АЛЛОМАИ ДАВР

Моҳи майи соли 1985 буд.

Моҳи майи соли 1985 буд. Бо чанде олимони ӯзбекистонӣ ба Душанбе барои иштирок дар рӯзҳои анъанавии Айнихонӣ рафтем. Дар маҷлисгоҳи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон Айнихонӣ оғоз ёфт. Ҳангоми баромад як ҳамкасбамон ба масъалае дахл намуд, ки ба мавзӯи худ иртиботе надошт. Ин буд, ки як адабиётшиноси ҷавони тоҷик дар маърӯзааш фикри ӯро батамом рад кард. Бад-ин тариқ, анҷумани солона ба баҳс — ҷанги даҳонӣ табдил ёфт. Инҷониб низ ба сухан баромада таъкид намудам, ки мо бояд диққатамонро ба паҳлӯҳои омӯхтанашуда ё камтар омӯхташудаи ҳаёт ва эҷодиёти Айнӣ ҷалб намоем. Раиси анҷуман, донандаи илмҳои Шарқ, академик Муҳаммадҷон Осимӣ фикри инҷонибро тасдиқ намуда, хост ба баҳс хотима бахшад.
Вақте анҷуман кори худро ба охир расонд, дар ҳузури устод Осимӣ суҳбати гарме ба вуқӯъ пайваст, вай дар рафти суҳбат изҳор дошт: «Ба баъзе олимони мо маданияти маърӯза намерасад, онҳо дар куҷо, ба кӣ, чӣ гуфтанашонро намедонанд». Ин суҳбат маро ба ӯ боз ҳам наздиктар кард.
Баъди он, ҳар боре, ки ба Душанбе мерафтам, ҳаракат мекардам, ки аз суҳбаташ баҳраманд гардам. Рӯзҳое, ки Ассамблеяи маданияти халқҳои Осиёи Марказӣ созмон меёфт, бо нависандаи шинохта Зайниддин Дӯстматов озими шаҳри Душанбе гардидем. Арбобони фарҳанги Тоҷикистон моро гарм пазируфтанд. Вақте дар Ҷамъияти «Пайванд» будем, раиси он академик Муҳаммадҷон Осимӣ ин ташаббусро бо мамнуният истиқбол гирифт. 
— Ҳамидҷон, мо дар бораи робитаҳои адабию фарҳангии тоҷику ӯзбек тадқиқот анҷом медиҳем, рисолаҳо иншо мешаванд, бисёр ҳарф мезанем, аммо ба ҷиҳати амалии масъала эътибор намедиҳем, — гуфт устод Осимӣ. — Ҷиҳати амалии ин кори маърифатӣ он аст, мо бояд ба ҳузури халқи меҳнаткаш биравем. Кош, ин ташаббус низ аз шумоён мебаромад. Бигирем, як гурӯҳ арбобони фарҳанги ӯзбеку тоҷик аз ноҳияҳои тоҷикнишини Ӯзбекистон ва ноҳияҳои ӯзбекнишини Тоҷикистон дидан карда, бо халқ бевосита мулоқот кунем. Дар ҳамон сурат собит менамудем, ки мо як халқи дузабона ҳастем...
— Устод дуруст мегӯяд, — ба суҳбат ҳамроҳ шуд шарқшиноси номӣ, профессор Аълохон Афсаҳзод.— Шурӯъ аз Хоразмӣ — муаллифи «Муҳаббатнома», қариб ҳамаи шоирони ӯзбек зуллисонайн будаанд. Баъзеи онҳо ба забони форсӣ девон низ доштаанд. Алишер Навоӣ бо «Девони Фонӣ»-и хеш ба рушди адабиёти форсӣ-тоҷикӣ саҳм гузоштааст. Амир Шайхими Суҳайлӣ, Восифӣ, Саҳбо, Маъдан, Савдо, Фахрии Рӯмонӣ, Асирӣ ва Нозили Хуҷандиҳо бо забони ӯзбекӣ низ осори пурмуҳтаво офаридаанд. Вақти он расидааст, ки ин хазинаи тиллоии маънавиро дар шакли китобҳои алоҳида нашр намуда, ба халқҳоямон пешкаш кунем.
Хулоса, мо аз Душанбе бо як олам таассурот баргаштем. Устод Осимӣ бобати созмон додани Ассамблеяи фарҳангии халқҳои Осиёи Марказӣ саҳми назаррас гузоштааст. Тирамоҳи соли 1996 тибқи қарори ЮНЕСКО дар Хуҷанд доир ба мавзӯи «Таърихи маданиятҳо, вазъи имрӯз ва оянда» анҷумани байналхалқӣ баргузор шуда буд. Дар он олимони беш аз 20 мамлакат бо маърӯзаҳои худ ширкат ҷустанд. Аз Ӯзбекистон роқими ин сатрҳо ва доктори илмҳои фалсафа, профессор шодравон Фозилҷон Исмоилов иштирок намуданд. 
Анҷуман таҳти раёсати аллома Осимӣ гузашт. Ҳамон вақт ман аз вусъати тафаккур ва забондонии бузургвор ангушти ҳайрат газидам. Зеро ӯ бо олимони Аврупои Ғарбӣ бо забони англисӣ, бо уламои Шарқ бо забонҳои арабӣ, форсӣ ва урду табодули афкор менамуд. Дар рафти як суҳбат профессори Донишгоҳи Пешовар Аҳмади Дурронӣ гуфт: «Устод Осимӣ алломаи давр аст, ӯро дар ҳамаи мамлакатҳои Шарқ мешиносанд».
Бале, Муҳаммадҷон Осимӣ созмондиҳандаи бисёр анҷуманҳои байналхалқӣ буд. Ҳамчунин, ӯ ба сифати яке аз роҳбарони гурӯҳи омӯзандагони таърих, маданият ва адабиёту санъати Шарқи Наздику Миёна дар назди ЮНЕСКО ба тадқиқотҳои бисёрҷилдае, мисли «Адабиёти ҷаҳон», «Таърихи ҳунари тасвирии халқҳои Мовароуннаҳру Эрон» сарубар шудааст.
Муҳаммадҷон Осимӣ соли 1920 дар шаҳри Хуҷанд дида ба дунё кушодааст. Соли 1941, баъди хатми факултаи физикаю математикаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Алишер Навоӣ, дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба ҳайси омӯзгор, мудири кафедраи физика, проректор ифои вазифа кардааст. Сипас солҳои тулонӣ дар созмонҳои давлатию ҷамъиятӣ вазифаҳои пурмасъулро бар дӯш дошт. Соли 1965 президенти Фарҳангистони улуми Тоҷикистон таъин гардид. Вай муаллифи садҳо тадқиқоти илмӣ доир ба таъриху фалсафаи Шарқ, илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ, адабиёти халқҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Аз ҷумла, олим муайян намуда, ки дар Шарқ назарияи алгоритм ва атомистикаи материалистӣ вуҷуд доштааст. Ҳамчунин, бо далелҳои раднопазир собит намуд, ки дар инкишофи соҳаҳои гуногуни тамаддуни Ғарбу Шарқ таъсири назаррас дорад. Даҳҳо рисолаҳои устод аз қабили «Пайдоиш ва такомули тафаккури фалсафӣ», (1970), «Дорулфунуни нахустини мо», «Фалсафаи Хусрави Деҳлавӣ», (1976), «Материя ва тасвири физикии олам», (1966), «Таърихи омӯзиши сохтори этникии халқҳои Осиёи Марказӣ» (1977) дар сатҳи байналхалқӣ аз ҷониби аҳли илму адаб эътироф гардидаанд. Олим ба ҷуз ин, доир ба зиндагинома, фаъолияти эҷодӣ ва афкори фалсафии Ал-Хоразмӣ, Ал-Фарғонӣ, Форобӣ, Берунӣ, Ибни Сино ва Аҳмади Дониш тадқиқотҳои пурарзиш анҷом додааст. Ӯ соли 1980 сазовори Ҷоизаи байналхалқии Ҷавоҳирлаъл Неҳрӯ гардида буд. Устод Осимӣ аз муаллифони фаъол ва узви ҳайати таҳририяи маҷаллаҳои илмии хориҷии «Осиёи Марказӣ» (Покистон), «Таърихи илм» (Ҳиндустон) ва «Таърихи илми араб» (Сурия) буд.
Муҳаммадҷон Осимӣ аз дӯстони наздик ва ҳамкори олимони ҷумҳурии мо буд. Ӯ бобати омӯхтан ва дар миқёси байналхалқӣ тарғиб намудани таърихи илм ва фарҳанги халқҳои Осиёи Марказӣ, дар баробари академикҳои мо Азиз Қаюмов, Муҳаммад Хайруллоев, Бурибой Аҳмедов кӯшиши зиёде ба харҷ додааст. Сад афсӯс, ки чунин як алломаи аср соли 1996 аз ҷониби террористон парронда шуд. Агар устодро марги нобаҳангом аз байни мо намебурд, асарҳои зиёде таълиф менамуд, ба бисёр олимони ҷавон роҳнамоӣ мекард. Аммо ӯ бо тадқиқотҳои анҷомдода ва корҳои некаш зиндагии рӯҳониашро идома медиҳад, ба қавли Шайх Саъдӣ:
Зиндаи ҷовид монд 
ҳар кӣ накӯном зист,
К-аз ақибаш зикри 
хайр зинда кунад 
номро.

Ҳамидҷон ҲОМИДӢ,
профессори 
Донишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Алишер Навоӣ.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: