Ӯзбекистон – Туркия: ҳамкорӣ дар соҳаи таълими олӣ инкишоф меёбад

Мулоқоти корӣ миёни Вазири таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсус Абдуқодир Тошқулов ва аъзои ҳайат бо роҳбарии раиси Шӯрои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Туркия Эрол Озвар дар доираи густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи таълими олӣ баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот роҳбарони низоми таълими олии Ӯзбекистон ва Туркия ҳолати ҷории ҳамкории дуҷониба ва имкониятҳои ба дараҷаи нав баровардани онро баррасӣ намуданд.

Бавижа, оид ба созмон додани донишгоҳи муштарак дар кишвари мо, ҷудо кардани грантҳо барои донишҷӯён аз Ӯзбекистон барои таҳсил дар мактабҳои олии Туркия, тайёркунии кадрҳо дар соҳаи кишоварзӣ, тиб, техника ва муҳандисӣ, таҳкими ҳамкорӣ дар чунин соҳаҳо ба мисли математика, физика, химия ва геология мубодилаи афкор ба амал омад. 

Дар рафти гуфтушунид ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳоро дар соҳаи таҳсилоти олӣ фаъол гардонанд ва ба ин ҳадаф тамоми имконоти истифоданашударо сафарбар кунанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: