Ҳангоми ворид шудан ба ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Бесаранги ноҳияи Тошлоқ рамзеро дучор мешавед, ки шакли харбузаро гирифтааст.
Он аз зумраи маҳсулоти асосии кишоварзони ин ҷамоат маҳсуб меёбад, ки дар айни ҳол барои содирот парвариш карда мешавад.
Сокинони ин минтақаи ноҳияамон аз замонҳои қадим истеҳсоли маҳсулоти гуногуни кишоварзиро ба шуғли ҳамешагии худ табдил додаанд. Барои ҳамин Бесаранг имрӯз тарзи кишту корро дар асоси меъёрҳои замонавӣ рушду нумӯъ бахшидааст ва дар парвариши навъҳои харбузаи содиротӣ мактаби беназири таҷрибавӣ муаррифӣ шудааст.
Дар ин ҷо 754 хоҷагӣ мавҷуд буда, 355-тоаш ба кишти маҳсулоти полизӣ ё сабзавот ихтисос ёфтааст. Дар баробари парвариши кӯчатҳои тезпазаки харбуза, аҳолӣ дар ҳар майдону майдончаҳои назди ҳавлиашон бодиринг ва навъҳои карами содиршавандаро низ парвариш мекунад.
– Дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи “Бесаранг” одамони бекорро пайдо карда наметавонед. Онҳо ҳар сол сар аз фасли баҳор машғули кор мешаванд ва аз ҳисоби кишоварзӣ даромади хуб ба даст меоранд. Онҳо дар қатори деҳқонони вилоят бозорҳоямонро бо маҳсулоти гуногуни истеъмолӣ таъмин мекунанд, – мегӯяд раиси он Дилмурод Қосимов. – Ҳанӯз дар соли 2022 ба 51 нафар сокинони маҳалла 7,5 гектар заминро бо иҷораи муддаташ 30 сол ҷудо карда додем. 7 нафари онҳо аз зумраи афроде мебошанд, ки дар “Феҳристи занон” сабти ном шудаанд. Онҳо дар ин қитъаҳои барояшон ҷудошуда маҳз харбуза кишт намуда, даромади кофӣ ба даст меоваранд, – меафзояд раис.
Ҳар сол бесарангиҳо аз натиҷаи меҳнати ҳалолашон хурсанду хушҳол мешаванд ва беш аз пеш хонаҳояшон ободу зиндагиашон фаровон мегардад.
– Имсол дар киштзорамон 1 ҳазору 500 дона харбуза, ҳазор дона кӯчати карам, 1 ҳазору 800 бех кӯчати бодиринг шинондем. Бодиринг сояю салқиниро дӯст медорад, бинобар ин дар канори майдонҳои атрофи замин ҷуворимакка ҳам коштем, то ки ҳамон фазои салқиниро таъмин кунад, – мегӯяд сокини маҳаллаи “Бесаранг” О. Холиқов ва илова мекунад: – Ҳамроҳи завҷаам аз паси меҳнат рӯзгори худро буд кардаву маросимҳо барпо мекунем. Танҳо соли гузашта бештар аз 50 миллион сӯм даромади соф гирифтем.
Дарвоқеъ, сокинони маҳаллаи мазкур бо яку ду ҳосил иктифо намекунанд. Онҳо ҳатто соле то се-чор маротиба ҳосил ба даст меоранд. Инчунин, парвариш ва фурӯши ниҳоли сабзавоту буттамеваҳои гуногун низ ба манбаи даромади иловагии сокинони маҳалла табдил ёфтааст.
Ба гуфтаи фаъоли маҳалла Манзурахон Ҳомидова, заноне, ки ба “Феҳристи занон” шомил шуда буданд, аз заминҳои ба иҷора гирифтаашон 45-50 миллион сӯм даромад мегиранд. Ғайр аз ин, онҳо дар замини аз харбузаи пешпазак холишуда кӯчати карам шинонида, аз ҳисоби он низ соҳиби даромади иловагӣ мешаванд.
Аз тамошои манзарае, ки дар ин фасли баҳорон пеши чашмон ҳувайдо гаштааст, метавон дарёфт, ки занони зиёд даст ба кишоварзӣ задаанд ва онро манбаи асосии даромади худ намудаанд. Ба таври мисол, Раънохон Тӯхтасинова дар бобати самаранок истифода бурдани ҳар як метри мураббаъ замини назди ҳавлиашон ба дигарон намунаи ибрат гаштааст. Вай аз таҷрибае истифода мебарад, ки байни ниҳолҳои харбуза холӣ намонад ва дар он ба парвариши қаланфури булғорӣ машғул мешавад. Маблағи ҳосили он барои пешбурди зиндагиаш корбаст мегардад.
– Харбузаи Бесаранг натанҳо дар водии Фарғона, балки дар ҷумҳуриҳои ҳамсоя низ машҳур гаштааст. Ин навъи маҳсулоти полизӣ ва аз ҷиҳати экологӣ тоза ҳар сол ба кишварҳои ИДМ содир карда мешавад. Дар ин росто соли гузашта ба Қирғизистон 35 тонна ё ба маблағи 250 миллион сӯмина, ба Русия 52 тонна ё ба маблағи 510 миллион сӯмина харбуза содир карда шуд. Харбузаҳои содиротии мо то 20 рӯз ҳолати худро нигоҳ медоранд. Мо дар назди худ мақсад гузоштаем, ки оянда ин харбузаҳоро дар бозорҳои Аврупо низ ба фурӯш расонем, – мегӯяд раиси ҷамоати маҳаллаи Бесаранг Дилмурод Қосимов.
Рустамҷон МАМАҶОНОВ,
котиби матбуоти
ҳокимияти ноҳияи Тошлоқи вилояти Фарғона.