«СИМО ВА РАНГ». Дар Самарқанд намоиши асарҳои бадеии рассомони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор мешавад

6 октябр дар шаҳри Самарқанд намоиши асарҳои бадеии гурӯҳи рассомони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таҳти унвони «Симо ва ранг» баргузор мешавад.

Дар ин хусус раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Наргис Ҳомидова хабар додааст.

Намоиши асарҳо бо дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон, Иттифоқи рассомони Тоҷикистон  дар якҷоягӣ бо Иттифоқи эҷодии  рассомони Ӯзбекистон баргузор шуда, дар он асарҳои рассомони тоҷик Илёс Мамадҷонов, Далер Миҳтоҷев, Баҳром Исматов ва аз ҷониби Ӯзбекистон Нуриддин Исоев ва Аҳмад Исоев  ба намоиш гузошта мешаванд.

Намоиш дар доираи амалӣ намудани муносибатҳои фарҳангии ду ҷумҳурии дӯсту бародар пешбинӣ шудааст.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: