АРЗИШИ ФАРҲАНГӢ ЭҲЁ МЕШАВАД

Раиси ҷамъияти дӯстии парлумони миллии Ҷумҳурии Корея – Ӯзбекистон Пак Кванг бо ҳайати намояндагони худ ба Самарқанд ташриф оварда, аввало бо ёдгориҳои таърихии шаҳри бостонӣ шинос шудаанд.

 Ба меҳмонон мақбараҳои Шоҳи Зинда, Дониёр пайғамбар, маҷмӯаи осорхонаи Мирзо Улуғбек ва майдони Регистон таассуроти калон гузошт.
Алалхусус, осорхонаи миллии бостонии Афросиёб ба майдони баҳсу мунозираҳо табдил ёфт.
— Дар деворнигораҳои Афросиёб аксҳои аҷоиб, хоссатан, ба Самарқанд ташриф овардани сафирони Куриё диққату эътибори моро ба худ кашид, – таассуроти хешро баён кард ҷаноби Пак Кванг, – ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки риштаи дӯстии мо таърихи беш аз ҳазорсола дорад.
Сипас, шартномаи ҳамкории Ӯзбекистон ва Куриё ба имзо расид. Дар асоси шартномаи тарафайн  барои таъмири ёдгориҳои таърихии Самарқанд қариб 4 миллион доллар сармояи хориҷӣ ворид хоҳад шуд.
Ҳангоми ба имзо расонидани шартнома тарафайн таъкид карданд, ки ёдгориҳои таърихии шаҳри Самарқанд дар олам нуфузи хосаро дорад ва онҳоро барои насли оянда нигоҳ доштан ҳам қарз асту ҳам фарз.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: