ДАР ХИДМАТИ МАРДУМ

Зариф Холов аз ҳуқуқшиносони номии вилояти Сурхондарё аст, ки дар ҳалли низоъҳои додгоҳии шаҳрвандони минтақа фаъолона ширкат меварзад.

Ӯ дар байни мардум маҳз туфайли донишу истеъдоди худ обрӯю эътибори хос пайдо кардааст. Вай 23 сол боз дар  Шӯрои сурхондарёвии Федератсияи  иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон кор мекунад ва бо ҷамоаҳои меҳнаткашони вилоят робитаи хуб дорад. Ҳоло дар вазифаи инспектори ҳуқуқи меҳнат ба аҳли меҳнати минтақа мунтазам кумакҳои ҳуқуқӣ мерасонад, омилҳои нақзи ҳуқуқи онҳоро омӯхтаву дар доираи қонунҳои ҷории ҷумҳурӣ ҳаллу фасл менамояд.  
– Низоъҳои меҳнатии байни коргарону кордиҳандагон дар ҳама давру замонҳо вуҷуд дошта, имрӯз низ зуд-зуд ба амал меоянд. Баъзе роҳбарон аз вазифа сӯиистеъмол карда, ҳуқуқи ходимонро дағалона поймол мекунанд. Дар чунин ҳолатҳо иттифоқи касаба ба кумаки онҳо мерасад ва аз ҳуқуқашон дифоъ мекунад, – мегӯяд Зариф Холов.
Аммо ин дар ҳолест, ки аксари мардуми мо аз ҳуқуқи худ ба таври кофӣ хабар надоранд ва ин омил боиси нигарониҳо ҳам ҳаст. Солҳои охир ҳукумати ҷумҳурӣ дар робита ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқдонии шаҳрвандон чораҳои муассир меандешад. Дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ дарсҳои алоҳида ташкил шудаанд ва воситаҳои ахбори умум низ дар ин бора пайваста ташвиқот мебаранд, то мардуми мо аз ҳуқуқи худ бохабар бошанд. 
Бояд таъкид кард, ки Зариф Холов зодаи деҳаи Бибиширини ноҳияи Бойсун мебошад, ӯ 5 феврали соли 1974 дар оилаи омӯзгори варзида Халил Холов ба дунё омадааст. Ҳалол кор кардану нони ҳалол хӯрданро аз қиблагоҳи худ омӯхта, онро шиори зиндагиаш қарор додааст. Вай пас аз хатми факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соли 1996 нахустин қадамҳои худро дар додгоҳи шаҳри Тирмиз чун котиб шурӯъ намудааст.
– Кор дар вазифаи котиби додгоҳ ҳуқуқшиносони ҷавонро обутоб ва дониши назарии онҳоро такмил медиҳад, – мегӯяд ӯ.
Зариф сипас дар идораҳои ҳайати вакилони мудофеи «Шеробод» ва «Мадад»-и шаҳри Тирмиз, ҳайати вакилони мудофеи  вилояти Сурхондарё то соли 2005 фаъолияти кории худро идома дод. Ӯ соли 2005 ба Шӯрои сурхондарёвии Федератсияи  иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ ба ҳайси мудири шуъбаи ҳуқуқ ба кор гузашта, фаъолияти худро бо ҳаёти коргарон ва ҳифзи ҳуқуқи онҳо пайваст. Тӯли ин солҳо дар дифоъ аз ҳуқуқи меҳнаткашони вилояти Сурхондарё муттасил заҳмат мекашад ва вазифаи худро аз сидқи тамом ба сомон расонида, дар байни ҷамоаи меҳнатӣ обрӯю мавқеи хосе пайдо кардааст. Зариф Холовро ходимони муассисаҳои давлатӣ ва коргоҳҳои хусусии вилоят хеле хуб мешиносанд. Дар симои ӯ ҳимоятгари ҳуқуқҳои худро мебинанд ва ҳангоми зарурат ба ӯ муроҷиат карда, мушкилоти пешомадаро бо кордиҳандаи худ ҳал менамоянд. 
Зариф ҳоло на танҳо барои ҳимояи ҳуқуқи меҳнаткашон часпу талош меварзад, балки аз тариқи ВАО низ алайҳи вайрон шудани қонунҳои ҷории кишвар, хоса қонунҳои вобаста ба меҳнат мақолаҳои зиёде ба нашр мерасонад, барои мустаҳкам шудани пояҳои ҳуқуқии Ӯзбекистони Нав саҳми муносиб мегузорад. 
Соли гузашта мавсуф зиёда аз 30 мақола ба нашр расонида, дар байни ҳамтоёни худ дар корҳои тарғиботӣ ва ташвиқотӣ ҷойгоҳи муносиберо ба даст овард. Ҳамчунин дар идомаи сол ба ташкилоту муассисаҳои гуногуни вилоят рафтаву 63 суҳбат ва семинару хонишҳои омӯзишӣ ташкил намуд, ки садҳо одамони касбу кори гуногунро гирдиҳам овард. Ҳуқуқшиносоне чун Зариф дар таҳкими пояҳои ҳуқуқии давлати мо хидмати шоиста мекунанд. 

Баҳруллоҳ МУҲАММАДИЕВ, 
мудири шуъбаи корҳои ташкилии Шӯрои сурхондарёвии 
Федератсияи  иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон.    

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: