БУХОРО ДАР ШЕЪРИ ШОИРОНИ ФОРСУ ТОҶИК

Бухоро шаҳри бостонӣ, бархурдор аз шоирон, нависандагон ва донишмандони бузург ва хушфикр, мардумони наҷиб, ором ва меҳмонннавоз, яке аз гаҳвораҳои бузурги илму фарҳанг ба шумор меравад.

Ин шаҳри куҳан, ки аз гузаштаҳои дур бо номи Бухорои Шариф машҳур буда, мавриди таваҷҷуҳ ва алоқаи шоҳон ва сипаҳсолорон, бозургон ва гардишгарон, нависандагон ва донишмандони кишварҳои мухталифи ҷаҳон будааст ва ҳар касе ба равише ин шаҳрро тавсиф ва таҳсин намудааст.
Шуаро ва адибони форсигӯйи Эрон ва Фарорӯд низ шаҳри зебои Бухороро дар ашъору навиштаҳои худ сутуда ва ҳар кадом аз онҳо аз зовия ва даричаи фикрии худ Бухороро дида ва ситойиш кардаанд.
Ҳамаи ин васфҳо, хотирот, навиштаҳо ва ашъор ганҷинае арзишманд барои дастандаркорони фарҳанг, ҳунар ва гардишгарист.
Бештарини васфҳо ва ситойишҳо аз ин шаҳр дар ашъори Рӯдакӣ, Мавлоно ва Сайидо Насафӣ дида мешавад. Албатта, ҳамаи инҳо зебо ва хонданӣ ҳастанд.
Машҳуртарин шеър дар бораи Бухоро аз Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ (858-941), падари шеъри форсист, ки бештари мардум бо он ошно ҳастанд:

Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме,
Ёди ёри меҳрбон ояд ҳаме.

Реги Омуву дурушти роҳи ӯ,
Зери поям парниён ояд ҳаме.

Оби Ҷайҳун аз нишоти рӯйи дӯст,
Хинги моро то миён ояд ҳаме.

Эй Бухоро, шод бошу дер зӣ,
Мир наздат шодмон ояд ҳаме.
Ва дар идомаи шеър Рӯдакӣ бо ибрози алоқаву муҳаббати худ ба Бухоро, онро ба осмону бӯстон ташбеҳ мекунад ва месарояд:

Мир моҳ асту Бухоро осмон,
Моҳ сӯйи осмон ояд ҳаме.

Мир сарв асту Бухоро бӯстон,
Сарв сӯйи бӯстон ояд ҳаме.

Абусаид Абулхайр (967-1049) ориф ва шоири асрҳои X-XI аз бӯйи гулу насими атрогини ин сарзамин мегӯяд ва шеъри Рӯдакиро замзама мекунад:

Ҳар бод, ки аз сӯйи Бухоро ба 
ман ояд,
Бо бӯйи гулу мушку насими 
суман ояд.

Абулқосим Фирдавсӣ (934-1024) шоири бузурги асрҳои X-XI аз гузаштаи Бухоро бо ҳасрат ва афсӯс ёд мекунад ва месарояд:

Бухорову Хоразму Омуву Зам,
Басе ёд дораме бо дарду ғам.

Фаррухии Сиистонӣ (ваф. 1037) шоири дигари асрҳои X-XI аз Бухорову Самарқанд ҳамчун чашми кишвар ёд кардааст:

Бухорову Самарқанд аст рӯйу чашми 
он кишвар.

Носир Хусрави Қубодиёнӣ (1004-1088) – шоири асри XI – дар шеъраш ишора ба бузургон ва фуқаҳои шаҳри Бухоро ва арзиши илму дониш дар ин сарзамин дорад:

Зебо ба илм шав, ки на зебост
Он кас, ки ӯ ба дунё зебо шуд.

Ӯро маҷӯву илм талаб, зеро
Бас кас, ки ӯ фирефта ба ово шуд.

Ғурра машав бад-он, ки касе гӯяд
Ба ҳамон фақеҳи Балху Бухоро шуд.
Амир Муиззии Нишопурӣ (1072-1127) шоири асрҳои XI-XII дар шеъре бар аҳамияти шаҳри Бухоро таъкид ва аз он дар канори Маккаву Ғазнину Самарқанд ном мебарад:

Бар байъату паймони ту сад нома 
расидаст,
Аз Маккаву Ғазнину Самарқанду 
Бухоро.

Қатрони Табрезӣ (1012-1072) шоири асри XI аз Табрезу Бухоро ба бузургӣ ёд мекунад:

Чу ту маҷлис ороиву ҷом гирӣ,
Зи Табрез зарин кунӣ то Бухоро.

Амир-уш-шуаро Шаҳобиддин Амъақи Бухорӣ (ваф. 1147) шоири асрҳои XI-XII аз шаҳри Бухоро ба некӯӣ ёд карда ва ба он дуруду салом мефиристад:

Ки рӯй сӯйи Бухоро ниҳоду гуфт ба меҳр:
Аё Бухоро, бар ту дуруд боду салом.
...
Аё Бухоро, чандин бузургворӣ ту,
Туро чи мояи сано асту иззу ҷоҳу 
мақом.

Рашидаддини Ватвот (1087-1182) шоири асри XII Бухороро сарзамине атрогин ва шаҳри саховатмандон, бахшандагон ва донишҷӯён дониста ва аз он ба биҳишти рӯйи замин таъбир мекунад:

Ту сокинӣ ба шаҳри Бухорову аз сахот,
Андар билоди Машриқу Мағриб 
хабар шудаст.

Дар равзаи ҷалоли ту ризвони дигаре,
В-аз фарри ту Бухоро хулди дигар 
шудаст.
Сӯзании Самарқандӣ (1100-1173) шоири ҳазлсарои асри XII Бухороро ҳамчун биҳишт дониста ва гуфта, ки мардуми ин шаҳр меҳмоннавоз ва ҳақгӯ ҳастанд:

Бар ту, меҳмон, нисор кардан ҷон,
Бар худованди хона осон аст.
...
Ҳақ, кай гузоштӣ, ки Бухорои чун
 биҳишт
Вайрон шавад ба ҷумла маштии 
ҷаҳаннамӣ.
...
Дареғ шаҳри Нишопуру боғу бӯстонам,
Дареғ шаҳри Бухорову кӯйи абкорам.

Авҳадиддини Анварӣ (1126-1189) шоири асри XII аз ҳасратҳову умедҳои худ гуфта ва сурудааст:

Ташнагони ҳудуди оламро
Дар яке ҷом кай кунад сероб.

Дар Самарқанду Бухоро ҳаст
Қадре мулку андаке асбоб.

Низомии Ганҷавӣ (1141-1209) шоири асри XII дар «Искандарнома» Бухороро шаҳри қалам ва дониш дидааст:

Дабирон, нигар, то ба рӯзи сапед
Қалам тарошанд аз мушки бед.

Ниҳони маро ошкоро баранд,
Зи Ганҷа аст агар, то Бухоро баранд.

Фаридиддин Аттори Нишопурӣ (1146-1221) шоир ва орифи асри XII-XIII дар китоби «Илоҳинома» дар бораи пиру фарзонаи Бухороӣ ҳикояте хонданӣ ва пандомӯз дорад:

Чу шуд бар Рӯдакӣ роз ошкоро,
Аз он ҷо рафт то шаҳри Бухоро.

Дар достонҳо ва ҳикоятҳои пандомӯзи китоби «Асрорнома»-и навиштаи Муҳаммад ибни Мунаввар шоири асри XII борҳо аз номи Бухоро ба некӣ ёд шудааст. Ҳамчунин дар китоби «Чаҳор мақола»-и Низоми Арузии Самарқандӣ (ваф. 1160)  чанд бор номи Бухоро ба бузургӣ ва шукӯҳ омадааст.
Камолиддин Исмоили Исфаҳонӣ (1172-1237) шоири асрҳои XII-XIII аз рӯъёҳо ва хаёлҳои худ гуфта ва дар шеъре аз Бухоро ва Исфаҳон ёд мекунад:

Ман аз хаёли ту шармандаам, 
ки ӯ ҳар шаб
Барои ман зи Бухоро ба Исфаҳон ояд.

Ҷалолиддини Балхии Румӣ (1207-1273) шоир ва орифи бузурги асри XIII дар чанд ҷойи «Маснавии маънавӣ»-и худ аз шаҳри Бухоро ба сифати манбаи дониш ёд кардааст:

Ин Бухоро манбаъи дониш бувад,
Пас Бухороист ҳар к-ониш бувад.
...
Гарчи ин ошиқ Бухоро меравад,
На ба дарсу на ба усто меравад.
...
Эй Бухоро, ақлафзо будаӣ,
Лекин аз ман ақлу дин бирбудаӣ.

Сайфиддин Муҳаммади Фарғонӣ аз шоирони вораста ва орифмаслаки асри XIII дар шеъраш муборизаи давлатҳои Қарохониён ва Ғазнавиёнро барои ба даст овардани шаҳри Бухоро ёдоварӣ мекунад:

Куҷо сарири Бухоро расад ба Илекхон,
Сабуктакин чу занад баҳри Оли 
Сомон теғ.

Абдураҳмони Ҷомӣ (1414-1492) ориф ва шоири асри XV дар китоби «Баҳористон»-и худ зодгоҳи бисёре аз донишмандону шуароро сарзамини Бухоро медонад. Ӯ дар китоби «Ҳафт авранг» ба хоки поки Бухоро ишора мекунад ва месарояд:

В-он гуҳари пок на ҳар ҷо бувад,
Маъдани он хоки Бухоро бувад.

Амир Алишери Навоӣ (1441-1501) шоир ва сиёсатмадори асри XV дар девони ашъори форсии худ ва тавсифи шумори ҳадисҳои саҳеҳе аз шаҳри Бухоро ба бузургӣ ва шукӯҳ ёд кардааст:

Аз аҳодисат саҳеҳиро равот андар 
рақам,
Бору боб аз ҳадди Батҳо то Бухоро 
афкананд.

Яке аз беҳтарин ҳикоятҳои пандомӯзи Шайх Баҳоӣ (1546-1621) донишманд ва шоири асрҳои XVI-XVII дар достони «Муш ва гурба» оиди ростгӯйӣ ва дурусткории мардуми шаҳри Бухорост.
Холиди Нақшбандӣ (1779-1826) шоир ва донишманди асрҳои XVIII-XIX ва асосгузори шохаи холидияи тариқати нақшбандия дар Ироқ, дар «Муноҷотнома»-и худ аз номи Бухоро ва пирон ва бузургони он шаҳр ба бузургӣ ёд мекунад:

Худовандо, ба ҳаққи исми Аъзам,
Ба нури дидаи авлоди Одам.
...
Ба ҳаққи пири пирони Бухоро,
К-аз ӯ шуд санги хоро зарри соро.

Ҷайҳуни Яздӣ (1837-1882) нависанда ва шоири асри XIX Бухороро шаҳри нахуст ва дар садри ҷаҳон дониста ва менависад:

Шуд Бухоро Язду наввоб андар ӯ 
садри ҷаҳон,
Балки аз садр ин Бухороро ҷаҳон бар 
ком шуд.
...
З-ин садри ҷаҳон ушшоқ бо 
дилбарашон мисоқ,
Пас гар бувадат инсоф дар Язд 
Бухоро бин.

Турки Шерозӣ (ваф. 1912) наққош ва шоири асрҳои XIX-XX дар девони шеъри худ ба диндории мардуми Бухоро ишора карда ва месарояд, ки мардуми ин шаҳр барои ситаме, ки бар мазлумини Карбало раво шуд, сӯгворӣ мекунанд:

Зулме, ки бар Ҳусайни Алӣ шуд ба 
Карбало,
Кас дар ҷаҳон надида чунин зулме 
бар мало.

Танҳо ҳамин на мардуми Эрон бапо 
кунанд,
Базми азои сабти набиро ба хонаҳо.

Дар Ҳинду Синду Балху Бухорову
 Зангу Рум,
Ҳар сола базми таъзияаш 
мешавад бапо.

Иқболи Лоҳурӣ (1873-1938) шоири ҳиндустонии поёни асри XIX ва оғози асри XX дар китоби «Паёми Машриқ» ба хоки поки Бухорову Кобулу Табрез ишора карда ва он сарзаминро фурӯғу равшании чашм дониста ва сурудааст:

Агарчи зодаи Ҳиндам, фурӯғи чашми 
ман аст,
Зи хоки поки Бухорову Кобулу Табрез.

Адибулмамолики Фароҳонӣ (1860-1917) нависанда, шоир ва рӯзноманигори эронии поёни асри XIX ва оғози асри XX ба сарвату дороиҳои шаҳри Бухоро дар он даврон ишора мекунад ва менависад, ки бенавоён аз фақр ба шаҳри Бухоро паноҳ мебурданд:

Фаромӯшам нашуд панде, ки мегуфт
Ба пури хеш пире дар Бухоро,

Ки гар дар кори худ ҷунбиш 
кунад мард,
Тавон суфтан ба сӯзан кӯҳи хоро.
...
Фуқаро тарки ватан карда зи ҷуъ,
Ба Бухорову ба Қафқоз шуданд.

Сайидои Насафӣ (1637-1710) шоири асрҳои XVII-XVIII комилтарин тавсифро аз шаҳри Бухоро ва мардуми он дорад ва дар шеъри худ ба вижагиҳое чун хоки пок, сарзамини атрогин, исмат, покӣ ва покдомании мардум, дарвешон ва урафои парҳезкор, бозургонии пурравнақ, боғҳои сарсабз, осори бостонӣ, манори калон ва диндории мардум ишора мекунад ва ба зебоӣ месарояд:

Хушо шаҳри Бухоро, хоки покаш,
Ки мушки суда мерезад зи хокаш.

Чу гул хубонаш аз исмат музайян,
Чу булбул ошиқонаш покдоман.

Дар ӯ пайваста дарвешони бехоб,
Хамида дар рукӯъи Ҳақ чу меҳроб.

Тарозудори дуконҳои ӯ ҷӯр,
Харидорони ӯ савдогари нур.

Бувад беруни ӯ маъмур аз боғ,
Кунад саҳрои ӯ фирдавсро доғ.

Ба давраш қалъаи доираосор,
Манораш дар миён як пойи паргор.

Шариат аз Бухоро ёфт ойин,
Манори ӯ сутуни хонаи дин.

Ҳамид НАЙИРОБОДӢ,
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон
дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: