НАВГОНИҲОИ САМТИ НАВЪОВАРИҲО

«Сарпӯш»-е ихтироъ шуд, ки фикри одамонро хонда метавонад

Олимони австралиягӣ дар ҷаҳон аввалин низоми зеҳни сунъии ноинвазивро тақдим карданд, ки метавонад фикрҳоро ба матн табдил диҳад.
Дар ин ҳолат ба майнаи инсон имплантатсия кардан шарт нест – пӯшидани таҷҳизоти ба сарпӯш  монанд кифоя аст.
Ба технология DeWave ном дода шуд. Он дар бисёр ихтиёриён аз озмоиш гузаронда шуд.
Аз иштирокчиён хоҳиш карда шуд, ки «сарпӯш»-ро пӯшида, «дар дарун гап зананд». Дар ин муддат, система мавҷҳои мағзи сари онҳоро тавассути электроэнсефалограмма (ЭЭГ) сабт намуда, онҳоро рамзкушоӣ кард.
Олими Донишгоҳи технологии Сидней Чин-Тен Лин гуфт: «Ин пажӯҳиш навгонии самти навъоварӣ дар мустақиман ба забон кӯчондани мавҷҳои ЭЭГ буда, комёбии муҳими соҳа ба ҳисоб меравад».
Дар рафти таҷрибаҳо низом ба бештар аз 40 фоиз дақиқӣ ноил гардида тавонист. Ин назар ба технологияи қаблии пахши фикрҳо дар сабтҳои ЭЭГ 3 фоиз беҳтар аст.
Ҳадафи муҳаққиқон расидан ба дақиқии 90 дарсад аст. Пас аз такмил додани система, метавонад ба беморони гирифтори инсулт ва фалаҷ дар робита бо ҷаҳон кумак кунад. Илова бар ин, он метавонад барои идоракунии протезҳои бионикӣ ва роботҳо истифода шавад, хабар медиҳад mir24.tv.

Пойгаи мошинҳои беронанда

Дар Аморати Муттаҳидаи Араб дар ҷаҳон бузургтарин пойгаи мошинҳои бидуни ронанда баргузор мешавад. Дар мусобиқа 10 команда иштирок мекунад. Мусобиқа 28 апрели соли 2024 дар Абу-Дабӣ баргузор мешавад.
Дар роҳаки Yas Marina, ки барои Формула-1 пешбинӣ шудааст, ба ҷойи пойгачиён, кодерҳо – барномасозоне, ки мувофиқи мушаххасот дар навиштани код тахассус доранд, рақобат мекунанд.
Пойгаи худмухтор на танҳо як намуди нави варзиш, балки платформаи тадқиқот ва рушди технологияи автомобилҳои мухтор мебошад. Дар ин чорабиниҳо муҳаққиқон ва муҳандисон метавонанд алгоритмҳо ва системаҳои худро санҷанд ва такмил диҳанд.

Ҳавопаймоҳои боркаши бесарнишин

Ширкати ҳавопаймоии бритониёии Droneliner бобати офаридани ҳавопаймоҳои боркаши бесарнишини иқтидори борбардориаш беш аз 300 тонна кор пеш мебаранд. 
Ин метавонад нархи парвози ҳавопаймоҳоро дар саросари ҷаҳон коҳиш диҳад. Ҳавопаймоҳо аз масофаи дур идора карда мешаванд, ки ин хароҷоти экипажро то ҳадди ақал кам мекунад.
Гуфта мешавад, ки Droneliner ба нақша гирифтааст, ки ду модел истеҳсол кунад: DL200 иқтидори ҳадди аксар 180 тоннаро дошта, метавонад аз 36 то 40 контейнерро интиқол диҳад. Ва DL350 метавонад аз 70 то 80 контейнер ғунҷонда, то 318 тонна бор бардорад.
Ширкат иддао дорад, ки истифодаи Droneliner метавонад нархи парвози ҳавопаймоҳоро беш аз 70 дарсад коҳиш диҳад.

Аввалин намунаи мошини парвозкунанда

Намунаи аввалин мошини парвозкунандаи ҷаҳон дар автосалони Детройти Амрико муаррифӣ шуд.
Ширкати «Alef Aero-nautics» прототипи Model A-ро муаррифӣ кард, ки ба седанҳои муқаррарӣ хеле монанд мебошад, он ба интерери шардори лаълии паррон шабеҳ дошта, ба дараҷаи ҷойгир кардани ду мусофир васеъ аст», омадааст дар хабар.
Ба нақша гирифта шудааст, истеҳсоли силсилавии нахустин мошини парвозкунандаи ҷаҳон тақрибан баъд аз ду сол оғоз шавад. Нархи мошин тахминан 300 ҳазор долларро ташкил медиҳад.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: