РАВАНДИ ТРАНСФОРМАТСИЯИ РАҚАМӢ ДАР БОНК

Чун дигар самтҳои иқтисодиёти мамлакат дар соҳаи молияву бонк низ ислоҳоти назаррас ба амал бароварда мешавад.

Қабул гардидани фармони Президенти кишвар аз 12 майи соли 2020 «Дар бораи Стратегияи ислоҳоти низоми бонкии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2020-2025» зинаи муҳими рушди соҳа гардид. Дар қарори мазкур қисми зиёди корҳоро дар раванди ислоҳоти сохтори бонк трансформатсияи рақамӣ фаро гирифт. Ғайр аз ин, вазифаҳои ба амал ҷорӣ намудани ташаббусҳои замонавӣ ва рушди хидматрасонии масофавии бонк, технологияҳои нави ахбор, омӯхтани таҷрибаи пешқадами байналхалқии фаъолияти бонкҳо ва намуди навъҳои гуногуни хидмату маҳсулоти бонкӣ аниқ ифода гардидаанд.


Баҳри таъмини иҷрои фармони мазкур бонки тиҷоратии саҳҳомии «Ӯзсаноатқурилишбанк» чорабиниҳои заруриро ба амал мебарорад. Махсусан, дар солҳои 2022-2023 инфрасохтори технологияҳои иттилоотии (IT) бонк мустаҳкам гардида, хидматрасонии интернет, бонки мобилӣ, навъҳои ахбори хидматҳо ва маҳсулоти масофавӣ ҷорӣ карда мешаванд.
Дар ҷамъомади навбатие, ки бонки номбурда дар Агентии иттилоот ва коммуникатсияҳои оммавӣ ташкил намуд, доир ба раванди трансформатсияи рақамӣ дар бонк сухан рафт.
Дар он муовини якуми раиси раёсати БТС-и «Ӯзсаноатқурилишбанк» А. Эрматов таъкид кард, ки трансформатсияи рақамӣ дар низоми бонк маҷмӯи амалҳое мебошад, ки дар муассисаи молиявӣ бо ёрии технологияҳои муосири молиявӣ, барномаҳо ва кормандони донишманду соҳибмалака амалӣ карда мешаванд.
Моҳи марти соли ҷорӣ шумораи шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони алоҳида, ки аз хидматрасонии бонкии фосилавӣ истифода мебаранд, ба 34 ҳазор нафар афзуд. Хаҷми фурӯши маҳсулот назар ба ҳамин давраи соли гузашта ба 57 фоиз зиёд шуд. Ҳаҷми муомилот дар соли 2022 6,5 триллион сӯмро ташкил дод ва дар давраи ҳисоботӣ маблағи он ба 25 триллион сӯм расид.
Соли гузашта ҳаҷми амалиётҳо тавассути хидмати «Интернет-банкинг» аз ҳисоби роҳандозии версияи мобилии он ба таври назаррас афзоиш ёфт. Ин барнома дорои интерфейси осон ва содда буда, ба ҳама талаботи бехатарӣ ҷавобгӯ аст. Имрӯзҳо тавассути платформа мизоҷон аз ҳама намуди хидматрасониҳои бонк 24/7 барои анҷом додани пардохтҳои ҳаррӯза истифода мебаранд. Интегратсия бо барномаи «Бухгалтерия 1С» барои муштариён қулайиҳои иловагӣ фароҳам меорад.
Имрӯзҳо бонк хидмати масофавии худро ба мизоҷон тавассути хидматҳои «Интернет банкинг», «Мобил банкинг» ва «СМС-банкинг» мерасонад, бо ин усул вақти мизоҷро сарфа намуда, бо тасарруфи зудамали маблағҳо ба аҳолӣ қулаиҳо фароҳам меорад. Ин дар навбати худ ба имкони баланд шудани самаранокии иқтисодӣ ва зиёд гардидани миқдори мизоҷони бонк мусоидат мекунад.
Масалан, хидмати «Интернет банкинг» ба мизоҷон имкони ба бинои бонк нарафта, аз ҷойи кор, тавассути интернет маблағи дар ҳисобварақ доштаашро ба зудӣ тасарруф намудан ва маълумоти кофӣ гирифтанро фароҳам меорад.
Барои аз хидматрасонии масофавӣ истифода бурдан мизоҷ чун шахси юридикӣ ба филиалҳои бонке, ки ба онҳо хидмат мерасонад, муроҷиат намуда, шартномаи махсусро расмӣ мегардонад. Мутахассиси бонк ба компутери мизоҷ дастури махсус дохил карда, калиди бехатарии «ikey» тақдим менамояд. Инчунин бо тарзи аз он истифода бурдан шинос мекунад.
Ҳар як бонк мизоҷи худро дорад. Ходимони бонки «Ӯзсаноатқурилишбанк» баҳри расондани хидмати босифат ба аҳолӣ кӯшиш мекунанд, то ки ҳар як корафтода аз онҳо ризоманд бошад.

Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: