ИҚТИДОРИ ИҚТИСОДӢ ИНКИШОФ МЕЁБАД

Дар ноҳияи Фориш дар арафаи 32-солагии Истиқлолияти Ӯзбекистон ба бунёд кардани заводи сементбарории «Sоfkor’» пойдевор гузоштанд.

Ин корхона бо сармояи ҳокимияти вилояти Ҷиззах, ширкатҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин «Western Pte LTD» ва Ҷумҳурии Тоҷикистон «МOXIR PLAZA» барпо хоҳад ёфт. Бо ин мақсад аз ҳудуди ноҳияи Фориш 50 гектар замин ҷудо карда шудааст. 
Дар маросими пойдевормонии завод ҳокими вилоят, ҳамчунин директори Ширкати чиноии «Western Pte LTD» Сао Сзян Шун ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода сухан карданд.
Ин завод соле бо иқтидори  2,4 миллион тонна кор мекунад ва асосан маҳсулоти ногузири сохтмон – сементи тамғаи «М-400» ва «М-500» мебарорад. Қимати лоиҳа 200 миллион доллари амрикоист. 
Дар назар аст, ки заводи мазкур моҳи июли  соли 2024 ба кор дарояд. Дар он сурат иқтидори иқтисодии на танҳо як ноҳия, балки вилоят, ҳатто ҷумҳуриамон низ инкишоф хоҳад ёфт.
Дар маросим миёни ҳокимияти вилоят ва ширкати Чин меморандум ба имзо расид.

Анорбой НАЗАРОВ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: