САҲМИ КИШОВАРЗ ДАР РУШДИ ИҚТИСОДИИ МАМЛАКАТ

Ӯзбекистон дар рӯзҳои мо яке аз давлатҳои аз нигоҳи иқтисодӣ пуриқтидор ба шумор меравад.

Ӯзбекистон дар рӯзҳои мо яке аз давлатҳои аз нигоҳи иқтисодӣ пуриқтидор ба шумор меравад.  Ё худ он мамлакати молик ба салоҳияти бузург буда, ба  сифати як пораи ҳамҷамъияти ҷаҳон ба иқтисодиёти умумибашарӣ таъсир расонда метавонад. 
Давлати мо  солҳои истиқлолият дар ҳамаи соҳаҳо ба муваффақиятҳои калон ноил шуда бошад, хусусан тӯли панҷ-шаш соли охир дар натиҷаи ба амал баровардани ислоҳоти васеъмиқёс пешравӣ ва дастовардҳо равшантар ба назар расиданд. Кишоварзӣ, айни замон, ба яке аз соҳаҳои пешқадам табдил ёфт. Тартиби ҷудо карда шудани қитъаҳои замин бо мақсадҳои соҳибкорӣ такмил ёфт. Барои номнависсозии субъектҳои соҳибкорӣ тартиби хидматрасонии давлатӣ, айни замон, аз нав дида баромада шуд. Коғазбозӣ хотима ёфт. Омилҳое барҳам хӯрданд, ки боиси беҳуда вақтгумкунии соҳибкорони оянда мешаванд. Меъёрҳои литсензионӣ ва рухсатдиҳӣ сода гардонда шуданд.
Ғайр аз ин, мувофиқи қарори роҳбари давлат Институти “мизоҷи сирноки хидматҳои давлатӣ” таъсис ёфт. 68 навъи худро бандсозии шахсони ҷисмонӣ муайян шуда бошад, қисмати асосии шахсони ба шуғл фарогирифташударо меҳнаткашони деҳот, ки ба кишоварзию чорвопарварӣ машғуланд, ташкил намуданд. Тартиби муваққат додани гувоҳномаҳои меҳнатӣ барҳам хӯрд. Бо  мақсади баланд бардоштани ҳаҷми савдои берунӣ дар содирсозии озуқаворӣ ва навъҳои гуногуни маҳсулоти хоҷагии қишлоқ барои экспортчиёнамон як қатор боҷҳо бекор карда шуданд.
Ҳамин тавр, чун дар дигар соҳаҳо ислоҳоти кулл дар кишоварзӣ низ самараи дилхоҳ бахшид. Бо пешравиҳо дар соҳа боварӣ ба сабзиши барқарории иқтисодӣ ташаккул ёфт.
Зимистон низ фаро расид. Замин дар зери кӯрпаи барфи аввал хоб аст. Вале деҳқон дар ҳамин айём низ қарор надорад. Ғами ҳосили соли ояндаро мехӯрад. 
Чанд рӯз пеш иди касбиаш – Рӯзи ходимони кишоварзӣ таҷлил гашт. Бо ҳанӯз ҳис кардани кайфияти идона вай болидарӯҳ ба назар мерасад.
Роҳбари давлати  мо ба ин муносибат диловарони саҳро ва кулли алоқамандони соҳаро муборакбод намуд. Дар табрикот қайд шудааст, ба иқлими басо мураккабу душвориҳои шароити мавҷуда нигоҳ накарда, аз замин ҳосили фаровон рӯёндан воқеан намунаи ҷасорат ва мардонагӣ мебошад.
Рӯёндани ҳосил кори умумиҷамоавист. Аз як гиребон сар бароварда, арақи ҷабин рехтан, саъю ҳаракат намудани деҳқонҳои хокпошу фермерҳои соҳибтаҷриба, обронҳои моҳиру ирригаторҳо, агрономҳо ва механизаторҳое, ки чашмикордон ва устоди касби хешанд, хирман меофаранд. Сериву пурӣ ва серфайзии растаи бозорҳо, фаровонии дастархони аҳолиро таъмин мекунанд. Зимнан, баробари деҳқон, ки ба замин сарукор дорад, чорводору пиллапарвар, олимону тадқиқотгарони соҳаи кишоварзӣ, кластерҳо низ худро алоқаманди бевоситаи майдонҳои кишт ва бозори озуқа мешуморанд, Рӯзи касбиашонро муносиб қайд карданд. 
Тавре Президент ишора кард, маҳз ба туфайли саъю ҳаракат ва меҳнати сидқилонаи онҳо мактаби деҳқонӣ, ки молик ба анъанаҳои қадимӣ мебошад, ривоҷу равнақ меёбад. Тараққиёти соҳаи аграрӣ ба давраҳои нав ворид мегардад. Бозорҳои дунё ба маҳсулоти кишоварзии мо бештар таваҷҷуҳ менигаронанд. Албатта, кишварҳои аграрӣ дар дунё зиёд. Вале таъми меваҷоту маҳсулоти озуқаворие, ки дар Ӯзбекистон парвариш ёфтаанд, дигар аст. Офтоби баланди ин диёр, оташи дили деҳқони пухтакори мо низ эҳтимол ба лаззати маҳсулотамон сабаб шуда бошад.  
Натиҷаҳои меҳнатӣ низ хеле хурсандкунанда. Соли равон бори нахуст дар мамлакат  аз ғалла ҳосили рекордӣ рӯёнда шуд: 8 миллиону 200 ҳазор тонна. Пахтакорони диловар ба давлат 3 миллиону 800 ҳазор тонна ҳосили гаронбаҳо супурданд. Маҳсулоти сабзавоту полизии деҳқонон 15 миллион тоннаро ташкил намуд. Сардии зимистони гузашта ба дарахтон зарар расонд. Бо вуҷуди ҳамин боғдору ангурпарварони ӯзбекистонӣ душвориҳоро паси  сар карда, ба натиҷаҳои хуби меҳнатӣ ноил шуданд ва бештар аз 5 миллион тонна меваҷоту ангур расониданд. Аз картошка низ ҳосили фаровон рӯёнида шуд – 4 миллион тонна “нони дувум” истеҳсол гашт. Пиллапарварон бошанд, 26 ҳазор тонна ҳосили аълосифат ба давлат супурданд, ки ин низ натиҷаи бад нест.
Сардори давлат дуруст  қайд мекунад, ки яке аз омилҳои асосии дастёбӣ ба муваффақиятҳо ин истифодаи оқилона аз захираҳои об. Зеро ҳар қатра об бо гузашти вақт бештар ба гавҳар монанд мешавад, қадр пайдо мекунад. 
Ғайр аз ин фаъолона  ҷорӣ намудани технологияи замонавӣ дар истеҳсолот, мустаҳкамсозии базаи модӣ-техникии корхонаҳо ва омодасозии кадрҳои салоҳиятнок ба комёбиҳои кишоварзон сабаб мешаванд.  Аз ҳама муҳимаш, меҳнати деҳқон ва корманди соҳа муносиб қадр карда мешавад. Шароити қулайи корӣ барояш фароҳам мегардад. Барои осон гардондани кор ва ҳалли мушкилоти деҳқон чораҳо андешида мешаванд. 
Ҳоло дар мамлакат зиёда аз 800 кластер фаъолият  мебарад, ки мададрасони кишоварз мебошад. 100 фоиз ҳосили пахта, бештар аз 60 фоиз маҳсулоти меваҷот самараи меҳнати бевоситаи ин кластерҳо низ мебошад. 
Ҷараёни рақамисозӣ, технологияи обёрии  қатравӣ ва инноватсияҳо торафт бештар ба соҳа ворид ва онҳо ба натиҷаҳои хуб омил мегарданд. Расондани зиёда аз 10 ҳазору 500 техникаи замонавӣ ва агрегат меҳнати инҳоро осон намуд. Соли равон, айни замон, дар 500 ҳазор гектар майдон технологияҳои обро сарфакунанда ҷорӣ гашт. Ҷуз ин ба таври илова бештар аз 100 ҳазор гектар замин ба истифода супурда шуд. 
Бо мақсади баланд бароштани даромади аҳолӣ дар ду соли охир 200 ҳазор гектар майдонҳои пахтаву ғалла ихтисор гашт ва ба ихтиёри 670 ҳазор нафар шаҳрванд дар асоси озмун супурда шуд. Ин боис гашт зиёда аз 2 миллион ҷойи кори доимиву мавсимӣ ташкил карда шавад. Маҳсулоти бариловае, ки дар натиҷаи ҳамин кор ба даст омад, 3 миллион тоннаро ташкил намуд. 
Дар соҳаи кишоварзӣ татбиқи амалии худ ёфтани нуктаҳои дахлдори “Стратегияи Ӯзбекистон –2030”, бовар дорем, вазифаҳои муҳими рӯз ба иҷро расида, диловарони саҳрои мо ба боз ҳам мустаҳкамгардии пояҳои иқтисодии мамлакатамон саҳми муносиб мегузоранд.
М. ШОДИЕВ, 
мухбири “Овози тоҷик”. 
                    

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: