Президенти Ӯзбекистон аҳамияти густариши ҳамкориро бо Корпоратсияи CITIC қайд кард

Дар чаҳорчӯби барномаи будубош дар Пекин Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо сарвари корпоратсияи CITIC-и Чин Си Гохуа мулоқот кард.

Корпоратсияи байналмилалии сармоягузории оид ба идоракунии амволи Чин ширкати пешбаре мебошад, ки хадамоти молиявӣ расонда, лоиҳаҳои бузурги саноатӣ ва инфрасохторӣ амалӣ менамояд. Дороиҳои CITIC тақрибан 1,5 триллион долларро ташкил медиҳад.

Дар мулоқот масъалаҳои густариши портфели лоиҳаҳои муштарак, пеш аз ҳама дар соҳаи  инфрасохтори роҳу нақлиёт ва муҳандисӣ, инчунин навсозии низоми ирригатсионии кишварамон баррасӣ шуданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: