Панҷсад ҷойи нави корӣ ва содироти тамоми маҳсулот

  • Панҷсад ҷойи нави корӣ ва содироти тамоми маҳсулот
  • Панҷсад ҷойи нави корӣ ва содироти тамоми маҳсулот
  • Панҷсад ҷойи нави корӣ ва содироти тамоми маҳсулот
  • Панҷсад ҷойи нави корӣ ва содироти тамоми маҳсулот
  • Панҷсад ҷойи нави корӣ ва содироти тамоми маҳсулот
  • Панҷсад ҷойи нави корӣ ва содироти тамоми маҳсулот
  • Панҷсад ҷойи нави корӣ ва содироти тамоми маҳсулот

Президент Шавкат Мирзиёев дар рафти сафар ба вилояти Хоразм бо фаъолияти корхонаи бофандагии ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Хива кластер» шинос шуд.

Дар мамлакати мо ба истеҳсоли маҳсулоти арзиши иловашуда дар асоси коркарди чуқури ашёи хом диққати махсус дода мешавад. Аз ҷумла, дар бахши агросаноатӣ аз ҷониби кластерҳо корхонаҳои замонавӣ бунёд гардида, истеҳсоли маҳсулоти тайёр васеъ мегардад.

Яке аз ин фабрикаҳо дар вилояти Хива ташкил карда шуда буд. Ба ин корхонаҳо таҷҳизоти пешрафтаи Туркия, Олмон ва Чин насб шудааст. Корхона моҳи ноябри соли гузашта истеҳсолотро ба роҳ монда, 500 нафарро бо ҷойи кор таъмин намуд.

Фабрика дар як сол 7 ҳазор тонна калоба, 4 ҳазор тонна матои трикотажӣ, 10 миллион адад маснуоти дузандагӣ ва трикотажӣ истеҳсол карда метавонад. Аз ҳама муҳимаш, сифати онҳо ба стандартҳои байналмилалӣ мувофиқ аст. Аз ин рӯ, тамоми маҳсулоти истеҳсолшуда ба хориҷа содир карда мешавад. Иқтидори солонаи содиротии корхона ҳудуди 15 миллион долларро ташкил медиҳад.

Сарвари давлат дар ин ҷо рафти истеҳсолотро аз назар гузаронида, бо коргарон суҳбат намуд.

Мувофиқи тамоюли гузариш ба технологияҳои «сабз» дар иқтисодиёт, корхона ба самаранокии энергия диққати махсус медиҳад. Масалан, дар давраи тирамоҳу зимистон биноҳо бо оби гарме, ки дар раванди истеҳсолот ба даст оварда шудаанд, гарм карда мешаванд, ки ин микдори зиёди гази табииро сарфа мекунад. Ғайр аз ин дар болои боми биноҳо панелҳои офтобии иқтидорашон 60 киловатт гузошта шудаанд. Ҳамаи ин ба кам шудани арзиши аслии маҳсулот мусоидат мекунад.

Дар корхона маркази назорати сифат ва омӯзиши касб мавҷуд аст. Коркард ва аз нав кор фармудани партовҳо ба роҳ монда шудааст. Соли гузашта дар кластери нассоҷӣ қариб 20 ҳазор тонна пахта парвариш карда шуд. 1 545 гектар бо усули қатра обёрӣ карда шуд. Умуман, аз соли 2018 то 2023 аз ҷониби кластер лоиҳаҳо ба миқдори 105 миллион доллар татбиқ шуда, салоҳияти содиротӣ дар як сол ба миқдори 50 миллион доллар офарида шуд. Дар системаи кластер зиёда аз 800 нафар ҷавонон кор мекунанд. Ҳоло ҳамроҳи дигар корхонаҳо қариб 20 хел маҳсулот аз кабили равған, собун, тухм, маҳсулоти ширӣ, пойафзол истеҳсол карда мешавад.

Президент бо нақшаҳои ояндаи кластер шинос шуд. Аз ҷумла, лоиҳаҳои нав зиёд кардани истеҳсоли ашёи хоми пахта ва аз он ба даст овардани маҳсулоти дорои арзиши иловагӣ ва маҳалликунонии мошинҳои боркаши камтоннагиро пешбинӣ менамояд. Дар солҳои наздик кластер ният дорад ба истеҳсолоти бепартов гузарад.

Аз ҳисоби татбиқи лоиҳаҳои нав ба нақша гирифта шудааст, ки миқдори умумии кормандони кластер аз 10 ҳазори ҳолоина то 30 ҳазор расонда шавад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: