Акнун метавонед барои сафар дар қатораҳои наздишаҳрӣ ба воситаи кортҳои НAПР пардохт кунед

Дигар аз вокзалҳои роҳи оҳан ба поездҳои барқӣ чипта харидан лозим нест.

Бо истифода аз кортҳои нақлиётии низоми автоматиконидашудаи пардохти роҳкиро ё кортҳои бонкӣ пардохтҳоро мустақиман дар вагонҳои қатораҳои барқӣ анҷом додан мумкин аст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати нақлиёт, ин қулайӣ дар аввал дар қаторҳои барқии хатсайри Тошканд – Ҳуҷакент ҷорӣ шуда, қарор аст, ба зудӣ дар хатсайрҳои Тошканд – Бекобод, Тошканд – Ховос ва Тошканд – Ангрен ба роҳ монда шавад.

Пардохтҳо бевосита дар вагонҳо аз ҷониби контроллерҳо тавассути валидатори мобилӣ қабул карда мешаванд. Пас аз пардохти бомуваффақият, чиптаи коғазии тасдиқкунандаи пардохт дода мешавад.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: