Ба номи 568 нафари фавтида бор овардаанд

Дар натиҷаи набудани талаботи мушаххас нисбат ба ташкилотҳое, ки ба фаъолияти брокери гумрукӣ машғуланд, ҳолатҳои аз супурдани андозу боҷҳои гумрукӣ саркашӣ кардани баъзе соҳибкорони беномус мушоҳида мешавад.

Дар натиҷаи бе иҷозати онҳо аз тарафи баъзе ташкилотҳои курерӣ истифода шудани маълумоти шахсии шаҳрвандон соли ҷорӣ дар 4 маврид ба номи зиёда аз 200 нафар шаҳрванд мол оварда шудааст. 1,4 миллиард сӯмина  мол муваққатан нигоҳ дошта, аз болои курерҳо парвандаи ҷиноятӣ кушода шуд.

 Дар давоми соли 2021 ҳангоми омӯзиши моли ба номи онҳо бидуни иҷозат овардашуда маълум шуд, ки 568 нафари ин шаҳрвандон даргузаштаанд.  Дар ин бора муовини раиси Кумитаи гумрук О.Чориев дар ҷаласаи палатаи поёнии парлумон қайд кард.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: