Дар ҷараёни робитаи конфронси видеоии байни директори Маркази тадқиқоти иқтисодӣ ва ислоҳот (МТИИ)-и назди Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Обид Ҳакимов, Сафири кишвари мо дар Белгия Дилёр Ҳакимов, директори иҷрогари клуби матбуотии Брюссел Лоран Бриха ва корманди ин клуби матбуотӣ афзалиятҳо бинобар 8 самти асосии бартариноки рушди минбаъдаи иқтисодиёти Ӯзбекистон дар соли равон баррасӣ шуданд.

Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо натиҷаҳои машварати бахшида ба масъалаҳои таъмин сохтани эътидоли иқтисодиёти миллиро, ки 9 июн таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев баргузор гардид, муҳокима карданд.
Таъкид шуд, ки тӯли се моҳи охир ба соҳаҳои иқтисодиёт 2,3 триллион сӯм имтиёзҳои андоз пешниҳод гардиданд, аз ҷониби Бунёди зиддибуҳронӣ 3,6 триллион сӯм ҷудо карда шуд.
Қайд гардид, ки маҳз стратегияи мақсаднок ва амиқ андешидашудаи роҳбарияти Ӯзбекистон имкон медиҳад рушди минбаъдаи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар шароити буҳрони ҷаҳонии иқтисодиёт таъмин карда шавад.
Хотиррасон менамоем, ки мувофиқи пешгӯии Бонки умумиҷаҳонӣ дар соли 2020-ум 5,2 фоиз коҳиш ёфтани маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷаҳонӣ пешбинӣ мегардад. Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ИМА 6,1, Русия 6, Иттиҳоди Аврупо 9,1 фоиз коҳиш меёбад. Ҳамзамон тараққии иқтисодиёти Чин ба андозаи 1 фоиз, Ӯзбекистон 1,5 фоиз пешбинӣ мешавад.
АИ «Дунё»,
БРЮССЕЛ.