Конфронси байналхалқии сайёҳӣ дар Навоӣ

Дар шаҳри Навоӣ конфронси байналхалқии илмиву амалӣ таҳти мавзӯи “Туризм – пешбари босуръати тараққиёти иқтисодӣ” баргузор гардид.

Дар шаҳри Навоӣ конфронси байналхалқии илмиву амалӣ таҳти мавзӯи “Туризм – пешбари босуръати тараққиёти иқтисодӣ” баргузор гардид. Профессори Донишкадаи иқтисодиёт ва сервиси Самарқанд Дилбар Ҳасанова иштирокдоронро бо мақсад ва вазифаҳои конфронси байналхалқии илмӣ-амалӣ шинос намуд. 
– Азбаски ба донишкадаи мо омӯхтани имкониятҳои сайёҳии ноҳияҳои Нурато, Хатирчӣ ва Қизилтеппа супурда шуда буд, омӯзгорони донишкада дар давоми ҳафт моҳ шароит, маконҳои таърихӣ, имкониятҳои сайёҳии дохиливу хориҷии ин ҳудудҳоро омӯхтанд. Мо дар ҳамкорӣ бо ҳокимияти вилоят ва саридораи туризм ва варзиш харитаи фаъолиятро тартиб додем, – гуфт ӯ. 
– Таҷрибаи сайёҳии давлатҳои хориҷиро низ омӯхтем, – суханашро идома дод Д. Ҳасанова. – Фаъолияти соҳибкории сайёҳӣ низ бояд асоси илмӣ дошта бошад. Чунки соҳаи сайёҳӣ пешбари босуръати тараққиёти иқтисодии кишвар мебошад. 
Дар вилояти Навоӣ низ фаъолияти соҳибкории ширкатҳои сайёҳӣ фаъолият доранд ва ба хазинаи давлат даромад ҳам меоваранд. Бояд аз ҳар як имконият васеъ истифода бурд. Бунёди меҳмонхонаҳои замонавӣ, меҳмонхонаҳои ҳавлигӣ, ташкили воситаҳои нақлиёт ва равон сохтани роҳҳо вазифаи муҳим аст. Дар ин ҷараён давлат соҳибкоронро дастгирӣ намуда, ба рушду нумӯи соҳа имкониятҳои васеъ муҳайё намудааст. 
Дар конфронс соҳибкорони ширкатҳои сайёҳии се ноҳияи номбурда ва чанд меҳмони хориҷӣ низ ҳозир буданд
– Конфронси байналхалқии илмӣ-амалӣ ба мо таассуроти амиқ гузошт, – мегӯяд соҳибкори ҷавони нуратоӣ Ҳаитбой Рӯзиев. – Як сол боз ба қабули сайёҳони дохилӣ машғулам. То ба ҳол аз реклама истифода накардаам. Конфронс барои ман сабақ шуд. Бо кормандони донишкада тамос гирифтам, пас аз ин аз реклама васеъ истифода мебарам...

Ӯзбакбойи РАҲМОН, 
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти Навоӣ. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: