КАБУДИЗОРКУНӢ ДАВОМ ДОРАД

Дар ҳудудҳо ба амал татбиқ намудани лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз» , ки бо ташаббуси Сарвари давлат Шавкат Мирзиёев ибтидо гирифт, таҳти шиори «Дар Ӯзбекистони Нав – макони сабз якҷо умр ба сар барем!» бо суръат ҷараён дорад.

Хоҷагиҳои ҷангали қаламрави вилоят ба ҳар як маҳалла дусад бехӣ ниҳоли кӯчат ройгон  додааст, то ки фаъолон бо ҳамроҳии ҷавонон дар қади роҳу кӯчаҳо шинонанд. То ин вақт ба 308 маҳалла аз тарафи шаш хоҷагии ҷангали  вилоят қариб сӣ ҳазор бех ниҳоли дарахтони гуногун расонида дода шуд. Дар шаҳру ноҳияҳо боғу токзорҳо ташкил меёбанд ва ба он алоҳида-алоҳида ном мегузоранд. Чунончӣ, дар маҳаллаи «Соҳибкор»-и ноҳияи Янгиобод ба бунёди «Боғи устодон» асос гузоштанд. Вобаста ба релеф ва таркиби хоки маҳал ба масоҳати як гектар замин зиёда аз шашсад бех ниҳоли бодом шинониданд. Ин ниҳолҳо ба камобӣ тобовар аст ва ба иқлими маҳал мувофиқ мебошад. Монанди ҳамин дар ноҳияи Зафаробод «Боғи ҷавонон» бо ниҳолҳои дарахтони гуногун сарсабз гардида бошад, дар ноҳияи Дӯстлик «Боғи адлия» барпо ёфт.                                          
Бояд гуфт, ки  барои амалӣ гардонидани корҳои оммавии кӯчатшинонии мавсими тирамоҳӣ нақши коркунони идораҳои ободонӣ калон аст. Онҳо дар ин кор  намунаи ибратанд. Дар ноҳияи Зомин ҳам майдонҳои сарсабз ба вуҷуд меоранд. Қисми калони ин заминҳоро токзору плантатсияҳои чормағз ташкил медиҳад.
Маълум аст, ки мардуми мо торафт нозукиҳои кишт ва парвариши кӯчатҳои дарахтони навро аз худ менамоянд. Барои мисол, дар ҳудуди  деҳаи Порашти маҳаллаи «Ойбек», воқеъ дар ноҳияи Фориш Эшмурод Файзиев корхонае таъсис додааст, ки он ба кишт ва парвариши боғу токзор ихтисос ёфтааст. Мавсуф дар шаш гектар замин қариб ҳафт ҳазор бех ниҳоли дарахтони павловния шинонида, ба парвариши он шуғл варзид. Ҳоло дарахтон сарсабзанд. Ба ҷуз ин, дар 12 гектар токзор барпо кард.
Қад-қади роҳ, дар атрофи кӯча, ҳавлии мактабҳо, боғчаҳои бачагона шинонидани дарахтони гуногуни манзаравӣ ва мевадиҳанда дар назар аст. Кабудизоркунӣ бо суръат идома дорад.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик». 

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: