ҶАМЪОМАДИ НАВБАТИИ КОМИССИЯИ ПАРЛУМОНӢ

Дар маҷлисгоҳи ҷунбиши миллии «Юксалиш» ҷамъомади навбатии Комиссияи парлумонӣ оиди идоракунии маблағи Бунёди ҷамоатии назди Олий Маҷлис баргузор гардид.

Дар маҷлисгоҳи ҷунбиши миллии «Юксалиш» ҷамъомади навбатии Комиссияи парлумонӣ оиди идоракунии маблағи Бунёди ҷамоатии назди Олий Маҷлис баргузор гардид.
Дар чорабинӣ, ки онро муовини раиси бунёд Б. Тоҷиев пеш бурд, аъзои Сенат, депутатҳои Палатаи қонунгузорӣ, намояндагони идораҳои давлатӣ ва институтҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ, ки аъзои Комиссияи парлумонӣ мебошанд, иштирок намуданд.
Ҳисоботи созмонҳои ғайридавлатию ғайритиҷоратии «Пресс-клуби байналхалқӣ» ва ҷунбиши миллии «Юксалиш», ҳамчунин ҷамъияти «Тарғиботгарони маърифат» дар доираи субсиди давлатӣ оиди  фаъолияташон дар соли 2019 шунида шуд.
Намояндаи Пресс-клуби байналхалқӣ Умедҷон Ёқубов таъкид кард, соли 2019 аз ҷониби клуб чорабиниҳо дар шаклҳои гуногун 91 маротиба рӯйи кор омаданд. 24-тои онҳо дар шакли сессия, 23-то дар формати сессияи сайёр гузаронида шуда бошад, 15 анҷумани матбуотӣ, 20 брифинг, 9 пресс-кофе доир гардид. Айни замон дар доираи лоиҳаи «Тет-а-тет» наздик 10 намоиш омода ва ба эътибори  бинандагон 24 маротиба пешкаш карда шуд. 
Зимни чорабиниҳое, ки дар шакли сессия сурат гирифтанд, асосан Муроҷиати роҳбари давлат ба Олий Маҷлис (28 декабри соли 2018) баррасӣ шуда, масъалаҳои сармоя, ривоҷи иҷтимоӣ, занону духтарон, дастгирии иштироки фаъолонаи CFF ва институтҳои дигари шаҳрвандӣ дар ҷараёни ислоҳот мавриди гуфтугӯ қарор гирифтанд.
Баробари ҳамин аз Муроҷиат баромада омада, дар мавзӯъҳои «Ҳифзи ҳуқуқ ва  манфиатҳои инсон дар  Ӯзбекистон: давраи нави ислоҳот, афкори тоза ва таҳлили муаммоҳо», «Сохтори тандурустӣ: давраи нави ислоҳот, таҳлили муаммоҳо ва дастгирии иҷтимоӣ», «Сиёсат оиди ҷавонон дар Ӯзбекистон: таҳлили мушкилот, муносибатҳои замонавӣ ва вазифаҳои муҳим дар давраи нави ислоҳот», «Ислоҳоти нави тиҷоратию бонкӣ дар Ӯзбекистон: вазифаҳои муҳими соли 2019, таҳлили кушоди мушкилот ва ҳалли замонавӣ» сессияҳо  баргузор гардиданд. Аз ҷониби CFF-и «Пресс-клуби байналхалқӣ» таҳти мавзӯи «Сохтори таълими олии Ӯзбекистон: давраи нави ислоҳот, таҳлили амиқи мушкилот ва ҳалли мақбул» тобистони соли 2019 дар вилоятҳои Намангон, Андиҷон, Самарқанд, Бухоро, Навоӣ, Ҷиззах, Сирдарё ва Ҷумҳурии Қароқалпоқистон барои муассисаҳои таълими олӣ сессияҳо ташкил карда шуданд. 
Чорабинии ҷамъбастӣ 26 июн дар Қасри эҷоди ҷавонон воқеъ дар пойтахт рӯйи кор омад. Ҷомеаи васеъ, алоқамандони таълими олӣ сессияҳоро гарм пазируфтанд, ҷиҳатҳои хуби онҳоро эътироф сохтанд, миннатдорӣ баён карданд.
Пресс-клуби байналхалқӣ аз сентябри соли 2019 сар карда, фаъолияти худро ба равшансозии омодагиҳо ба интихобот барои парлумон ва Шӯроҳои маҳаллӣ равона сохт. Мувофиқ ба меморандуме, ки якҷо бо Комиссияи марказии интихоботӣ имзо гашт, маркази матбуоти байналхалқӣ дар платформаи Пресс-клуби байналхалқӣ ташкил карда  шуд. 3 октябри соли 2019 анҷумани байналхалқӣ таҳти мавзӯи  «Қонунгузории интихоботии навшудаи Ӯзбекистон – асоси баргузории интихоботи демократӣ» барпо гардид. Баъдан таҳти шиори «Ӯзбекистони нав – интихоботи нав» дар шаклҳои гуногун ҷамъ 44 чорабинӣ рӯи кор омад.
Мавзӯъҳое, ки аз ҷониби Пресс-клуби байналхалқӣ бардошта шуданд, дар сайтҳои интернетӣ, рӯзномаҳо, радио ва телевизион, нуқтаҳои иҷтимоии «Телеграм», «Инстаграм» ва «Фейсбук»  мунтазам эълон карда шуданд. Аҳолӣ ва экспертҳо ба гузоришҳо таваҷҷӯҳи калон зоҳир намуданд. 
Н. Мамаҷонов дар бораи фаъолияти ҷунбиши «Юксалиш» дар давоми соли 2019 маълумот дод. Гуфт дар асоси фармони Президент аз 17 январи соли 2019 «Дар бораи амалӣ гардонидани Барномаи давлатии «Соли сармояи фаъол ва рушди иҷтимоӣ» аз рӯйи панҷ самти устувори рушди ҷумҳурӣ дар солҳои 2017-2021 ҷунбиши «Юксалиш» ва фаъолияти он ба роҳ гузошта шуд.
Барои ташаккули базаи моддӣ-техникии «Ҷунбиш аз ҷониби бунёди хайриявии «Маҳалла» 1 миллиард сӯм ҷудо карда шуда бошад, ҷонибҳои дигари таъмини молиявии онро Бунёди  дастгирии CFF ва институтҳои дигари  шаҳрвандии назди Олий Маҷлис ба зимма гирифт. 7 феврали соли 2019 маросими тақдимот бахшида ба мақсад ва вазифаҳои ҳаракати «Юксалиш» ва самтҳои фаъолияти он рӯи кор омад. То моҳи июл дар 14 ҳудуди ҷумҳурӣ зершуъбаҳои ҳудудии Ҷунбиш ташкил карда шуданд. 
Дар даврае, ки гузашт, дар бештар аз 50 ҳудуди ҷумҳурӣ чорабиниҳои мониторингии ҷамоатчигӣ баргузор ва ба Маъмурияти Президент, ба Девони Вазирон маводҳои таҳлилӣ ва таклифҳо пешниҳод карда шуданд.
Ғайр аз ин дар ҷараёни назорати ҷамоатчигие, ки дар ҳудудҳо ба амал бароварда шуданд, бо бештар аз 1000 субъекти соҳибкорӣ, созмонҳои ғайридавлатию ғайритиҷоратӣ, вакилони идораҳои давлатӣ ва ҳокимияти давлатии маҳаллӣ вохӯриҳо ташкил карда шуданд. 
Тадбирҳои маниторингие, ки дар вилоятҳои гуногуни ҷумҳурӣ корбаст шуданд, самараи худ бахшиданд. Масалан, дар ҷараёни шиносоӣ бо фаъолияти корхонаи ӯзбекистонию туркиягии «Running Business Trans Invest», ки дар минтақаи саноати хурди Қувасой ташкил ёфтааст, барои занону духтарон 300 ҷойи нави корӣ офарида шуд.
Бо мақсади васеъ сохтани сафи аъзои ҷунбиши «Юксалиш» дар сайти www.yumh.uz саҳифаи аъзогии онлайн кушода шудааст. 
Яке аз вазифаҳои асосие, ки дар назди Ҷунбиш истодааст, дар асоси ихтиёрӣ муттаҳидсозии шаҳрвандон, ҳамватанонамон дар хориҷ, созмонҳои ғайридавлатию ғайритиҷоратӣ ва вакилони ҳамҷамъияти тиҷоратӣ мебошад, ки дар ин самт тӯли соли 2019 корҳои васеъмиқёс ба амал бароварда шуданд, гуфт дар фуроварди сухан Н. Мамаҷонов.
Дар охир раиси ҷамъияти «Тарғиботгарони маърифат» Б. Ҳусанов аз рӯйи фаъолияти ҷамъият дар соли 2019 ҳисобот дод. Ролике, ки намоиш ёфт, эътибори иштирокдоронро ба худ кашид. Китобу брошураҳое тақдим карда шуданд, ки фарогири масъалаҳои тарғиботӣ буда, аз ҷониби нашриёти «Маънавият» ба чоп расидаанд.

М. ШОДИЕВ,
мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: