Президенти Ӯзбекистон муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳидро қабул кард

  • Президенти Ӯзбекистон муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳидро қабул кард
  • Президенти Ӯзбекистон муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳидро қабул кард
  • Президенти Ӯзбекистон муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳидро қабул кард
  • Президенти Ӯзбекистон муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳидро қабул кард

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 14 сентябр муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва барқароркунии сулҳ Розмари ДиКарлоро, ки барои иштирок дар ҳамоиши самарқандии СҲШ омадааст, ба ҳузур пазируфт.

Доир ба самтҳои истиқболи ҳамкории амалии Ӯзбекистон ва СММ, масъалаҳои мубрами байналмилалӣ, корҳо ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор дар давраи то соли 2030 дар кишвари мо табодули афкор сурат гирифт.

Розмари ДиКарло ба Президент Шавкат Мирзиёев барои қабули самимӣ изҳори сипос кард. Вай аз номи Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш салом ва дастгирии ислоҳотро, ки дар доираи Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав барои солҳои 2022-2026 амалӣ карда мешавад, расонд.

Дар солҳои охир фаъол шудани иштироки Ӯзбекистон дар фаъолияти сохторҳои СММ бо қаноатмандӣ қайд карда шуд. Бо ташаббуси кишварамон панҷ қатъномаи Ассамблеяи генералии СММ, ки ба пешбурди ҳамкории минтақавӣ ва пайвастагӣ нигаронда шудааст, қабул шуд.

Алоҳида қайд гардид, ки дар солҳои 2020-2021 Ӯзбекистон ба Конфронси минтақавии 32-юми ФАО оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ раҳбарӣ карда, ба таркиби Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон шомил гардид, ба нақша  гирифтааст, ки Конфронси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО оид ба тарбия ва таълими бачаҳои хурсол ва сессияи 25-уми Ассамблеяи генералии Созмони умумиҷаҳонии сайёҳиро баргузор намояд.

Ҷонибҳо ҷиҳати амиқтар кардани ҳамкорӣ дар самти коҳиш додани оқибатҳои фалокати экологии баҳри Арал, ҳалли осоиштаи вазъ дар Афғонистон ва татбиқи лоиҳаҳои кумак ба аҳолии Афғонистон, мусоидат ба рушди устувор дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва таҳкими робитаҳои мутақобила ба мувофиқа расиданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: