Президенти Ӯзбекистон дар нишасти СКТ ташаббусҳои муҳимро пеш гузошт

  • Президенти Ӯзбекистон дар нишасти СКТ  ташаббусҳои муҳимро пеш гузошт
  • Президенти Ӯзбекистон дар нишасти СКТ  ташаббусҳои муҳимро пеш гузошт
  • Президенти Ӯзбекистон дар нишасти СКТ  ташаббусҳои муҳимро пеш гузошт
  • Президенти Ӯзбекистон дар нишасти СКТ  ташаббусҳои муҳимро пеш гузошт
  • Президенти Ӯзбекистон дар нишасти СКТ  ташаббусҳои муҳимро пеш гузошт
  • Президенти Ӯзбекистон дар нишасти СКТ  ташаббусҳои муҳимро пеш гузошт
  • Президенти Ӯзбекистон дар нишасти СКТ  ташаббусҳои муҳимро пеш гузошт

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, ки бо сафари корӣ дар Остона қарор дорад, дар ҷамъомади навбатии Шӯрои сарони давлатҳои Созмони кишварҳои туркӣ иштирок кард.

Дар чорабинӣ, ки таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев баргузор шуд, ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Туркия Реҷеп Таййип Эрдоған, Сарвазири Венгрия Виктор Орбан, Пешвои миллии мардуми туркман, Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов, инчунин Котиби генералии СКТ Кубаничбек Омуралиев иштирок карданд.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа оид ба вазъ ва дурнамои муносибатҳои гуногунҷанба дар чаҳорчӯби СКТ табодули афкор сурат гирифта, масъалаҳои кунунии ҳамкориҳои амалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Президенти Ӯзбекистон дар суханронии худ таъкид кард, ки дар замони имрӯзи босуръат тағйирёбанда садои халқҳои туркӣ, ки бо забону мазҳаб ва арзишҳои маънавӣ бо ҳам пайвастаанд, боз ҳам баландтару пурқувваттар дар саросари ҷаҳон садо медиҳад. Созмон дар тартиботи нави ҷаҳонӣ ва системаи институтҳои байналмилалие, ки имрӯз ба вуҷуд меоянд, мавқеи торафт муҳимро ишғол мекунад.

Ҳамзамон, сарвари давлат ба пайдо шудани мушкилоти нав дар таъмини амнияти ҷаҳонӣ,  афзудани ҳолатҳои  дуршавӣ аз меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ишора кард.

Вақтҳои охир тезу тунд шудани низои Фаластину Исроил ташвиши махсус ба амал овард. Дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳона шумораи куштаю ярадоршудагон дар байни аҳолии осоишта, хусусан пиронсолон, занон ва бачагон хеле зиёд шуда, хавфи вусъати ҳамаҷонибаи ҷанг пурзӯр мегардад.

Ба ин муносибат, раҳбари Ӯзбекистон ҷонибҳои даргирро ба оташбаси фаврӣ ва амалиёти низомӣ, омадан ба созиш ба мақсади башардӯстона даъват кард. Мавқеи қатъии Ӯзбекистон дар бораи зарурияти мувофиқи резолютсияҳои СММ дар асоси тамоюли «ду давлат барои ду халқ» ҳал кардани мушкилоти Фаластину Исроил эълон шуд.

Сарвари давлат дар бораи ҳамкориҳои Ӯзбекистон бо кишварҳои узви СКТ ҳарф зада, аз роҳандозии муносибатҳои шарикии стратегӣ аз ҷониби кишвари мо бо тамоми аъзои Созмон бо қаноатмандӣ қайд кард. Ҳуҷҷатҳои муҳиме, ки соли гузашта дар нишасти Самарқанд ба имзо расида буданд, пайваста амалӣ мешаванд.

Дар давраи раёсати Ӯзбекистон дар СКТ беш аз 100 чорабиниҳои гуногун гузаронда шуданд, ки ба таҳкими ҳамкориҳои кишварҳои туркӣ нигаронида шуда, ташаббусҳои муҳим ба миён гузошта, сохторҳои нав таъсис дода,  бо як қатор сохторҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ шарикии наздик ба роҳ монда шуданд.

Бо мақсади боз ҳам густариш додани робитаҳои бисёрҷониба ва дарозмуддат байни кишварҳои узви Созмон Президенти Ӯзбекистон як қатор пешниҳоду ташаббусҳоро ба миён гузошт.

Аз ҷумла, пешниҳод карда шуд, Хартияи дунёи туркӣ бо ҷалби олимону коршиносони бонуфуз таҳия карда шавад, ки ваҳдат ва муттаҳидии халқҳои туркзабон, гузаштаи бузург, фарҳанги ғанӣ ва арзишҳои азалиро инъикос медиҳад.

Ба мақсади таҳкими кооператсияи саноатӣ ва татбиқи лоиҳаҳои калони муштараки сармоягузорӣ аҳамияти пурзӯр намудани корҳо оид ба бунёди Бонки рушди туркӣ бо ҷойгир намудани ин муассисаи молиявӣ ба Тошканд зикр гардид.

Президенти Ўзбекистон  корҳои амалиро оид ба ташкили Маркази тадқиқотии ҳамкории тиҷоратии давлатҳои туркӣ ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, ба зарурати истифодаи самараноки имкониятҳои он ҷиҳати бартараф кардани монеаҳои тиҷорат, васеъ ҷорӣ намудани механизмҳои нави афзоиши ҳаҷми содироту воридот, рушди платформаҳои тиҷорати электронӣ эътибор дод.

Аҳамияти рушд ва диверсификатсияи занҷирҳои ҷаҳонии логистика ва долонҳои нақлиётӣ,  ташаккули шабакаи ягонаи транзитӣ таъкид гардид. Сарвари давлат дар ин замина тадбирҳоро ҷиҳати тавсеаи иқтидори долони миёна, рушди самтҳои иловагии бисёрсоҳавӣ, аз ҷумла, долонҳое, ки тавассути кишварҳои СКТ ба бозорҳои Чин, Осиёи Ҷанубӣ ва Аврупо мегузаранд, ҳамчунин рақамикунонии хадамоти нақлиётӣ дастгирӣ намуд.

Инчунин, пешниҳод карда шуд, ки Шӯрои идораҳои роҳи оҳани Созмон таъсис дода, маъмурияти сохтори мазкур ба Ӯзбекистон ҷойгир карда шавад.

Бо мақсади таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи экология ташаббуси таъсиси Форуми экологии туркӣ ба миён гузошта шуд, ки он дар сатҳи вазирон пайваста фаъолият хоҳад кард.

Роҳбари Ӯзбекистон таъкид кард, ки ҷавонони эҷодкор, боистеъдод ва мақсаднок дар оянда Эҳёи нави ҷаҳони туркро бунёд хоҳанд кард. Барои дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонписарон ва духтарони ташаббускор, ки ба ҳар як чизи нав кӯшиш мекунанд, пешниҳод шуд, ки дар Ӯзбекистон Маркази ҷавонони эҷодкори дунёи туркӣ кушода шавад.

Президенти Ӯзбекистон аҳамияти омӯзиши амиқи мероси илмию эҷодии ҷадидонро қайд намуда, намояндагони кишварҳои СКТ-ро барои иштирок дар конфронси байналмилалии «Ҷадидҳо: асолати миллӣ, ғояҳои истиқлолият ва давлатдорӣ», ки моҳи декабри соли ҷорӣ дар Ӯзбекистон барпо мегардад, даъват намуд.

Дар қисмати ниҳоии суханронӣ роҳбари Ӯзбекистон таваҷҷуҳи ҳозиринро ба вазъи мардуми сермиллат ва азияткашидаи Афғонистон, ки таъриху тақдири он дар тӯли ҳазорсолаҳо бо халқҳои туркӣ робитаи ногусастанӣ дорад, ҷалб намуд.

Раҳбари кишварамон даъват кард, ки кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон коҳиш дода нашавад ва ҳамчунин механизмҳои мушаххасе таҳия карда шаванд, ки ба ҳалли мушкилоти шадиди иҷтимоӣ дар ин кишвар нигаронида шудаанд.

Дар ҷаласа ҳамчунин сарони ҳайатҳои Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия, Венгрия, Туркманистон, инчунин Котиби генералии Созмон суханронӣ карданд.

Бинобар ҷамъбасти нишаст оид ба самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби СКТ як қатор созишнома ва қарорҳо қабул гардиданд.

Раёсат дар Созмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон гузашт.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: