Президенти Ӯзбекистон бо Дабири кулли СММ афзалиятҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳоро баррасӣ кард

  • Президенти Ӯзбекистон бо Дабири кулли СММ афзалиятҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳоро баррасӣ кард
  • Президенти Ӯзбекистон бо Дабири кулли СММ афзалиятҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳоро баррасӣ кард
  • Президенти Ӯзбекистон бо Дабири кулли СММ афзалиятҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳоро баррасӣ кард

19 сентяб дар доираи иштирок дар дебатҳои умумии иҷлосияи 78-уми Ассамблеяи генералии СММ дар шаҳри Ню-Йорк Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Котиби генералии Созмон Антониу Гутерриш мулоқот анҷом дод.

Пешомади вусъати минбаъдаи ҳамкориҳои Ӯзбекистон бо СММ, пеш аз ҳама бобати татбиқ сохтани вазифа ва мақсадҳои миллӣ дар соҳаи рушди устувор баррасӣ гардиданд.

Бо қаноатмандӣ қайд шуд, ки солҳои охир сатҳи ҳамкории байни Ӯзбекистон ва СММ ба дараҷаи баланди бесобиқа расидааст. Тақрибан 140 барнома ва лоиҳаҳои муштарак бомуваффақият татбиқ мешаванд. Бо ташаббуси ҷониби Ӯзбекистон 6 баённомаи Ассамблеяи Генералии СММ қабул шуданд, барои дастгирии иҷтимоии аҳолии минтақаи Наздиарал Бунёди трастовӣ амал мекунад.

Ӯзбекистон узви як қатор сохторҳои бонуфузи СММ интихоб шудааст ва дар фаъолияти онҳо иштироки хуб дорад. Якҷо чорабиниҳои бузурги байналхалқӣ бо рӯзномаҳои ҷаҳонӣ, азҷумла, оид ба масъалаҳои таъмин сохтани амнияти хӯрокворӣ, рушди сайёҳӣ, мубориза бо нодорӣ ва тағйироти иқлим гузаронида мешаванд.

Антониу Гутерриш ба маърӯзаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар иҷлосияи 78-уми Ассамблеяи Генералӣ баҳои баланд дода, таъкид намуд, ки барномаи ислоҳоти бебозгашти мамлакатро дастгирӣ менамояд, ӯ инчунин муҳимияти пешниҳод ва ташаббусҳоро баҳри ҳаллу фасли мушкилоти рӯзмарра ва минтақавӣ таъкид кард.

Котиби генералӣ миқёси мақсад ва вазифаҳои стратегияи нави ислоҳоти «Ӯзбекистон – 2030», ҳамоҳангии пурраи онро бо Ҳадафҳои рушди устувор махсус зикр намуд. Ӯ омодагии СММ ва тамоми идораҳои онро бобати кумак барои амалан татбиқ сохтани ин ҳуҷҷати барномавӣ изҳор намуд.

Бинобар натиҷаи гуфтушунидҳо оид ба коркарди «харитаи амалиёт» дар самтҳои афзалиятноки амиқсозии шарикии  васеъмиқёси байни Ӯзбекистон ва СММ қарордод ба даст омад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: