ТАФСИЛОТИ СЕ САФАРИ ҲОКИМ: НАТИҶА, ТАҲЛИЛ ВА ТАВСИЯҲО

Ҳокими вилояти Сурхондарё Улуғбек Қосимов баҳри бештар омӯхтани ҳаёти мардум, тарзи зисту зиндагонии аҳолӣ, бартараф сохтани муаммову камбудиҳо зуд-зуд ба маҳалҳо сафар карда, барои куллан дигаргун сохтани қиёфаву сохтори маҳаллаҳо саъю талош меварзад.

 Дар ин самт натиҷаҳо низ назаррасанд. Инак, тафсилоти се сафари ӯ ба маҳалҳо.
ДАР 
ҶАРҚӮРҒОН...

Дар ноҳияи Ҷарқӯрғон ҳоким бо фаъолияти хоҷагии «Шикорчӣ», ки дар соҳили обанбори «Оқтепа» соли 1989 бо саъйи сайёди ҳаваскор Александр Федин ташкил шудааст, шинос гардид. Майдони умумии ин ҷангалзор 84 гектарро ташкил намуда, айни замон қариб 30 хели ҳайвонот ва зиёда аз 500 намуд дарахтони гуногун дорад. Ҳоким бо вазъи имрӯзаи ин мавзеъ ошно гардида, бо раҳбари он ва мутасаддиёни соҳа суҳбат орост, баҳри ҳифз ва обод намудани ин ҷангалзори хурд, гуногунрангии он, ҳамчунин дар асоси талабу қонунҳо ба роҳ мондани шикору ривоҷ додани экотуризм тавсияҳои зарурӣ дод.
Раҳбар ҳини сафар ба маҳаллаи «Ободгузар», дар тадбири ифтитоҳ шудани мономарказ ширкат варзид ва бо шароит, ҷойи кор ва фаъолияти касбу ҳунаромӯзӣ дар марказ аз наздик шинос шуд. Дар мономарказ автомобилтаъмиркунӣ, челонгарӣ, дӯзандагӣ барин касбу ҳунарҳо омӯзонда мешаванд. Ҳоким бо фаъолону мӯйсафедони маҳалла, ҷавонони касбу ҳунаромӯз низ суҳбат карда, ба масъулон супориш дод, ки фаъолияти марказро вусъат диҳанд, курсҳои нави касбу ҳунаромӯзиро, ки ба талаби давру замон ҷавобгӯ бошад, ташкил намоянд ва хатмкардагонро бо ҷойи кор таъмин созанд.
Дар ҳудуди маҳаллаи «Алишер Навоӣ» соли 2019 дар асоси шартномаи шарикӣ маркази маданият ташкил гардида буд. Ин маркази давлативу хусусӣ соли ҷорӣ ба фаъолият шурӯъ намуд. Дар ин лоиҳа, ки қимати умумиаш 3,7 млрд. сӯмро ташкил мекунад, ҳоло маркази маданият ва тӯйхона фаъолият дорад. Ҳоким бо маҳфилҳои рақс, сурудхонӣ ва рассомӣ шинос ва аз муаммоҳояшон хабардор шуд, роҳҳои ҳалли онҳоро иброз дошт.
Яке аз обидаҳои таърихӣ, ки ба асри ХI тааллуқ дорад, «Манораи Ҷарқӯрғон» аст. Ҳоким дар ин ҷо ба корҳои ободсозии ҳудуд эътибор дод. Ба мутасаддиён ва бостоншиносон тавсия дода шуд, ки ҳангоми таъмири ин обида ба ёдгориҳои таърихӣ осебе нарасад. Манора бояд як ҷойи диданӣ, гӯшаи ободи диёр ва тамошогоҳи сайёҳони дохиливу хориҷӣ гардад.
Улуғбек Қосимов рӯзи аввали сафари худро дар маҳаллаи «Гулистон» анҷом дод. Маҳаллаи мазкур дар ноҳия ҳамчун андозсупори намунавӣ эътироф шудааст. Аҳолии ин маҳалла маданиятнокии баланд намоиш дода, андозҳои молу мулк ва заминро муташаккилона ва саривақт мепардозанд. Раҳбари вилоят бо пирону фаъолони маҳалла суҳбати самимӣ орост ва ба фаъолони «чоргона» туҳфаҳои хотиравӣ супорид. Ин тадбири хотирмони воқеъ дар «Чойхонаи падарон», ки маҳз он рӯз кушода шуд, ба аҳли маҳалла таассуроти хуб гузошт, мӯйсафедони пири кору таҷрибадида ба сухан баромада, дар хусуси ғамхориҳои давлату Президент, оромиву осудагии диёр суханҳои самимӣ гуфтанд, дуои хайр карданд.

...ДАР 
ШЕРОБОД...

Сафари ҳоким дар ноҳияи Шеробод аз маҳаллаи «Қишлоқбозор» оғоз гардид. Дар ин ҷо ӯ бо фаъолони маҳалла, пирони нуронӣ ҳамсуҳбат шуд.
Бинобар маҷмӯи дастурҳо дар маҳалла мумфарш кардани 2,8 км роҳ, таъмири 3,2 км роҳҳои дохилӣ, 3,2 км роҳравҳои пиёдагард, насб кардани 2 трансформатор, кашидан ва пайваст кардани 4,5 км хати барқ, таъмири мактаб, мустаҳкам намудани соҳили дарёе, ки аз ҳудуд мегузарад, ба нақша гирифта шудааст ва айни замон дар ин самт корҳо босуръат пеш мераванд.
Ҳоким ҳамчунин бо коргароне, ки дар қишлоқи Ғози маҳаллаи «Чорбоғ» бо  чоҳканӣ машғуланд, суҳбат кард. Дар ин ҳудуд 22-то чоҳи вертикалӣ барои обёрии майдонҳои кишт кофта карда мешавад. Гузориши ташаббускорони ин лоиҳа шунида шуд. Ба масъулон супурда шуд, ки дар муддати як моҳ чоҳканиро анҷом диҳанд ва майдонҳо ба киштукори тирамоҳӣ омода карда шаванд.
Ҳоким дар маҳаллаи «Чорбоғ» дар тадбири кушодашавии клиникае, ки дар тасарруфи ҶММ «Маскани шифои Шеробод» барпо шудааст, ширкат варзид. Ин маскани шифо дорои 70 ҷой мебошад. Аз ҷониби тадбиркор бинои нави клиника низ бунёд меёбад, ки дорои 250 ҷой хоҳад буд. Ҳоким бо тадбиркор суҳбат кард ва барои ҳаллу фасли мушкилоти мавҷуда ба роҳбарон тавсияҳо дод.
Президент Шавкат Мирзиёев ҳини сафараш дар ноҳияи Шеробод ба мутасаддиён татбиқ намудани лоиҳаи бузургҳаҷми бунёди заводи истеҳсоли намаки ошро тавсия карда буд. Инак, аз ҷониби ҶММ «Кони намаки Ҳоҷаикон» барои бунёд сохтани ин завод хишти аввал гузошта шуд. Ҳоким дар тадбири ифтитоҳи кори сохтмон ширкат варзид. Қимати умумии ин лоиҳа 25 миллиард сӯмро ташкил медиҳад. Дар доираи ин лоиҳа корхонаи истеҳсолии намаки оши ёддор ва дар ғори намак санаторияи замонавӣ барпо карда мешавад ва дар маҷмӯъ 1000 ҷойи кор фароҳам меояд. 
...ДАР БОЙСУН 

Рӯзи сеюм ҳоким ба Бойсун рафт. Баъд аз ташрифи аввалинаш ба ин ноҳия як қатор корҳои ободонӣ ба сомон расиданд. 3 километр роҳи автомобилгарде, ки маҳаллаҳои «Обӣ» ва «Мустақиллик»-ро мепайвандад, пурра таҷдид гардид. Ҷӯякҳои обрави шафати роҳ таъмир, ғӯлаҳои об иваз карда шуданд. Кӯча қиёфаи наву тоза пайдо кард. Маросими ифтитоҳи он баргузор гардид. Барои ба чунин қиёфа овардани роҳу кӯчаҳои дигар тавсияҳо дода шуданд.
Дар маҳаллаи «Обӣ» бо саъйи кормандони ҶММ «Имомқулов Адҳамҷон» клиникаи замонавии табобат, ташхис ва хидмати лабораторӣ бунёд ёфтааст. Барои ин  7 млрд. сӯм масраф гардидааст. Айни замон бо асбобҳои замонавии тиббӣ ҷиҳозонидани он давом дорад. Ҳокими вилоят бо ҷараёни кор, шароити фароҳамовардашуда аз наздик шинос шуд ва барои ба кор мутахассисони ботаҷриба ва донишмандро ҷалб намудан маслиҳатҳо дод. Клиника дар чоряки 4-уми соли ҷорӣ ба кор медарояд, дар соле ба 3 ҳазор миҷоз хидмати тиббӣ мерасонад, 30 нафар бо ҷойи кор таъмин мешаванд.
Дар маҳаллаи «Инкобод» аз кӯчаи Паданг боздид ба амал оварда, ҷараёни мумфарш сохтани онро аз назар гузаронид. Айни замон зиёда аз 1 километр роҳ мумфарш мегардад. 
Маълум, ки ҳудуди ноҳия аксар кӯҳсор аст. Аз ин рӯ дар ин ҳудуд сохтани заводи семент ба мақсад мувофиқ ва самарабахш мебошад. Алҳол дар 8,7 гектар майдони ҳудуди маҳаллаи «Сайроб» аз тарафи ҶММ «PRB Investment Co» аз ҳисоби сармояҳои хориҷӣ, ки арзиши умумиаш 10 миллион долларро ташкил менамояд, заводи семент сохта мешавад. Қуввати истеҳсолии ин лоиҳа соле 200 ҳазор тонна ва ҳаҷми содирот 5,3 миллион доллар аст. Лоиҳа дар ду зина амалӣ мешавад ва баъди пурра ба кор даромадан 50 ҷойи корӣ ташкил мегардад. Раҳбари вилоят бо кор шинос шуда, гузориши масъулонро шунид ва барои бартараф кардани муаммоҳои мавҷуда супоришҳо дод. 
Ӯ дар ҷараёни сафар бо фаъолияти корхонаи хориҷии ҶММ «Azia construction», ки пурра бо сармояи хориҷӣ маблағгузорӣ гардида, қимати умумиаш 200 ҳазор долларро ташкил мекунад, низ шинос шуд. Ин корхона дару тирезаи алюминӣ, мебели хушсифат истеҳсол мекунад ва соле 3,5 миллиард сӯм маҳсулот истеҳсол намуда, 20 нафарро бо ҷойи кор таъмин месозад. Ҳоким бо фаъолияти корхона, ҷараёни истеҳсолот, сифати маҳсулот аз наздик ошно шуда, бо соҳибкор суҳбат кард. Ҳини суҳбат васеъ кардани доираи лоиҳа, истеҳсоли маҳсулоти хушсифати ба талаб ҷавобгӯ ва зиёд намудани ҷойи кор баррасӣ шуд. 

Олим ПАНҶИЗОДА, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» 
дар вилояти Сурхондарё.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: