ПРЕЗИДЕНТ ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ДАР ИНТИХОБОТ ОВОЗ ДОД

22 декабр интихобот ба Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Шӯрои депутатҳои халқӣ ба амал омад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев якҷоя бо аъзои оилааш ба қитъаи интихоботии 162-юми ноҳияи Мирзо Улуғбеки шаҳри Тошканд омада, дар овоздиҳӣ иштирок кард.
Дар моддаи 117-уми Конститутсия ҳуқуқи интихоб кардан ва интихоб шудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ муайян шудааст. Ҳуқуқи овоз додан, баробариву озодии изҳори хоҳишу ирода бо қонун кафолат дода шудааст.
Дар интихобот панҷ ҳизби сиёсӣ – Ҳизби демократии «Миллий тикланиш», Ҳизби халқӣ-демократӣ, Ҳаракати соҳибкорон ва корчаллонон – Ҳизби либералӣ-демократии Ӯзбекистон, Ҳизби сотсиал-демократии Ӯзбекистон «Адолат» ва Ҳизби экологии Ӯзбекистон иштирок карданд.
Ин воқеаи муҳими ҷамъиятию сиёсӣ таҳти шиори «Ӯзбекистони нав – интихоботи нав», дар шароити баланд гардидани фаъолнокии сиёсии шаҳрвандон ва мувофиқи қонунгузории нави интихоботӣ баргузор гардид.
Бори аввал дар таърихи Ӯзбекистон Кодекси интихобот қабул гардид. Дар он 21 қонуни ба интихобот марбут ба низом дароварда шуд. Рӯйхати ягонаи электронии интихобкунандагон ҷорӣ гардид. Институти муайян намудани квота бекор карда шуд. Барои рақобати солими ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ, аз он ҷумла, Ҳизби нави экологии Ӯзбекистон шароитҳои баробар фароҳам оварда шуданд. 
Мунозираҳои кушоди пешазинтихоботии ҳизбҳои сиёсӣ дар эфири бевосита намоиш дода шуд. Дар онҳо масъалаҳои муҳиме, ки имрӯз ҷамъиятро ба ташвиш мегузоранд,  баррасӣ гардиданд. 
Дар тӯли солҳои охир дар натиҷаи сиёсати рӯшод ва дигаргунсозиҳои демократӣ ҷамъиятамон низ тағйир ёфт, ки ин дар ҷараёни интихобот равшан намоён мегардад. Шаҳрвандон бо боварӣ ва ҳисси дахлдорӣ ба тақдири мамлакат ба қитъаҳои интихоботӣ омада, барои оянда овоз доданд. 
Сарвари давлатамон бо шаҳрвандоне, ки ба қитъаи интихоботии 162-юм омадаанд, суҳбат орост ва бо онҳо якҷоя ба сурат афтид. Ба ҷавононе, ки бори аввал овоз медиҳанд, ба бачаҳое, ки бо волидонашон ба қитъаи интихоботӣ омадаанд, комёбиҳо таманно намуд. 
Куҳансолон ба мамлакатамон сулҳу осоиш, ба Президент сиҳатии мустаҳкам таманно намуданд. 
Дар тамоми қитъаҳои интихоботӣ шароити дар қонунгузории миллӣ пешбинишуда фароҳам оварда шуд. Дар маҳалҳо 6 720 ҳавза ва 10 315 қитъаи интихоботӣ, аз он ҷумла, 55 қитъаи интихоботӣ дар 38 мамлакат таъсис дода шуданд. Бар замми ин, шахсоне, ки дар ҷойҳои аз озодӣ маҳрумкунӣ ҷазоро мегузаронанд  ва ҷинояти вазнин содир нанамудаанд, ҳуқуқи дар овоздиҳӣ иштирок карданро ба даст оварданд. 
Дар ҷараёни назорати интихобот беш аз 700 нафар нозирони хориҷӣ ва байналхалқӣ, аз он ҷумла ҳайати ИДМ, СҲШ, БМРО, Конфронси Гаага оид ба ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ, Шӯрои туркӣ, ТюркПА, инчунин миссияи васеъмиқёси Бюрои оид ба институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА иштирок намуданд. 
Президент Шавкат Мирзиёев бо нозирони хориҷӣ, намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ суҳбат кард. Онҳо таъкид намуданд, ки интихобот кушод, дар дараҷаи баланди ташкилӣ бо фаъолнокии баланди ҷамъиятиву сиёсии шаҳрвандон мегузарад. 

ӮзА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: