ТОШКАНД – ШАҲРИ МАТОНАТ

Субҳдами 26 апрели соли 1966 дар Тошканд зилзилаи сахт ба амал омад.

Субҳдами 26 апрели соли 1966 дар Тошканд зилзилаи сахт ба амал омад. Хабари нохуш барқвор дар тамоми дунё паҳн гашт. Агентиҳои ахбори ҷаҳон воҳимаангез аз ин хусус хабар медоданд.
Аҳвол баъди заминларзаи сахт маълум: ҷони зиндае, ки ҳаст, ҳаракат мекунад берун барояд, наздик ва қарибони худро ба ҷои бехавфтар барад. Шиносу ношинос аз якдигар аҳвол мепурсанд: «Бало ба паси биноҳое, ки вайрон шуданд. Аҳли хонадон тинҷ?»
Заминҷунбӣ гоҳ меистод, гоҳ аёну ноаён давом мекард. Ин ҳолат чанд рӯз давом намуд. 
Назар ба нақли нафаре, ки он вақтҳо дар агентии телеграфи Ӯзбекистон кор мекард, мухбирони агентиҳои Рейтер, Франс-пресс, Би-Би-Си, Ассошиэйтед-пресс ва ҳоказо ба Тошканд беист занг мезаданд:
– Дар Тошканд ягон бинои валангорнашуда мондааст?
– Бо мошин шаҳрро давр задан мумкин?
– Дар шаҳр мурда зиёд ё зинда?
Фикру хаёли тамоми ӯзбекистониён низ он шабу рӯзҳои таҳлукаангез дар Тошканд. Нақл мекунанд аз нохушхабар собиқ роҳбари аввали ҷумҳурӣ Усмон Юсуфов ҳам, ки дар Янгийӯл мезист, сахт ба изтироб печид ва «Тошканд чӣ шуд?» гуфту худро бад ҳис кард, ба инсулт гирифтор гашт.
Баъди чанд рӯзи зилзила низ садои ваҳмангези он, ки дилҳоро ба ғулғула андохта буд, аз паси гӯши онҳое, ки дар Тошканд буданд, дур нагашт. Гулдуррусзанон омаду ҳама ҷоро тагурӯ ва валангор сохт, мегуфтанд онҳо.
Вале ин дер давом накард. Дидори дӯстон, ки аз дуру наздик расида омаданд, ба тошкандиён таскин бахшид. Даст ба дасти ҳам дода, намояндагони миллатҳои гуногун ба барқарорсозӣ шурӯъ сохтанд.
Чиҳоеро надид вокзали роҳи оҳани Тошканд: ибтидои ҷанг эшелонҳои пур аз бачаҳои бепарастор ба маркази ҷумҳурӣ меомаданд. Акнун поезде, ки пур аз мактаббачаҳои тошкандист, сӯи Ғарб равона аст. Дар қалби падару модари онҳо як умед: то бозгаштани нури дидаҳо аз харобазорҳо асар намонда, Тошканд аз аввала ҳам ободтар мегардад.
Асное, ки зилзила ҳамон безобита мекард, ба Тошканд нахустин бинокорони москвагӣ расида омаданд: ҷамъ 2300 нафар! Яке аз роҳбарони сохтмончиёни ӯзбекистонӣ Абдуҳамид Қаюмов, коргари оддӣ Ренат Раҳматуллоев, олими намоён, академик Ғанӣ Мавлонов ва дигарон таҳти садоҳои карнаю сурнай онҳоро истиқбол гирифтанд.
Баъди он эшелон-эшелон бинокорон аз тамоми ҷумҳуриҳои иттиҳод ба Тошканд ворид шуданд. Русия – 330 ҳазор, Украина – 160 ҳазор, Белорус – 25 ҳазор, Қазоқистон – 28 ҳазор, Гурҷистон – 22,5 ҳазор, Озарбойҷон – 35 ҳазор, Литва – 10 ҳазор, Латвия – 7,5 ҳазор, Эстония – 5,4 ҳазор, Қирғизистон – 11,5 ҳазор, Тоҷикистон – 8 ҳазор, Туркманистон – 9 ҳазор, Арманистон – 15 ҳазор метри квадрат хонаву ҷой сохтанро ба нақша гирифта, аз ӯҳдаи он баромаданд. Солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон Тошканд, аз ҷумла, писару духтарони зиёди украинро, ки ба меҳру парвариш муҳтоҷ буданд, ба канор гирифта буд. Дар ин қатор оилаи Ғаниевҳо бачаи малламӯеро, ки Аркадий ном дошт, фарзанд хонд, тарбия кард. Баъди бештар аз 20 сол Аркадий Николаевич Шепитилников чун роҳбари трести «Укрстрой» ба Тошканд омад, хонадони қадрдонро ёфт, саробони оила Зокирҷонакаро падарҷон гӯён ба оғӯш кашид. Бо фарзандони ӯ Бакир ва Отахон чун бародарони ҷонӣ гирди як дастархон нишаст, дар ташкили корҳои сохтмони Тошканди азизаш саҳми муносиб ҳамроҳ кард.
Таҳти лоиҳаи меъмор В.Стейскал дар Чилонзор биноҳои нави хиштин қомат рост карданд. Кварталҳои нав ба бунёд омаданд. Хусусан, намои аҷиб гирифт квартали 26-уми ноҳияи Чилонзор.
Вале хислатҳои аҷиб дорад одамизод... Мӯйсафеду кампираш назди вайронае, ки синчаш монда, кулухҳо батамом рехтаанд, маъюс нишастаанд. Кӯчиданашон намеояд. Эҳтимол ҳамин ҷо баргузор гашта буд тӯйи арӯсиашон...
Бо вуҷуди ҳамин дастболоии азму иродаи қавӣ эҳсос мегашт. Тавре ишора рафт, ёру бародарҳое, ки расида омаданд, кори аз дасташон меомадаро карда, оқибатҳои ногуворро бартараф, барои барпои биною иморатҳои нав ҷидду ҷаҳд менамуданд. Дар палаткаҳо истиқоматсозии аҳолии манзилҳояшон сахт зарардида дер давом накард: онҳо паиҳам ба манзилҳои бисёрошёнае, ки «дастҳои дӯстӣ» барпо месохтанд, кӯч мебастанд. Бурёкӯбиҳо дар вазъи мутантан хушоянд буданд. Батадриҷ «Тошканди нав» чеҳранамоӣ мекард. Меъмору бинокорҳо, зимнан, таҷрибаҳо оиди шаҳрсозии миқёси ҷаҳониро эҷодкорона омӯхта, бунёдкориҳо менамуданд. Шаҳр ба майдони бузурги барқарорсозию сохтмон табдил ёфта буд.
Аз тамоми гӯшаю канори собиқ иттиҳод ба номи роҳбари ҳамонвақтаи ҷумҳурӣ ва халқи Ӯзбекистон номаҳо мерасиданд. Коргар аз вилояти Кемерово Н.Крахматов навиштааст: «Ҷазм кардам 200 сӯмеро, ки доштам, ба оилаҳои аз зилзила зарардида фиристам. Агар инро тошкандиён чун кӯмак ҳис кунанд, сарам ба осмон мерасад». Номаи сокини шаҳри Лутск (Украина) Л.Дидинский боз ҳам самимӣ ва таъсирноктар: «Дар майдони ҷанг сахт ҷароҳат бардоштам. Аз рафтани хуни бисёр беҳол будам. Хуни маро ба ярадор гузаронед, гуфтааст як ҷанговари тошкандӣ. Инак, хуни ӯ дар шарёнам ҷавлон мезанад. Дар бинокорӣ чашмам пухтааст. Аҳд кардам дар сохтмонҳои Тошканд ҳар қадар лозим шавад, ҳамон қадар меҳнат кунам».
Толибаи мактабӣ аз вилояти Ӯши Қирғизистон, ки Дилором ном доштааст, дар номаи ба Ш.Рашидов навиштааш, аз ҷумла, қайд карда: «Ёздаҳсолаам. Дар маҳаллаамон барои дастгирии тошкандиён дирӯз пул ғун карданд. Панҷ сӯмеро, ки барои хариди куртаи атлас ҷамъ карда будам, мефиристам. Барои барпои боғчаи бачаҳо – ин ҳиссаи ночизи ман...»
Оиди зилзилаи Тошканд ва ҷараёни бартарафсозии оқибатҳои он телевизион репортажҳо медод. Он вақт хеле хурдсол будам ва ба корҳои дунё сарфаҳм намерафтам. Бо вуҷуди ҳамин чӣ будани даҳшатҳои заминларзаро кӯдакон низ то андозае ҳис мекарданд.
Калонсолон ҳаракат доштанд олами беғубор ва пурзавқи тифлӣ аз ташвишҳо фориғ бошад. Аз телевизион медидем, ки бачаҳои боғчаашон вайроншуда дар аробаҳои хурди бо аспҳои пакана басташуда чӣ тавр дар кӯчаҳои пойтахт сайр мекунанд.
Ба бардамию матонат, ҳамҷиҳатию ғайратмандии аҳолии Тошканд ҷаҳон қоил монад меарзад, гуфта будааст дар оинаи нилгуни Ӯзбекистон роҳбари намояндагии арбобҳои ҷамоатии Олмон.
Тошканд ва тошкандиён якчанд бор дучори зилзила шудаанд, вале заминларзае, ки 26 апрели соли 1966, соати 5.22 дақиқиаи субҳ ба амал омад, аз даҳшатноктарин заминларзаҳо буд. Қабл аз зилзила таркиши сахт ба амал омад, шафақ шаҳрро равшан намуд. Маҳаллаҳои Лабзак ва Қашқар буданд маркази зилзила, ҷунбиш аз 8 балл гузашт, майдонҳои вайроншуда 10-12 километри квадратиро ташкил намуданд. Моҳи майи он сол заминҷунбии сахт ду бори дигар такрор ёфт. Дар натиҷаи зилзила 2 миллион метри квадратӣ хонаву ҷой, аз ҷумла, 236 бинои маъмурӣ, наздик 700 шохобчаи савдо ва хӯроки умумӣ, 36 муассисаи маданӣ-маишӣ, 185 бинои муассисаи тиббӣ, 245 корхонаи саноатӣ хароб гаштанд. 78 ҳазор оила (300 ҳазор нафар аҳолӣ) бесарпаноҳ монд.
Ҳанӯз дар моҳи декабри соли 1966 давраи аввали корҳои сохтмон ба охир расид. Зиёда аз 300 ҳазор нафар аҳолӣ сарпаноҳ ёфт. Дар давоми панҷ сол бошад, наздик 6 миллион метри квадратӣ манзил барпо карда шуд.
Тошканд – дарвозаи Шарқ, Тошканд – шаҳри сулҳ ва дӯстӣ, Тошканд – шаҳри меҳр... Унвонҳои табаррукии Тошкандро боз давом додан мумкин.
Мисле мӯъҷиза рӯй дода бошад, Тошканди нав қомат афрохт. Тошканди нав чун шаҳри матонату ҷасорат ба ҳуҷҷати давр сабт гардид.

М.ШОДИЕВ,
мухбири «Овози тоҷик». 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: