Сарвари ВКХ Ӯзбекистон Сафири Русияро ба ҳузур пазируфт

10 январи соли 2024 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бахтиёр Саидов Сафири Фавқулодда ва Мухтори Федератсияи Русия Олег Малгиновро қабул кард.

Як қатор самтҳои рӯзномаи густариши шарикии стратегии Ӯзбекистону Русия баррасӣ шуданд.

Ҷонибҳо натиҷаҳои соли 2023-ро баррасӣ намуда, дар бораи ҷадвали чорабиниҳо барои соли 2024 дар сатҳҳои гуногун табодули афкор намуданд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: