МАСЪАЛАҲОИ ОМОДАГӢ БА МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ

Ҷамъомади Комиссияи марказии интихоботии Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид.

Ҷамъомади Комиссияи марказии интихоботии Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид.
Ҷамъомадро раиси КМИ Зайниддин Низомхоҷаев пеш бурд.
Дар он барномаи чорабиниҳо оиди омодагӣ ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва лоиҳаҳои як қатор низомҳо доири интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳокима карда шуданд.
Таъкид ёфт дар Ӯзбекистони нав, ки дар роҳи ба давраи нави тараққиёт баровардани Ӯзбекистон мақсадҳои бузургро назди худ гузоштааст, интихоботи президентӣ имсол дар асоси қонунгузории нави миллӣ дар вазъи риоя ба стандартҳои байналхалқие, ки мавриди эътироф қарор гирифтааст, бо риояи таомулҳои демократӣ ва дар муҳити куллан нав баргузор хоҳад гашт.
Интихоботи президентӣ ифодагари амалигардии ғояҳои демократии пешқадаме қарор мегирад, ки дар Стратегияи амалиёт оиди панҷ самти муҳиму устувори рушди мамлакатамон муҷассам ёфтаанд.
Дар ин интихобот барои он ки кушодӣ, ошкороӣ ва шаффофӣ дар амал васеъ таъмин гардад, аз комиссияҳои интихоботии қитъавӣ сар карда то Комиссияи марказии интихоботӣ тақозо мегардад комиссияҳои ҳамаи дараҷаҳо, тамоми ташкилотчиёни интихобот кори худро дар асоси принсипҳои демократии пешқадам ва дараҷаи баланди ташкилӣ ба роҳ гузоранд.
Такмил ёфтани қонунгузории интихоботӣ бо эътибор пайдо кардани қонун дар бораи ворид сохтани дигаргунӣ ва иловаҳо ба баъзе ҳуҷҷатҳои қонунии Ӯзбекистон аз 8 феврали соли равон баҳри кафолати ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон, таъмини васеи иштироки онҳо дар идоракунии давлатию ҷамъиятӣ омили муҳим хоҳад гашт.
Маълум, ки бинобар воридшавии дигаргуниҳо ба қонунгузории интихоботии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соле, ки муддати ваколати конститутсионии депутатҳои Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис, депутатҳои мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатии маҳаллӣ президент ба охир мерасад – дар якшанбеи якуми даҳрӯзаи сеюми моҳи октябр интихобот  баргузор мегардад.
Интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистони нав дар шароите, ки маданияти сиёсӣ ва ҳуқуқии интихобкунандагон торафт баланд мегардад, рӯйи кор меояд. Барои ин давраи аввали омодагӣ ба интихобот, яъне то эълон гардидани маъракаи интихобот офаридани шарт ва шароити зарурии ташкилию ҳуқуқӣ аз вазифаҳои муҳим аст.
Аз ин вазифаҳо баромада омада, дар ҷамъомад барномаи чорабиниҳои асосӣ оиди омодагӣ ба интихоботи президентӣ батафсил муҳокима гашт ва тасдиқ ёфт. Корҳое, ки вобаста ба омодагӣ ба маъракаи сиёсии пешистода дар асоси Кодекси интихоботӣ бори нахуст дар вазъи ҳамдастӣ бо ташкилотҳои ҳамкор ба тадриҷ ба амал бароварда мешаванд, дар барнома ифодаи пурраи худро ёфтаанд. Муддати иҷро ва иҷрогарони масъул аниқ нишон дода шудаанд.
Дар ин самт, қабл аз ҳама, аз ҷиҳати ҳуқуқию услубӣ ҷараёни омодагӣ ба интихоботро таъмин сохтан, корҳои вобаста ба мустаҳкамсозии донишу малакаҳои иштирокдорони ҷараёни интихоботиро дар вақташ ва самаранок ташкил кардан аҳамияти муҳимро молик аст, гуфта шуд дар ҷамъомад. Бо ин мақсад барои ҳамаи аъзои комиссияҳои интихоботии ҳавзавӣ ва қитъавӣ анҷуманҳо, тренингҳо, машғулотҳои таълимӣ, конфронсҳо, суҳбатҳои даврӣ ва дигар чорабиниҳо, аз ҷумла, мулоқотҳои онлайн доир мегарданд.
Дар барномаи чорабиниҳои асосӣ оиди ҷорӣ сохтани технологияҳои коммуникатсионии замонавӣ, дар ин ҷараён ташкил сохтани корҳои хабарӣ-фаҳмондадиҳӣ, дар вазъи баҳисобгирии шароити пандемияи коронавирус омодагӣ ба интихобот вазифаҳои аниқ муайян карда шуданд.
Дар ҷамъомади Комиссияи марказии интихоботӣ доири тартиби ҷамъоварии имзои дастгирикунандагони номзадҳо ба президентии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, тартиби тафтиши дуруст пуррасозии варақаҳои имзо, тартиби пешбурди ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳо ба президентӣ низомҳо қабул карда шуданд.
Дар ҷамъомад таъкид ёфт интихоботи президентии имсола бобати таъмини бардавомии татбиқи ислоҳот дар барпои Ӯзбекистони нав барои тамоми ташкилотчиёни интихобот санҷиши муҳим хоҳад буд.
Дар ҷамъомад вобаста ба ваколатҳои Комиссияи марказии интихоботӣ баъзе масъалаҳои дигар низ дида баромада шуданд.

М.ШОДИЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: