Намояндагони ВАО-и Ӯзбекистон таҷрибаи энергетикии Чинро меомӯзанд

Ба Ҷумҳурии Мардумии Чин барои намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ ва котибони матбуоти Вазорати энергетика ва ташкилотҳои низоми он пресс-тур ташкил карда шуд

Дар чорабинӣ намояндагони Вазорати экология ва Агентии иттилоот ва коммуникатсияи оммавӣ низ иштирок доранд.

Иштироккунандагони пресс-тур, ки мувофики супориши Президент ташкил карда шуд, бо фаъолияти корхонаҳои низоми энергетикии шаҳрҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин — Пекин, Сиан ва Чэнду шинос шуданд.

Аввалин иншоот дар Пекин ширкати China Energy International Co. LTD соли 2011 таъсис ёфтааст. Дар системаи он зиёда аз 100 000 корманд аз 140 кишвари ҷаҳон кор мекунанд. Дороиҳои умумии созмон 154 миллиард долларро ташкил медиҳад. Ба гуфтаи коршиносон, ширкат беш аз 300 лоиҳаро бо иқтидори умумии 1060 ГВт оғоз кардааст.

Рӯзноманигорон ва котибони матбуоти Ӯзбекистон бо таҷрибаи ширкат дар тарҳрезӣ, сохтмон ва хидматрасонӣ ба неругоҳҳои барқӣ шинос шуданд. Ҳамзамон, ба онҳо дар бораи имконоти бунёд ва истифодабарии манбаъҳои "сабз"-и неруи барқ, аз қабили неругоҳҳои офтобӣ, бодӣ ва атомӣ, ба ҷуз неругоҳҳои ҳароратӣ ва неругоҳҳои барқи обӣ маълумоти муфассал дода шуд.

Қайд карда шуд, ки China Energy International Co. LTD дар як қатор минтақаҳои Ӯзбекистон дар соҳаи энергияи барқароршаванда лоиҳаҳои умумиро ба маблағи умумии 2 миллиарду 450 миллион доллар амалӣ менамояд. Масалан, ширкат дар вилояти Сирдарё ба сифати пудратчии генералӣ дар сохтмони неругоҳи барқии замонавӣ иштирок мекунад, инчунин аз ҳисоби сармоягузории мустақим дар ноҳияи Каттақӯрғони вилояти Самарқанд корхонаи каммасрафи семент ба кор андохта шуд. Ба ғайр аз ин, аз ҷониби корхона дар вилоятҳои Бухоро ва Қашқадарё ду неругоҳи барқии офтобӣ бо иқтидори 500 МВт сохта шуда истодааст.

Иқтидори ибтидоии ин неругоҳҳо 27 декабри соли 2023 ба шабакаҳои ҷамъиятӣ пайваст шуда буд ва имрӯз онҳо ба шабакаи барқи Ӯзбекистон энергияи тозаи "сабз"-ро интиқол медиҳанд. Дар баробари ин дар вилояти Навоӣ  лоиҳаи сохтмони неругоҳи гибридӣ (системаи нигоҳдории энергияи офтобӣ, шамол ва барқ) бо иқтидори 600 МВт амалӣ карда мешавад.

Ба ғайр аз ин, дар вилоятҳои Тошканд, Фарғона, Андиҷон ва Намангон лоиҳаи сохтмони 8 системаи неруи барқ татбиқ мегардад. Мақсад аз баргузории пресс-тур шиносоӣ бо системаи энергетикии Ҷумҳурии Мардумии Чин, технологияҳои пешрафтаи дар он истифодашаванда ва раванди рақамисозӣ мебошад.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: