Масъалаҳои ҳамкорӣ бо созмони байналмилалии “Омӯзгорони бидуни марз” баррасӣ шуданд

5 март вазири таълими олӣ, илм ва инноватсия Қўнгратбай Шарипов ҳайати вакилонро бо сардории президенти ташкилоти байналхалқии «Омӯзгорони бидуни марз» Муҳаммад Ал-Байалӣ қабул кард.

Созмони байналмилалии "Омӯзгорони бидуни марз" дар Женева таъсис ёфта, дафтари марказии он дар Абу-Даби воқеъ мебошад. Он барномаҳои таълимиро дар минтақаҳое амалӣ мекунад, ки аз офатҳои табиӣ ва техногенӣ ва ҷангҳои гуногуни ҷаҳон зарар дидаанд.

Аъзои ҳайати вакилон дар бораи фаъолияти маркази экспертии «Шӯрои байналхалқии ҷамъиятҳои мусулмонӣ» сухан ронданд. Зимнан зикр гардид, ки яке аз ҳадафҳои стратегии ин шӯро таҳкими робита байни ниҳодҳои дар ҷомеаи мусулмонӣ фаъолияткунанда, табодули таҷриба ва ҳамоҳангсозии робита бо сохторҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва маҳаллӣ дар иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон гузошташуда мебошад.

Ҷонибҳо оид ба ҳамкорӣ дар самти пешгирӣ аз воридшавии ғояҳои ифротгароии динӣ ба шуури ҷавонон, ноил шудан ба ҳамкориву ҳамбастагӣ ба манфиати мардум, васф намудани шаъну шарафи инсон, қадр кардани мафҳуми таҳаммулпазирӣ ва муҳаббат ба Ватан табодули афкор намуданд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: