Чанде қабл Сафири Фавқулодда ва Мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбекистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ба идораи рӯзномаи “Овози тоҷик” ташриф овард.
Сафир таассуроти хешро аз сафари корӣ дар вилояти Қашқадарё, ки чанде пеш он ҷо маҳфили ёдбуди адабиётшинос ва шарқшиноси маъруфи тоҷик, доктори илмҳои филологӣ, академик, Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон, Арбоби шоистаи илми ҶШС Ӯзбекистон, зодаи ноҳияи Китоби вилояти мазкур – Абдулғанӣ Мирзоев баргузор шуда буд, ба ҳам дид.
Ӯ таъкид намуд, ки Абдулғанӣ Мирзоев дар таҳкими дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек саҳми назаррас гузошта, шогирдони зиёдеро тарбия намуда, соҳиби дараҷаҳои баланди илмӣ гардондааст. Донишманди асил дар тӯли умр ба рушди илмҳои таърих, адабиётшиносӣ, матншиносӣ, манбаъшиносӣ ва бостоншиносӣ саҳми назаррас гузошт. Ин аст, ки як қисми осораш ба ганҷинаи илми ҷаҳонии шарқшиносӣ ворид шудаанд.
– Ин гирдиҳамоӣ идомаи ҳамоиши фарҳангиест, ки аввали сол дар ноҳияи Чусти вилояти Намангон бахшида ба 110-умин солгарди нависандаи бузурги тоҷик Сотим Улуғзода баргузор шуда буд, – афзуд дар идомаи суханаш сафир. – Фикр мекунам, ки чунин гирдиҳамоиҳо аҳамияти бузурги тарбиявӣ доранд, робитаҳои дӯстӣ ва бародарии халқҳои тоҷику ӯзбекро беш аз пеш таҳким мебахшанд.
Ҳамчунин сафир бардоштҳои худро аз 22-юмин нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ, ки моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Самарқанд таҳти роҳбарии Шавкат Мирзиёев дар сатҳи олӣ баргузор шуда буд, ба ҳам дид. Гуфт, ки ба ин муносибат дар Самарқанди бостониву бӯстонӣ, тибқи анъанаҳои меъмории Шарқ, шаҳраки нави замонавие бунёд гардидааст, ки хеле назаррабост.
Ӯ изҳор дошт, ки яке аз хонандагони доимии рӯзнома мебошад, дар он матолиби зиёди хонданӣ рӯйи чопро мебинанд. Ин рӯзнома аз рӯзҳои таъсисёбӣ дар таҳкими дӯстӣ ва бародарии халқҳои тоҷику ӯзбек саҳм мегузорад. Вай дар рафти мулоқот ходимони рӯзномаро бо Рӯзи байналхалқии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, бо қироати ғазале дилнишин аз ӯ, табрик гуфт.
Дар поёни гирдиҳамоӣ сафир шиносномаи миллати тоҷик, китоби аллома Бобоҷон Ғафуров – “Тоҷикон”-ро, ки соли 2020 рӯйи чопро дидааст, ба ходимони эҷодии рӯзнома тақдим намуд.
Бояд гуфт, ки ин китоби арзишманд ба якчанд забонҳои дунё тарҷума шуда, ба он дар ИМА, Олмон, Чехияю Словакия, Ҳиндустон, Афғонистон, Покистон ва дигар кишварҳо тақризҳои мусбати илмӣ рӯйи чопро дидаанд.
Таърих чароғест, ки дар торикистони зиндагӣ роҳи имрӯзиён ва ояндагонро рӯшан месозад. Насли имрӯз агар аз бурду бохти аҷдоди дуру наздики хеш бехабар бошад, мисли кӯрон дар роҳи умр ё палмосида мегардад, ё даст ба дасти дигарон дода, ба дунболи онҳо меравад. Таърихи қавми тоҷик имрӯз дар мактабҳои тоҷикии кишварамон омӯзонда намешавад. Агар таълим дода шавад ҳам, он маълумотҳои пурқимате, ки дар ин китоби пурбор оварда шудаанд, дар барномаи таълимӣ намегунҷанд. Биноан, фикр мекунам, ин китобро бояд ҳар як тоҷики ҷумҳурӣ, ба мақсади аз саргузашту сарнавишти миллати худ огоҳӣ пайдо кардан, мавриди мутолиа қарор диҳад.
Вақте ба вожаи “таърих” рӯ ба рӯ меоям, беихтиёр, ин абёти мондагори Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ ба ёд меояд:
Қавм равшан аз саводи саргузашт,
Худшинос омад зи ёди саргузашт.
Саргузашти ӯ гар аз ёдаш равад,
Боз андар нестӣ гум мешавад...
Чист таърих, ай зи худ бегонае,
Достоне, қиссае, афсонае.
Ин туро аз хештан огаҳ кунад,
Ошнои кору марди раҳ кунад...
Рӯҳро сармояи тоб аст ин,
Ҷисми миллатро чу аъсоб аст ин.
Ҳамчу ханҷар бар фасонат мезанад,
Боз бар рӯйи ҷаҳонат мезанад...
Забт кун таърихро, поянда шав,
Аз нафасҳои рамида зинда шав.
Дӯшро пайванд бо имрӯз кун,
Зиндагиро мурғи дастомӯз кун...
Риштаи айёмро овар ба даст,
Варна гардӣ рӯзкӯри шабпараст.
Сар занад аз мозии ту ҳоли ту,
Хезад аз ҳоли ту истиқболи ту.
Ҳолу истиқболи ҳамаи қавмҳои дунё рӯшан бошад. Худо фарзандони ҳеч як қавмро аз омӯхтани саргузашту сарнавишти аҷдодаш маҳрум насозад.
А. СУБҲОНОВ,
хабарнигори “Овози тоҷик”.