ФАРОГИРИИ ҶАВОНОН БО ТАЪЛИМИ ОЛӢ БА 38 ФОИЗ ХОҲАД РАСИД

Дар Фармони Президенти ҷумҳурӣ «Дар бораи Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав барои солҳои 2022-2026» пешбинӣ шудааст, ки соли ҷорӣ фарогирии ҷавонон бо таълими олӣ ба 38 фоиз расонида шавад.

Инчунин, то моҳи майи соли 2022 ташаккул додани квотаи қабул доир ба омӯзиши фосилавӣ дар муассисаҳои таълими олӣ муқаррар гардидааст.
Дар ин бора дар анҷумани матбуотие, ки дар Хонаи матбуоти вилояти Самарқанд бо иштироки мутасаддиёни Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов гузаронида шуд, маълумот доданд.
Чорабинӣ дар мавзӯи «Дар ҳоли даст накашидан аз истеҳсолот, боз ҳам васеъ намудани имконияти гирифтани маълумоти олӣ, зина ба зина роҳандозӣ кардани омодасозии кадрҳо дар шакли таълими фосилавӣ» баргузор гардид ва дар он проректори донишгоҳ доир ба корҳои таълим Аҳмадҷон Солеев роҷеъ ба корҳое, ки дар ин самт дар донишгоҳ амалӣ мегарданд, ҳарф зад.
– Аз соли 2017 дар муассисаҳои таълими олӣ самтҳои таълими шабона ва ғоибона аз нав роҳандозӣ шуданд, – гуфт А. Солеев. – Ҳоло дар шуъбаи ғоибона ва шабонаи донишгоҳ қариб 10000 нафар донишҷӯён таҳсил мегиранд. Танҳо дар соли хониши 2021-2022 ба шакли таълими шабона 450 нафар ва ба шуъбаи ғоибона 1025 нафар донишҷӯён қабул гардиданд. Ҳоло дар донишгоҳ услуби нави таълими фосилавӣ ба роҳ монда шуда, айни замон 67 нафар профессор-устодони хориҷӣ ба донишҷӯёни донишгоҳ масофавӣ дарс мегузаранд. Аксар падару модарон дар он андешаанд, ки дар самти таълими ғоибона, шабона ва фосилавӣ донишҷӯён соҳиби дониш ва таҷрибаи зарурӣ намешаванд. Ин андеша начандон дуруст аст. Чунки донишҷӯён новобаста аз шакли таълим имтиҳонро ба таври анъанавӣ месупоранд.
– Бояд гуфт, ки танҳо дар донишгоҳи мо шуъбаи баҳодиҳии дониши донишҷӯён амал мекунад ва дар он донишҷӯёни тамоми самтҳои таҳсилот ба таври «оффлайн» имтиҳон месупоранд, – илова кард декани факултети ҳуқуқшиносии донишгоҳ Раҳматулло Мирзоев. – Профессор-устодоне, ки дарс гузаштаанд, наметавонанд ба имтиҳон дахолат кунанд. Натиҷаҳои имтиҳонро профессор-устодони дигар муассисаҳои таълими олии кишвар, ки мо бо онҳо ҳамкориро ба роҳ мондаем, месанҷанд ва ба дониши донишҷӯ баҳо мегузоранд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: