МАҲСУЛОТИ ХУШСИФАТ БАРОИ БОЗОРҲОИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶӢ

Дар корхонаи муштараки ӯзбекистониву чинии «Пенг-Шенг», ки соли 2009 дар вилояти Сирдарё кушода шуд, молҳои истеъмоли халқӣ истеҳсол карда мешаванд.

Сару либос, пойафзор аз чарми табиӣ, маводи замонавии сохтмон ва сантехникӣ аз ҷумлаи истеҳсолоти ин корхонаи муштарак мебошанд.  

Дар корхона ҳамчунин тухмипошакҳои кишти зери клёнка, зиёда аз 40 намуди кошинҳои мармарӣ истеҳсол мегарданд, ки ба Тоҷикистон, Қирғизистон, Хитой, Русия ва кишварҳои дигар содир карда мешаванд. Ҳаҷми солонаи содирот зиёда аз 35 миллион долларро ташкил медиҳад.
Дар корхонаи муштарак 2 ҳазор нафар кор мекунанд, ки 1800 нафари онҳо аҳолии маҳаллӣ мебошанд. Беш аз 60 фоизи кормандон ҷавононанд. Рӯзҳои наздик боз ду лоиҳаи нави сармоявӣ амалӣ хоҳад шуд, дар натиҷа миқдори маҳсулот зиёд мегардад ва беш аз сад ҷойи нави корӣ ташкил меёбад.
Соли 2017-ум ҳаҷми содирот 4,3 миллион долларро ташкил дод, он замон ҳанӯз истеҳсоли маҳсулоти тайёр аз чарм ба роҳ гузошта нашуда буд. Соли 2023-юм аз маҳсулот дар ҳаҷми 14 миллион доллар 63 фоизаш маҳсулоти чармӣ буд. Корхона ҳамчунин бо расонда додани чарми коркардшуда ба зиёда аз 30 сехи истеҳсоли маҳсулоти чармин, ки дар ҳудуди Ӯзбекистон амал мекунанд, машғул мебошад. 
Корхонаи муштараки «Пенг-Шенг» аз соли 2010-ум бо коркарди чарм машғул мебошад. Вомҳои имтиёзноке, ки ба корхонаи содиротӣ пешниҳод шуданд, имкон доданд, ки барои ин мақсадҳо маҳсулоти кимиёӣ ва рангҳои истеҳсоли Аврупо харид карда шаванд. Ашёе, ки истеҳсол мешаванд, ба талаботи меъёр  куллан мувофиқат мекунанд. Бо дастгирии Иттиҳодияи «Ӯзчармсаноат» роҳбарияти корхона дар намоишгоҳҳои байналхалқие, ки дар шаҳрҳои Шанхай, Милан, Маскав баргузор шуданд, иштирок кард ва бобати содироти чарм муоҳидаҳо баста шуд. 
Мақсади ҳолоинаи корхонаи муштараки «Пенг-Шенг» зиёд кардани ҳаҷми истеҳсолот ва содироти маҳсулоти тайёр бо арзиши иловагӣ мебошад. 

Шуҳрат СУЯРОВ, 
хабарнигори ӮзА.
Суратгир: Ш. ОРТИҚБОЕВ (ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: