Дар Тошканд Форуми дуюми ҷаҳонии ҳамкориҳои байнипарлумонӣ барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор ба кор оғоз кард

Имрӯз, 30 ноябр дар Тошканд Форуми дуюми глобалӣ оид ба ҳамкориҳои байнипарлумонӣ барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор ба кор оғоз кард.

Дар чорабинӣ роҳбарони созмонҳои байнипарлумонӣ ва порлумонҳои бисёре аз кишварҳои ҷаҳон, гурӯҳҳои дӯстии парлумонӣ, созмонҳои байналмилалӣ, коршиносону мутахассисони бонуфуз, намояндагони ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, васоити ахбори омма бевосита ва онлайн ширкат доранд.

Дар ҷараёни Анҷуман масъалаҳои густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор, такмили қонунгузорӣ дар самти татбиқи ҳадафу вазифаҳои миллӣ ва таҳкими механизмҳои назорати парлумонӣ баррасӣ мешаванд.

Шумо метавонед мустақиман ҷараёни Форумро тавассути саҳифаи Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар платформаи  YouTube назорат кунед.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: