ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ВА ЗАБОНҲОИ МИЛЛӢ

Онҳое, ки дар замони шӯравӣ умр ба сар бурдаанд, медонанд, ки забонҳои миллӣ дар чӣ вазъ қарор доштанд.

Доираи истифодаашон хеле танг шуда буд. Аз ҷумла, забонҳои тоҷикиву  ӯзбекӣ аз минбарҳои расмӣ ронда шуда буданд. Роҳбарони давлат дар маҷлису анҷуманҳо ба забони русӣ ҳарф мезаданд. Дар мактабҳои миллӣ рӯзу ҳафтаҳои забони русӣ ҷорӣ карда шуда буд, соатҳои таълими забони русӣ, нисбат ба соатҳои таълими забонҳои миллӣ зиёд буд. Яъне дар сартосари  Иттиҳоди Шӯравӣ доираи истифодаи забонҳои миллӣ сол аз сол тангтар шуда, роҳ ба сӯйи якзабонӣ  боз мегардид...

Ин аст, ки адибони саршиноси Иттиҳоди Шӯравии собиқ, мисли Расул Ғамзатов, Чингиз Айтматов, Эркин Воҳидов, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Абдулло Орипов ва дигарон ба мавзӯъҳои миллӣ-озодихоҳӣ даст заданд. Аз ҷумла, шеъри пурмуҳтавои устод Эркин Воҳидов «Она тилим ӯлмайди» («Забони модариам намемирад» Ин шеърро устод Лоиқ Шералӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст) ва як силсила шеърҳои ба забони модарӣ бахшидаи устод Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир ва дигарон садде дар роҳи тангкунии забонҳои миллӣ буд. Касе, ки «Доғистони ман»-и Расул Ғамзатовро хонда бошад, дар он аҳд то куҷо танг шуда истодани доираи забонҳои миллиро рӯшан дарк менамояд...
Бо марҳамати Худо ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба истиқлол расиданд ва пасу пеш ба забонҳои миллӣ, аз ҷумла забони ӯзбекию тоҷикӣ, мақоми давлатӣ дода шуд. Забони давлатии Ӯзбекистон пас аз муҳокимарониҳои тӯлонӣ ба тасвиб расид.
Дар моддаи якуми Қонуни забони давлатӣ омадааст: «Забони давлатии Ӯзбекистон забони ӯзбекӣ мебошад.» Ин маънои онро дорад, ки тамоми коргузориҳои расмӣ бо ин забон сурат мегиранд, маҷлисҳои давлатӣ бо ин забон баргузор мешаванд. Инак, тӯли чанд сол аст, ки тамоми коргузориҳо ва маҷлисҳо ба забони давлатӣ сурат мегиранд. Ба онҳое, ки ба забони давлатӣ балад нестанд, ин забон  ройгон омӯзонида мешавад. Шаҳрвандони ғайриӯзбек амиқ дарк намудаанд, ки забони давлатиро бояд дар сатҳи муомила балад бошанд. Интихоби забони байналмиллӣ бино ба салоҳдиди шаҳрвандон аст.
Тибқи таҳрири нави Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» то ҷое барои ҳифз ва рушди забонҳои миллӣ, аз ҷумла, забони форсии тоҷикӣ имконият фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, дар моддаи 4-уми таҳрири нави қонун омадааст: «Дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба шаҳрвандон барои омӯхтани  забони давлатӣ ва эҳтирому рушди забони миллату халқиятҳое, ки дар  ҳудуди он ба сар мебаранд, шароити мусоид фароҳам оварда мешавад».
Ба ҷуз ин, тибқи таҳрири нави Қонуни забони давлатӣ миллатҳои маскуни Ӯзбекистон дар мавзеъҳое, ки зич истиқомат мекунанд, ҳаққу ҳуқуқ доранд, ки дар ҷойи будубоши худ шиору овезаҳоро ба забони модарии худ навишта дар ҷойҳои ба назар намоён насб намоянд, забони таълими кӯдакистон, мактабҳои миёна ва муассисаҳои таълими олиро ба забони модарии худ роҳандозӣ кунанд, маҷлисҳоро бо забони модарии худ баргузор намоянд...

А. СУБҲОНОВ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: