ТУҲФА БА ҶАВОНОНИ ЭҶОДКОР

Оянда пеш аз ҳама ба тарбия, дониш, мақсад ва таҷрибаи мо вобаста аст.

Оянда пеш аз ҳама ба тарбия, дониш, мақсад ва таҷрибаи мо вобаста аст. Дар роҳи ба ҳадаф расидан албатта ба ҷавонон бовар мекунем. Ба наврасоне такя менамоем, ки ба фикр ва мавқеи фаъоли шаҳрвандии худ соҳибанд. 
Дар вохӯрие, ки ҳокимияти вилояти Самарқанд бо ҷавонони эҷодкор ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол ташкил кард, роҷеъ ба ҳамин масъалаҳо сухан рафт. 
Дар соҳаҳои гуногун фаъолу пешқадам шудан ва ба ислоҳоти ҷомеа бефарқ набудан аҳамияти муҳим дорад. Дар вилоят ташкилотҳои зиёди ҷамоатӣ ҳастанд, вале мардум аз фаъолияти аксари онҳо бехабаранд. Имрӯзҳо мардум тавассути воситаҳои ахбори оммавӣ ва блогерҳо аз ислоҳот ва муаммоҳои ҳудудҳо саривақт бохабар мешаванд. Дар аксар соҳаҳо мушкилоте ҳастанд, ки худ аз худ ҳал намешаванд ва аксар масъулон аз пинҳон кардани муаммоҳо манфиатдоранд. Дар ин самт ҷавононро зарур аст, ки фаъол бошанд ва аз муаммоҳо ҳарф зананд. Дар вохӯрӣ таклиф ва фикру мулоҳизаҳои ҷавонон низ шунида шуд. 
Дар анҷом ба 50 нафар ҷавонони эҷодкор ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол туҳфаҳо супурда шуд. 

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: