Дар Ӯзбекистон гувоҳномаи таваллудро онлайн расмӣ гардондан мумкин аст

Дар портали ПЯХДИ хидмат оиди бақайдгирии фосилавии гувоҳномаи таваллуд пайдо шуд.

Аз хидмати давлатӣ бо фиристодани аризаи дахлдор ба сайти my.gov.uz. истифода бурдан мумкин. Аммо барои ин ҳуҷҷат талаб карда намешавад.

Бар замми ин рафти аризаро тавассути my.gov.uz. мушоҳида кардан мумкин. Дар натиҷа шумо ҳамеша аз раванди он хабардор мегардед.

Нархи хидмат ба воситаи портали my.gov.uz. бо назардошти тахфиф 10 фоиз 44 ҳазору 550 сӯмро ташкил медиҳад. Хароҷоти почта 25 ҳазор сӯмро ташкил медиҳад.

Инчунин дар портали ПЯХДИ хидмати расмигардонии шаҳодатномаи таваллуд мавҷуд аст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: