БАРОИ ИНКИШОФИ БОЗОРИ РЕКЛАМА ШАРОИТИ МУСОИД ФАРОҲАМ ОВАРДА МЕШАВАД

Ба қарибӣ Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи реклама» аз ҷониби Президент имзо гардид.

 Ростӣ, раванди тайёр кардани ин ҳуҷҷат хеле мураккаб гузашт. Аз замони аз ҷониби ташаббускори қонун ба Палатаи қонунгузорӣ ворид шудани он сар карда, то аз ҷониби депутатҳо дар қироати сеюм қабул кардан беш аз 10 моҳ сипарӣ гардид. 
Дар ин муддат бо иштироки вакилон, соҳибкорон, коршиносон ва мақомоти салоҳиятдор, яъне Агентии зиддиинҳисорӣ беш аз 20 муҳокима баргузор гардида, таҷрибаи байналмилалӣ дар ин самт муфассал омҒхта шуд.
Дар рафти мавриди муҳокимаву баҳсу мунозираҳо пешниҳодҳои зиёд дода шуданд. Бо назардошти ин таклифҳо барои такмил додани лоиҳаи Қонун як қатор тадбирҳо андешида шуданд.
Аз ҷумла, дар лоиҳа зиёда аз 60 меъёре, ки метавонанд ба рушди бозори реклама таъсири манфӣ расонанд, инчунин моддаҳое, ки дахолати аз ҳад зиёди мақомоти салоҳиятдори давлатиро ба фаъолияти соҳибкорӣ муайян мекунанд, хориҷ карда шуда, ба меъёрҳои мавҷуда зиёда аз 130 ислоҳи таҳрирӣ ворид карда шуданд.
Қонуни ҷорӣ «Дар бораи реклама» аз 30 модда иборат буд. Дар он нормаҳое мавҷуд буданд, ки характери умумӣ дошта, кор намедоданд ва онҳо муносибатҳои бо фаъолияти реклама алоқамандро пурра фаро нагирифта буданд.
Аз ҷумла, тартиби рекламаи бозиҳои  лотереяҳо, қиморбозӣ ва дигар бозиҳои таваккалӣ, молҳои тибби халқӣ, ахбор дар бораи истифода бурдан аз фонограмма, хидматҳои молиявӣ, воситаҳои пиротехникӣ, аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ, маҳсулоти ҳарбӣ, ивазкунандаи шири модар ва як қатор дигар соҳаҳо муайян карда нашудааст.
Қонуни нав аз 8 боб ва 53 модда иборат буда, тамоми самтҳои дар боло зикршударо фаро гирифта, онҳоро бо меъёрҳои танзимкунанда мустаҳкам менамояд.
Ин қонун таблиғи қимор ва дигар бозиҳои таваккалиро, ки вақтҳои охир боиси эътирози зиёди мардум шудааст, қатъиян манъ мекунад.
Ба ғайр аз ин, рекламаҳое, ки дар телевизион дода мешаванд, ба тартиб оварда мешаванд. Яъне, барномаҳои телевизионӣ, ки камтар аз даҳ дақиқа давом мекунанд, набояд бо реклама канда карда шаванд, давомнокии умумии реклама дар тӯли як соати вақти намоиш набояд аз бист дарсад зиёд бошад, инчунин рекламае, ки вақти  пахши мустақим ё мусобиқаҳои варзишии сабтшуда дода мешаванд,  танҳо дар вақти танаффуси ҷараёни мусобиқаҳои варзишӣ ё вақте ки онҳо боздошта шудааст, додан мумкин аст.
Умуман, меъёрҳои Қонун «Дар бораи реклама», ки нав қабул шудааст,  ба фароҳам овардани шароити мусоид, ба танзим овардани муносибатҳои марбут ба таҳия, паҳн кардан, ҷойгир кардан ва истифодаи  реклама, пешгирии паҳншавии маълумоти бардурӯғ ё ноаниқи гумроҳкунандаи истеъмолчиён, ҳифзи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла субъектҳои соҳибкорӣ аз рекламаи номувофиқ  барои рушди фаъолияти реклама ва бозори реклама дар Ӯзбекистон хидмат мекунад

Шуҳрат
 ШАРАФУТДИНОВ,
депутати Палатаи қонунгузории  Олий Маҷлис

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: