуд.
Хонандагони «Овози тоҷик» бо ҳикояҳои ӯ «Момо», «Зоча», «Тахти бахт», «Торикӣ», «Болори ҷуфт», «Модарандар», «Ман ёд кардам, оча», «Лӯлизан» ошноянд.
Малика Ҷумъазода барои хурдсолон менависад. Аз гирумонаш пайдост, ки бо ҳолатҳои равонии хурдсолон ошност ва ба дунёи рангини онҳо ворид шуда метавонад. Ҳикояҳои барои хурдсолон таълифнамудаи Малика дар китобҳои ӯ «Нони ҳалол» ва «Олами ирфон» гирд оварда шудаанд.
Тӯли солҳои бозсозӣ ва истиқлол дар ҷумҳуриамон теъдоди нашрияҳои тоҷикӣ ба маротиб афзуданд. Ҳоло, ба ҷуз рӯзномаи «Овози тоҷик», дар шаҳру вилоятҳои Ӯзбекистон рӯзномаҳои «Овози Самарқанд», «Ховар» ва саҳифаҳои тоҷикӣ (дар ноҳияҳои тоҷикнишин) чоп мешаванд. Нашри маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии «Дурдонаи Шарқ» дар Самарқанд як рӯйдоди адабиву фарҳангӣ буд.
Шояд зиёд шудани нашрияҳои тоҷикӣ сабаб шуданд, ки публитсистикаи миллӣ рӯ ба инкишоф ниҳод. Адибон ва журналистони касбӣ имрӯз ба рушди публитсистикаи тоҷик саҳм мегузоранд. Як рӯйдоди фарҳангии дигар дар соҳаи журналистика ин аст, ки соли сипаригардида якбора се нафар журналисти тоҷик: Мирасрор Аҳроров, Шоқаҳҳор Салимов ва Саодат Бекназарова дар озмуни «Олтин қалам» («Килки заррин») ғолибиятро ба даст дароварданд.
Дар рӯзномаҳои «Овози тоҷик», «Овози Самарқанд», «Ховар» ва маҷаллаи «Дурдонаи Шарқ» журналистоне кору фаъолият доранд, ки бе ишкол дар ҳамаи жанрҳои журналистика мавод омода карда метавонанд. Ин гуфтаро ҳамчунин тавассути нашриётҳои пойтахт дар шакли китоб чоп шудани очерку мақола, мусоҳибаву гузориш ва лавҳаҳои Мирасрор Аҳроров («Орзу ва армон», «Фарзандони фарзонаи Фарғона»), Саодат Бекназарова («Армуғон»), Шариф Халил («Ҳамеша бо Ватан») собит менамояд. Аз ин китобҳо журналистони ҷавон метавонанд гирумон омӯзанд.
Бояд тазаккур дод, ки дар насри бадеии нависандагони ҳавзаи адабиёти тоҷики Ӯзбекистон манзараҳои нотакрор, урфу одат ва рӯзгори мардуми ҳамин кишвар инъикос ёфтаанд.
Биноан, пешниҳоде доштем.
Якум, ҳоло мактабҳои таълими ҳамагонӣ ва гурӯҳҳои тоҷикии муассисаҳои таълими олии мамлакат ба китобҳои бадеӣ, хоссатан осори насрӣ, ниёз доранд. Кори хайр мешуд, агар барои мактабҳои тоҷикӣ ҳар сол як бор антологияи наср ва назми адибони тоҷики Ӯзбекистон бо ҳамдастии Иттифоқи нависандагон, Вазорати таълими олӣ ва миёнаи кишвар рӯйи чопро медид.
Дуюм, бояд диққату эътибори ноқидону адабиётшиносони мамлакатро ба бурду бохти насру назми ҳавза ҷалб намуд. Ин кор ба рушди адабиёт такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
Абдулло СУБҲОН, узви Шӯрои адабиёти тоҷик дар назди Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон.