САЛОМАТИИ АҲОЛӢ – ДАР МАДДИ АВВАЛ

Чун дигар соҳаҳо дар самти тандурустӣ низ бобати такмил додани он, таъмин намудани муассисаҳои тиббӣ бо асбобу анҷом ва воситаҳои зарурии давоӣ маҷмӯи корҳои назаррас амалӣ мешаванд.

Дар нишасти матбуотӣ, ки ҷамъияти саҳҳомии «Dori-Darmon» дар маркази матбуоти миллӣ баргузор намуд, корҳои дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ иҷрошуда таҳлил гардиданд.                                                                                                     –Алҳол дар таркиби ширкат 6 ҷамъияти саҳҳомӣ, 7 ҷамъияти масъулияташ маҳдуд фаъолият доранд. Зиёда аз 1600 дорухона ва шохобчаҳои доруфурӯшӣ мавҷуданд. Аксарияти онҳо дар ҳудуди деҳот ҷой гирифтаанд, – маълумот дод мушовири роҳбари ШС «Dori-Darmon» Оқил Ҳоҷиматов. — Ширкат ва шуъбаҳои ҳудудии он ба муассисаҳои табобативу профилактикии Вазорати тандурустӣ аз таъминотчиёни асосӣ ба ҳисоб мераванд. Аз ҷумла, дар чоряки аввали соли равон ширкат ба муассисаҳои тиббии назди вазорат  5,3 миллиард, ба секторҳои хусусӣ 9,3 млрд., ба муассисаҳои давокунии ҳарбӣ 1,4 млрд. ва ба бунгоҳҳои тиббиву поликлиникаҳои оилавии деҳот 23,1 млрд. сӯмина воситаҳои давоӣ ва анҷомҳои тиббӣ расонда додааст.
Таъкид намудан ҷоиз аст, ки мувофиқи Фармони Президент аз 23 январи соли 2024 «Дар бораи чорабиниҳои иловагии ба танзим даровардани соҳаи дорусозӣ» корхонаҳое, ки бо яклухтфурӯшии маҳсулоти давоӣ машғуланд, то 1 июли соли 2024 бояд соҳиби сертификати GDP— амалиёти дистрибюторӣ бошанд. Айни ҳол ширкатҳои «Dori-Darmon»-и вилоятҳои Тошканд, Фарғона, Самарқанд, Қашқадарё, Хоразм, Бухоро, Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва ҶММ «Ӯзбекистон дори таъминоти» ба гирифтани сертификати мазкур ноил шудаанд. Инчунин, лозим аст, шуъбаҳое, ки бо фурӯши чаканаи маҳсулоти давоӣ машғуланд, то 1 январи соли 2025 соҳиби сертификати GPP — амалиёти зарури дорухона шаванд. Ҳоло ҶММ «Dori-Darmon»-и Қашқадарё ба гирифтани ин сертификат муваффақ шудааст.
Дар ҷамъомад ҳисоботи ширкатҳои  «Dori-Darmon»-и Фарғонаву Бухоро низ шунида шуданд.

Г. КАБИРОВА, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: