Имкониятҳои истифоданашуда дар минтақаҳо таҳлил карда шуданд

  • Имкониятҳои истифоданашуда дар минтақаҳо таҳлил карда шуданд
  • Имкониятҳои истифоданашуда дар минтақаҳо таҳлил карда шуданд
  • Имкониятҳои истифоданашуда дар минтақаҳо таҳлил карда шуданд

Президент Шавкат Мирзиёев 19 феврал бо тақдимоти пешниҳодҳо оид ба таъмини афзоиши иқтисодӣ ва дастгирии корхонаҳое, ки дар ҳудудҳо бо иқтидори пурра кор намекунанд, шинос шуд.

Мувофиқи дастурҳое, ки моҳи январ дар ҷамъомади видеоселекторӣ оид ба таҳлили устувории макроиқтисодӣ дода шудаанд, имкониятҳои истифоданашудаи минтақаҳо, мушкилот ва пешниҳодҳои соҳибкорон мавриди омӯзиш қарор гирифтанд.

Масалан, дар вилояти Қашқадарё бо роҳи гузоштани насосу ҷӯйборҳои иловагӣ қад-қади канали Миришкор дар ноҳияи Қаршӣ 600 гектар заминро азхуд кардан мумкин аст. Ин имкон медиҳад, ки кишти лубиё ва истеҳсоли равған аз он ба роҳ монда, 1,4 ҳазор кас бо кор таъмин карда шавад.

Дар баъзе ноҳияҳои саноатӣ бояд иқтидори инфрасохторро зиёд кард. Ба ин мақсад имсол ҷудо кардани 1,5 триллион сӯм пешбинӣ шудааст. Дар натиҷа ҷозибадории ин минтақаҳо баланд гардида, фаъолияти корхонаҳо васеъ ва шумораи ҷойҳои корӣ зиёд мешавад.

Дар қитъаҳои истифоданамешудаи шафати корхонаҳои саноатӣ насб кардани панелҳои офтобӣ ба онҳо қувваи иловагӣ дода, сарбории низоми энергетикиро кам мекунад.

Имтиёзҳои андоз ва гумрукӣ, ки бо фармону қарорҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешбинӣ шудаанд, ба фаъолияти корхонаҳо таъсири мусбат расониданд. Масалан, ба шарофати имтиёзҳои гумрукӣ барои воридоти рангҳои бофандагӣ арзиши матоъҳои трикотажӣ, курта, костюму шим арзон шуд. Дар тақдимот таъкид гардид, ки барои мустаҳкам намудани натиҷаҳои ба дастомада васеъ кардани ин имтиёзҳо ба мақсад мувофиқ аст.

Сарвари давлат ин пешниҳодҳоро маъқул дониста, доир ба такмили ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ супоришҳо дод. Ба масъулин супориш дода шуд, ки “нуқтаҳои афзоиш”-и тамоми 208 ноҳия ва шаҳрро муайян намуда, лоиҳаҳои баланд бардоштани даромади мардумро омода созанд.

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: