Раҳбарони Ӯзбекистон ва Туркия масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои гуногунҷанбаро баррасӣ карданд

31 июл Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Таййип Эрдоған мулоқоти телефонӣ анҷом дод.

Масъалаҳои мубрами густариши минбаъдаи ҳамкории бисёрҷанбаи Ӯзбекистону Туркия ва  таҳкими шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ баррасӣ шуданд.

Бо қаноатмандии бузург динамикаи рӯзафзуни ҳамкориҳои амалӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, сармоягузорӣ, фарҳангию гуманитарӣ, инчунин робитаҳои судманди байни минтақаҳои ду кишвар қайд гардид.

Аҳамияти пешбурди лоиҳаҳои кооператсияи нави саноатӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои энергетика, маъдан, хӯрокворӣ, нассоҷӣ ва дигар соҳаҳо таъкид гардид.

Ҷадвали чорабиниҳои муштараки дарпешистода, аз ҷумла баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамкориҳои стратегӣ дар сатҳи олӣ баррасӣ шуд.

Инчунин оид ба масъалаҳои рӯзномаи минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: