ХОТИРАИ ОНҲОЕ, КИ БАРОИ ОЗОДИИ ВАТАН ФАВТИДААНД, АБАДИСТ

Таърих, наслҳои замонавӣ ва оянда ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳанд кард, ки чӣ гуна дар замони режими тоталитарӣ ҳазорон одамони бегуноҳ кушта, чӣ қадар оилаҳо парокандаву хонавайрон шуданд, чӣ қадар кӯдакон ятим монданд.

Президент Шавкат Мирзиёев субҳи барвақти 31 август ба хиёбони «Хотираи шаҳидон» омад. 
Ба хотири гузаштагон аз Қуръон сура ва дуои фотиҳа қироат гардид. Палави ёдбуд пешкаш карда шуд. 
Дар рӯзҳои таҷлили истиқлол мардуми мо чун анъана ба хотираи ватандӯстон арҷ мегузорад, муборизаи онҳоро барои озодӣ ва истиқлол, саҳмашонро барои муваффақ шудан ба рӯзҳои неки кунунӣ ба хотир меоварад. Ин анъана собит месозад, ки халқи мо хидмати фидокорони  Ватанро ҳаргиз фаромӯш намекунад ва ҳамеша қадр менамояд.
Дар замони сохтори тоталитарӣ ҳазорҳо нафар сокинони кишвари мо ба ҷазо гирифтор шудаанд. Оилаҳо вайрон гардида, кӯдакон ятим мондаанд. Танҳо тӯли солҳои 1937-1938, ҳангоме ки ҷазодиҳӣ миқёси васеъ пайдо кард, тақрибан 7 ҳазор ҳамватанони мо парронда шудаанд. 
Ҳукми паррон дар ҷое, ки алҳол ин боғ ҳаст, иҷро шудааст. Тӯли солҳои истиқлол дар ин ҷо корҳои ободонӣ анҷом пазируфта, осорхонаи Хотираи қурбониёни табъид сохта шуд. Бахшҳои ин осорхона дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва вилоятҳо кушода шуданд. Алҳол дар осорхона бахшида ба арбобони маорифи Туркистон намоишгоҳ ташкил шудааст. 
Дар сари қабри рамзии боғ низ сурае аз Қуръон қироат карда шуд.
– Ҳар боре, ки ба ин ҷо омада, гузаштагони диловари худро, ки барои озодии халқи мо фавтидаанд, ёд мекунем, таскин меёбем. Ёдкарди хотираи онҳо, идома додани корҳои некашон шаъну шараф ва вазифаи мост. Қисмати гузаштагони табъидшудаамон моро ба қадр ва эҳтиёт кардани истиқлол даъват мекунад. Зиндагӣ дар кишвари мустақил,  дорои сулҳу салоҳ ва фаровонҳолӣ ин бахти бузург, эҳсони Худованд аст. Бинобар ҳамин ҳам мо бояд ҳамаи инро бо эҳсоси сипосгузорӣ қадр кунем, – гуфт Президент.
Таъкид шуд, ки тӯли солҳои 1937-1953 дар Ӯзбекистон 100 ҳазор нафар табъид гардида, 13 ҳазор нафарашон парронда шудаанд. Мутаассифона, ҷазодиҳӣ бо ин анҷом наёфт.
Солҳои 80-уми асри сипаришуда боз ҳазорҳо ҳамватанони мо қурбони беадолатиҳо гардиданд. Бо айбдоркуниҳои сохта, ки барои парвандаҳои ба ном «кори пахта», «кори ӯзбек» асос гардиданд, 40 ҳазор сокинони ҷумҳурӣ таҳти тазъйиқ қарор гирифта, 5 ҳазор нафарашон ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд. 
Роҳбари давлати мо таъкид намуд, ки табъиди сиёсӣ  нисбати фарзанди бузурги халқи ӯзбек Шароф Рашидов, ки тӯли бисту панҷ сол ба Ӯзбекистон роҳбарӣ кардааст, пас аз вафоташ ба хусус, таассуфовар буд.
Корҳои нек бобати омӯхтани ҳаёти ҷадидон, абадӣ кардани хотираи онҳо, ки ғайриодилона табъид шудаанд, қайд гардид. 
– Мо барои он ки адолатро барқарор кунем, бисёр корҳоро анҷом медиҳем. Чунончи, аз ҷумлаи олимони муаррих комиссия таъсис дода шудааст, ҳуҷҷатҳои бойгонӣ омӯхта мешаванд. Тӯли ду соли охир Суди олии Ӯзбекистон зиёда аз 850 нафарро сафед кард, соли равон бошад, номи боз 240 ҳамватанонамон сафед карда шуд. Мо ин тадқиқотро бояд идома диҳем. Халқамон бояд ҳақиқатро донад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Таърихи он даврон бо ҳуҷҷат ва далелҳои нави ашёвӣ пурра мегардад. Дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд китобҳои хотира таҳия гардидаанд, ки дар бораи анқариб 40 ҳазор ҳамватанони мо маълумот медиҳанд. Ин ёддоштҳо вақтҳои наздик чоп мешаванд. 
Президент зикр кард, ки баробари ин бояд хотираи қурбониёни табъид бевосита дар маҳалҳое, ки онҳо зиндагӣ кардаанд, абадӣ карда шаванд. 
– Дуруст аст, ки осорхонаҳо ташкил ёфтаанд, китобҳо нашр мешаванд, сафедкуниҳо идома доранд. Вале мо ин корро бояд давом диҳем. Фикр мекунам, агар дар маҳалҳое, ки қурбониёни табъид таваллуд шудаанду дар он ҷо ҳоли ҳозир авлоди онҳо зисту зиндагӣ мекунанд, дар мактабҳо навиштаҷотро бо зикри ному насабашон гузорем, аз ҳар ҷиҳат дуруст аст.  Зиёда аз ин маҳз дар чунин рӯзҳои хотира бояд хонаҳои онҳоро зиёрат кард. Мо ба дидори иштирокдорони ҷанг мешитобем, барои чӣ аз қурбониёни табъид ёд намекунем?! Ҳол он ки ҳаёти онҳо низ саршори қаҳрамонист. Бояд зиндагониашонро омӯзем, тарғибу ташвиқ кунем, ба ҷавонон маънидод намоем, – гуфт роҳбари давлат.
Ба шахсони масъул бобати ҷудо кардани грантҳои мақсаднок, ба муҳаққиқоне, ки таърихи ҷадидонро меомӯзанд, дар бораи онҳо филмҳои мустанад ва бадеӣ меофаранд, дар матбуот ва интернет матолиб нашр мекунанд, супоришҳо дода шуданд. 
– Халқи мо бояд дар бораи он замонҳо маълумоти васеъ дошта бошад, бо гузаштагони худ ифтихор кунад. Ҷавонон бояд аз худ суол кунанд: «Ниёгони мо барои озодӣ мубориза бурданд, ҷони худро фидо карданд, мо баҳри истиқлол чӣ мекунем?» Истиқлолро чӣ мустаҳкам мекунад? Пеш аз ҳама ватандӯстӣ, дониш, маънавият. Мо бояд саъю кӯшиш намоем, ки дар ҷамъиятамон эҳсоси ватандӯстӣ ва миннатгузорӣ пурзӯр бошад, – таъкид кард Президент.  
Пас аз ин Президент Шавкат Мирзиёев аз боғи «Янги Ӯзбекистон» боздид ба амал овард ва ба пояи ёдгории Истиқлол гулчанбар гузошт.
Ин ёдгорӣ бахшида ба сисолагии истиқлолияти давлатии мамлакат мувофиқи ғояи Президент ба шарафи Ватан, мардуми ҷасур, сулҳпарвару меҳнатдӯсти мо ва қаҳрамониҳои ӯ гузошта шуда буд. Ба пояи он ба муносибати ҳодисаҳои хотирмон ва ҳангоми ташрифи ҳайатҳои хориҷӣ гул гузоштан анъана шудааст. 
Дар маросим намояндагони Палатаи қонунгузорӣ ва Сенати Олий Маҷлис, Маъмурияти Президент, вазорат ва идораҳо, ҷамоаҳои шаҳри Тошканд иштирок карданд ва ба пояи ёдгорӣ гул гузоштанд.  

ӮзА.          

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: