ҶАСОРАТ ВА САДОҚАТИ ЯК МОДАР

ё порае аз рӯзгори як зани диловари тоҷик

Ӯғулой Ҷӯрабоева аз зумраи фарзандони зиёиву худогоҳи тоҷик аст. Ӯ дар деҳаи Янгибоғи ноҳияи Узуни вилояти Сурхондарё зиндагӣ мекунад. Кору пайкорашро дидаву аз забони баъзе огоҳон шунида, зуд аз дил мегузаронам, ки шояд аз ҷумлаи «духтарони оташ» ҳастанд. Зиндагиномаи ин зани бебок касро мутаассир мекунад. Вай баҳори соли 1954 дар оилаи  деҳқон ба дунё омадааст. Падари дар орзуи писар, ба вай Ӯғулой ном медиҳад. Аслан онҳо дар оила даҳ нафар  будаанд. Аммо аз ҳаводиси ҳаёти бешафқат танҳо се нафар  – се духтари гулрӯ саломат мондаанд. Боқӣ ба сабабҳои гуногун ба ҷавори ҳақ рафтаву дар дили падару модар доғҳои хоное гузоштаанд. Волидони ҷигархун шукргӯён ҳамин се нафарро ба дандон газида, калон кардаанд. Рафтору кору бори Ӯғулой  падарро хурсанд менамуданд. Қобилияти хуби шогирд устодони дабистонро низ  мамнун мекард. Чун аз мактаби рақами 33 (ҳоло дабистони рақами 12) номаи камол гирифт, соли 1970 ба шуъбаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуд. Панҷ соли хониш дар донишгоҳ гӯё ба як мижа задан гузашту ба зодгоҳ баргашт. 
Дар рӯзномаи ноҳиявии «Сариосиё ҳақиқати» чун хабарнигор кор кард, аммо муҳити рӯзнома ба хостаҳои дили ӯ созгор набуд. Баъд дурии роҳу шароити оила ӯро як муддат водоштанд, ки аз ин шуғли дӯстдоштааш канор равад. Фарзандонаш ҳам хурд буданд ва тарбияву нигоҳубини онҳо низ тақозо мекард, ки табдили пеша созад. Ӯ пешаи омӯзгориро интихоб кард ва хато накард. Дар мактабҳои рақами  12 ва 14-уми ноҳияи Узун то соли 2004 ба ҳайси омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик фаъолият нишон дод. 
– Он вақтҳо соатҳои дарсии фанни забон ва адабиёти тоҷик зиёд буданд. Бешак, дарси забон ва адабиёт шогирдонро дар роҳи худогоҳиву худшиносӣ тарбият мекунад. Ифтихори миллиро дар вуҷуди онҳо ҷой медиҳад. Имрӯзҳо кам карда шудани дарсҳои забон ва адабиёти тоҷик ба фарҳангу тамаддуни миллати мо зарбаи сахте шуд. Охир, фарзандони мо адабиёти оламшумули худро ба таври бояду шояд наомӯзанд, минбаъд арзишҳои миллиро аз даст хоҳанд дод. Забони худро низ фаромӯш хоҳанд кард, – мегӯяд муаллима. 
Ва рост ҳам мегӯяд. Тоҷик тӯли асрҳо ҳаргиз аз омӯзиши забону адабиёташ маҳрум набуд.
Вай дар яке аз мақолаҳояш, ки ба шарафи Рӯзи забони тоҷикӣ иншо шудааст, ҳақбинона менигорад: 
«Оҳ! Чӣ ҷонҳое бохтаам барои зинда мондани забони бечора ва дар дами марг қарор доштаам. Ба шогирдонам ҳам суруд ёд медодам, ҳам шеърхонӣ ва ҳам саҳначаҳо офаридаву меомӯзондам, то ки лафзи модари азизам зинда монад.
Имрӯз дар деҳаи мо забони тоҷикӣ сайди тирхӯрдаро мемонад. На сиҳат меёбад ва на ҷон таслим мекунад. Он оҳуи зебоест, ки соҳибонаш аз беэътиноӣ ба сӯяш тирҳо холӣ кардаанд. Миёни роҳ маҷрӯҳу оғуштаи хун аст. Ҷароҳаташ хурд нест, балки маргбор! Бояд ҳамакаса дармонаш бахшем, то зинда монад...!»
Оё ин нидои модари тоҷик ба гӯши фарзандони хоболудаш мерасида бошад?! 
Апаи Ӯғулой ба нафақа баромад, аммо ҳаргиз аз қаламу коғаз дур нагашт, дар саҳифаҳои матбуоти давр пайваста қаламиҳои худро дарҷ мекард. Гоҳ шеър менавишт, гоҳ мақола, гоҳе ба тоҷикӣ тарҷума мекард. Аввалин маҷмӯаи ашъораш соли 2017 бо номи  «Рози дил» аз тариқи нашриёти «Тамаддун» (Тошканд) чоп гардид. Баъдан асари Абдулло Қаҳҳорро бо номи «Анор» ба тоҷикӣ тарҷума кард. Фурсате, ки ёфт, эҷодиёти даҳонии ҳалқ – мардуми сарбаланди кӯҳистони Дараи Ниҳонро гирд меовард. Аммо камбудии маблағ намегузорад, ки дар шакли китобе манзури хонанда карда шавад. Шеърҳои махсуси бачагон аз қаламиҳои муаллима бо номи «Харгӯшаки гурезпо»  дар нашриёти «Тамаддун» мунташир гашт. 
Акнун апаи Ӯғулой бо ҳафтодсолаҳо дӯш ба дӯш гом мегузорад. Ба пирӣ ҳаргиз тан додан намехоҳад, худро далер гирифтаву нерӯманд ҳис карда, аз паси ину он кор кашола мешавад. Ин бонуи ҷасур ва қавиирода ҳар рӯз ба худ ҳисоб додаву медонад, ки ҳанӯз дар ҳаёт корҳои нобудаш зиёданд, бояд ҳатман иҷро кунад. 
– Магар пирӣ бар сари худ як маризии бедаво нест? – мепурсад ғамолуда хандида ӯ ва пойҳои дардманди худро кашола карда, ба ҷевони пур аз китоб наздик мешавад ва аз он ҷо сози кор – қаламу коғаз, нусхаи рӯзномаҳо ва кадомин як китобро ҳам мегирад. Бо уфу куфи пирона ба назди ман менишинад. Айнаки шишакалони худро ба чашм гузошта, ба чанд коғаз хира мешавад. – Дилат мехоҳад сад корро анҷом бидиҳӣ, аммо ку ҳамон нерӯ? Дигар он атои парвардигорро надорам! Аммо даст пеши бар нигоҳ карда нишастан ҳам аз инсоф нест. То як зарра ҷонам ҳаст, дар хидмати миллатам мекӯшам.
Апаи Ӯғулой вақте миллат мегӯяд, ин вожа аз умқи замираш чун вулқоне ҷӯшидаву хурӯшида берун меояд. Дар ибтидо чашмонаш шӯълавар мешаванд, бо ҳарорат чанд ҳарф аз забонаш ба парвоз меоянд. Аз кору пайкори худ ёд оварда, вуҷудаш аз ифтихор пур мегардад. Аммо баъд ногоҳ ба ғам мепечад, миёни абрӯвонаш гиреҳ фаромада, лаб мегазад ва сар такон дода мегӯяд:
– Як чизе, ки маро зинда ба зинда мекушад, имрӯз аз хондан ба забони тоҷикӣ ҳазар кардани тоҷики ман аст. Ман андешида ба субуташ намерасам. Чаро тоҷикон ба чунин ҳол гирифтор шуданд? Чаро аз забони худ рӯ мегардонанд? Чаро фарзандони худро ба мактабҳои тоҷикӣ намедиҳанд?
Вай то нафас рост бикунад, муддате хомӯш мемонад ва мебинам, ки ба дидгонаш ашк давида, мисоли ҳезуми тар месӯзад.
Ӯ модари шаш фарзанд аст – ду писар ва чаҳор духтар. Онҳо инсонҳои хушахлоқ ҳастанд ва модар бо ҳар кадом алоҳида менозад. Аз ин шумор писари калонӣ – Диловари худро бохтааст. Вай дар синни 38 дар шаҳри Маскав вафот кард. Ин ҷудоӣ ба модари зор хеле сахт таъсир карда, як муддат ӯро рӯҳафтода ҳам намуд. 
– Диловари номуродам дар қабристони деҳа, дар баландии барҳавое хоб аст. Ҳар гоҳ, ки сахт ёдаш мекунам, то манзили хомӯшон меравам ва ба он фароз баромада натавониста, аз берун аз паси симтӯри иҳота ба самти қабраш менигарам ва ба ашки чашмон тар шудаву дилам аз ҳаҷраш бадтар хун ба хона меоям.
Дона-дона ашк мерезад муаллима ва оҳкашон ба ёд меорад: 
– Ин мусибат кам буд магар, ба сари ман боз кулфати дигаре бор шуд. Духтараки рӯзноманигорам Заррина ба бемории ҷигар гирифтор шуд. Мани як бор ҷигарбохта ба шаш ақсои олам давидам. Дар пиронсолӣ гадоӣ кардаву пул ҷамъ овардам ва ӯро ба Ҳиндустон фиристодем, ки он узви тани худро табобат намояд. Таҳмина ба апааш Заррина чун донор нисфи ҷигарашро бахшид. Шукр, хурсанд баргашт ва то ҳол дар назорати табибон аст. 
Заррина Қурбонова духтари журналисти апаи Ӯғулой аст, ки касби модар омӯхтаву дар саҳифаи тоҷикии рӯзномаи ноҳиявии «Боботоғ тонгӣ» («Субҳи Боботоғ») кор мекард. Пас аз маризии тӯлонӣ натавонист дигар дар таҳияи маводи саҳифаи тоҷикӣ саҳм гузорад. Касе пайдо нашуд, ки ин вазифаро ба сомон расонад. Баъд апаи Ӯғулой ночор розӣ шуд. То ҷои духтаракаш номаълум гардад, то тоҷикони ноҳия аз як саҳифа рӯзнома ба забони модариашон маҳрум намонанд, вай миён маҳкам баст ва дар интишори он азму ҷазм намуд. Ду сол аст, ки ӯ ин корро сарбаландона ба сомон мерасонад ва бар ивази ин қадар заҳматаш аз идораи рӯзнома ягон сӯм дарёфт намекунад. Вай ройгон хидмат мекунад!
– Шармам меояд, то бигӯям, ки маошам бидиҳед. Давлат, шукр, ду миллион сӯм нафақа медиҳад, басанда аст. Рӯзи инсон бо як коса обу пораи ноне ҳам мегузарад. Аммо бигзор номус аз даст наравад. Муҳим, барои миллат хидмате мекунам, – мегӯяд ӯ ва ба рӯяш сурхӣ медавад. Инро ба оҳанге мегӯяд, ки як кори одияк бошад ва кирои ифтихор ҳам надорад. Аммо ногаҳон вуҷуди маро ҳисси ифтихор пур мекунад ва дар ҳайрати бештару бештар мепурсам, ки наход ройгон кор мекунед? Дар ҷавоб хандаи малеҳеро мешунавам ва чашмонам ба гунаҳои сурхи ӯ меафтанд, ки зери бори ҳаё ранг иваз кардаанд.
Зиҳӣ, эй модари бонангу номуси тоҷик! Ҷасорат ва садоқатро бояд аз ту омӯхт.

Шариф ХАЛИЛ,
хабарнигори  «Овози тоҷик».

Вилояти СУРХОНДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: