Илҳом Маҳкамов бо вазири нақлиёти Чин Ли Сяопен мулоқот кард

Дар мулоқот вазифаҳои муҳими марбут ба рушди ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи нақлиёт қайд карда шуданд.

Аз ҷумла, вазирон татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани “Чин – Қирғизистон – Ӯзбекистон”, рушди коридори мултимодалии нақлиётии “Андиҷон – Ўш – Иркештом – Қашғар”, соддагардонии додани раводид ба ронандагоне, ки боркашонии байналмилалиро анҷом медиҳанд, инчунин ташаккули долонҳои нави нақлиётии мултимодалиро баррасӣ карданд.

Ҳамчунин тавофуқ ҳосил шуд, ки дар ояндаи наздик мулоқоти гурӯҳҳои кории ду кишвар ба манзури татбиқи масоили мувофиқашуда баргузор шавад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: