Шоири бузурги форс-тоҷик Ҳофизи Шерозӣ фармудааст, ки «Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад...»
Ҳақиқатан ҳам инро таърих дар ҳама бобат исбот кардааст. Одамон ба пешрафту тараққиёт ба туфайли дӯстиву ваҳдат ноил гардидаанд.
Дӯстиву бародарӣ ва устодию шогирдии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ ҳамин ҳақиқати таърихиро бори дигар собит намуд. Онҳо аввалин хонандагони асарҳои якдигар буданд ва маслиҳатҳои худро бобати пухта баромадани шеър ва осори илмии худ дареғ намедоштанд. Мо авлоди ин шахсиятҳои бузурги таърихӣ – тоҷикону ӯзбекон бояд аз онҳо ибрат гирем. Ибрат гирифтан ҳамон вақт имконпазир мешавад, ки ҳаёт ва эҷодиёти онҳоро бештару амиқтар омӯзем.
Бо ҳамин мақсад чанде пеш дар маҷлисгоҳи Кумитаи муносибатҳои байнимиллӣ ва робитаҳои дӯстӣ бо кишварҳои хориҷӣ бо ташаббуси Маркази фарҳанги миллии тоҷикони ҷумҳурӣ бахшида ба 605-умин солгарди зодрӯзи шоир ва мутафаккири бузурги форс-тоҷик Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ доир ба мавзӯи «Ҷомӣ ва Навоӣ: робитаҳои илмию адабии форс-тоҷик ва ӯзбек» конфронси илмӣ баргузор шуд.
Дар чорабинӣ олимон, адабиётшиносон, шарқшиносон, донишҷӯён, намояндагони сафоратхонаҳои Тоҷикистон ва Эрон иштирок намуданд.
Баромадкунандагон бори дигар аз наздикӣ ва хайрхоҳии ин ду симои нотакрор бо такя ба сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва асарҳои онҳо сухан ба миён оварданд.
Баромади доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Шаръии Ҷузҷонӣ доир ба мавзӯи «Ҷойгоҳи Ҷомӣ дар байни шоироне, ки Навоӣ тасниф кардааст», ройзани фарҳангии сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳсин Пурмуҳсинӣ «Дар бораи Абдураҳмони Ҷомӣ», номзади илмҳои филологӣ Гулбаҳор Мирзоева оид ба мавзӯи «Талқини бадеии симои Навоӣ дар эҷодиёти Ҷомӣ» ба рӯйи гирдиҳамомадагон китоби дӯстӣ ва рафоқати ин ду бузургмарди илму адабро бори дигар варақгардон кард.
Дар поёни конфронс донишҷӯёни Донишгоҳи шарқшиносии Тошканд бо забонҳои тоҷикию ӯзбекӣ аз шеърҳои Мавлоно Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ намунаҳо қироат намуданд.
С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори
«Овози тоҷик».