ОЗМУНИ «МАҚОМСАРОЁНИ ҶАВОН»

Дар шаҳри Тошканд марҳилаи ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Мақомсароёни ҷавон» баргузор гардид.

Дар ин тадбир, ки бо мақсади рушд додани маданияти мусиқаи миллӣ, ба саҳнаи ҷаҳон баровардани санъати мақоми миллӣ, кашф кардан, ҳавасманд гардондан ва тарғиб намудани эҷодиёти ҷавонони боиқтидор, рӯйи об баровардани истеъдод ва қобилияти эҷодии мақомсароёни ҷавон, зиёд намудани шавқи онҳо ба санъати мақоми миллӣ сурат гирифт, намояндагони ҷавони санъати мақоми Бухоро низ муносиб иштирок карданд. Дар он талабаи мактаби ихтисосонидашудаи санъати Бухоро Гулсанам Ҷӯраева соҳиби ҷойи якум, ансамбли навозандагони мактаби бачагонаи санъати мусиқаи ноҳияи Пешкӯ сазовори ҷои дуюм ва шогирди  мактаб-интернати мақоми Бухоро Ҳасан Отаёров дар равияи рубоби қашқарӣ муносиби ҷойи сеюм гардида, бо диплом ва туҳфаҳои хотиравии Вазорати фарҳанг тақдир ёфтанд.

А. АВЕЗОВ, 
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: