АРМУҒОНИ ДУБОРАИ «АРМУҒОН»

Адиби маъруфи тоҷик Адаш Истад ва собиқ сармуҳаррири рӯзномаи «Овози Самарқанд» Ғафурҷон Маҳмудов беш аз бист сол доир ба дирӯзу имрӯзи шаҳри бостониамон бо номи «Армуғон» асари пурмӯҳтаво навишта буданд, ки ба се забон нашр гардид.

Адиби маъруфи тоҷик Адаш Истад ва собиқ сармуҳаррири рӯзномаи «Овози Самарқанд» Ғафурҷон Маҳмудов беш аз бист сол доир ба дирӯзу имрӯзи шаҳри бостониамон бо номи «Армуғон» асари пурмӯҳтаво навишта буданд, ки ба се забон нашр гардид. Китоби мазкур аз ҷониби тадбиркор Акбар Маҳмудов бо талабу дархости муҳаққиқону донишҷӯён, таърихшиносону маърифатпарварони Самарқанд дубора чоп шуд.
Ба китоб Қаҳрамони Ӯзбекистон Ҳасан Нормуродов пешгуфтор навишта, таъкид кардааст, ки маҷмӯаи мазкур туҳфаи муносибест ба иди 30-солагии Истиқлолияти Ӯзбекистон. Дар китоб мақолаҳои публисистӣ, илмиву оммавӣ ҷамъ омада, арзиши баланди таърихӣ ва ахлоқиву маърифатӣ дорад.
Воқеан, кас ҳангоми мутолиа гӯё ба асри миёна «сайр» карда, бо ҳаёт ва фаъолияти яке аз пешвоёни тариқати Нақшбандӣ — Хоҷа Убайдуллоҳ Аҳрори Валӣ шинос мешавад.
Китоб аз силсилаи «Аз китобхонаи «Овози Самарқанд» ба шумор меравад.
– Ҳамкорону ҳамкасбон ният доранд, ки ба муносибати зодрӯзи қиблагоҳам китоби хотирот ва асарҳои илмии ӯро таҳия ва чоп кунанд. «Армуғон» армуғонест ба мавлуди падарам, маслиҳатгару раҳнамо ва  шаҳсутуни хонадонам, – гуфт Акбар Маҳмудов.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик». 

Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: